Таърихи ибтидои асрҳои миёна аз асри III то асри VIII
Таърихи ибтидои аерхои миёна аз асри III то асри VIII милодро дар бар мегирад. Дар таърихи халки точики ин даврахо дигаргунихои мухими сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангй ба амал омадаанд.
1. Аввалан, дар ин давра чомеаи гуломдорй ба чомеаи дехконй (феодалй) иваз мешавад. Сабабаш он буд, ки дар тули мавчудияти бисёрасраи худ дар чомеаи гуломдорй номувофикихои зиёде дар сохтори иктисодй, ичтимой ва сиёсй ба вучуд омада, мукобили якдигар амал мекарданд ва бо мурури замон сохти навро ба вучуд оварданд. Сохти дехконй аз хар чихат нисбат ба гуломдорй бехтар ва пешкадамтар буд. Барой чй мо сохти дехконй мегуем? Дар таърихи замони Шуравй ин давра ва сохторро феодалй мегуфтанд. Вожаи феодалй аз забони лотинй гирифта шуда, маънояш дорандаи замин, об, пул, мол (чорво) ва гайра мебошад. Дар таърихи Аврупои FapoR (Олмон, Фаронса ва Англия) феодал гуфта дорандаи заминеро мегуфтанд, ки ба хизматчиён, хусусан харбиён тухфа мешуд ва он меросй аз наел ба наел мегузашт.
Мардуми точик ориёихо дар ибтидои аерхои миёна дехкон гуфта, табакаи заминдорон, давлатмандони бузургро меномиданд. Дехконон дорандаи замини зиёд, дехахо, рамаи чорпоён ва обу конхо буданд. Дехахо бо одамонаш дар ихтиёри дехкон буданд ва ба манфиати он кор мекарданд. Яъне дехконй ибтидои аерхои миёна мафхуми пурраи вожаи феодалй аврупоиро ифода мекунад. Калимаи дехкон ба маънои ашроф, ориёнажод, шохзода, точик низ истифода шудааст. Масалан, устод Фирдавсй мегуяд:
Зи гуфтори дехкон кунун достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон.
Дар ин миераъхо дехкон ба маънои этникй — халк, миллат ва точик омадааст. Яъне достон аз таърихи шохон дар назар дошта шудааст.
Хамин тавр, мо ба чои вожаи феодалй аврупой калимаи дар забони точикй маълум — дехконро истифода мекунем. Дар ивази вожаи дехконй кунунй калимаи кишоварз истифода мешавад.
Дар таърихи Аврупо (дар Рим) сохти гуломдорй дар асри V милод бар асари шуришхои бисёрасра ва хучуми кабилахои гуногун аз шарку шимол бархам хурд. 2. Дар Точикзамин (Ориёзамин) сохти гуломдорй дар натичаи суст шудани хукумати марказй ва аз итоати вай 3 баромадани вилоятхо ва мустакдл шудани онхо бархам хурд. Яъне вилоятхои бузург охнста-охиста аз итоати хукумати марказй баромада, худро мусгакил эълон карда, сабаби бархам хурдани давлати гуломдории Портхо — Ашкониён дар Точикзамини Гарбй шуданд. Дар вилоятхои чудошуда гуломон озод буданд, куввахои асосии истехсолиро кишоварзони озод ташкил менамуданд. Х,амин тавр, дар таърихи мо бо рохи осоишта аз асри III мил од сохти гуломдорй ба дехконй иваз шудааст.
Дар Точикзамини Шаркй, ки ба он вилоятхои Фаргона, Хдфтруд, Кошгару (Кашгар) Хутан, Зобулу Кобул, Чоч, Истаравшан, Сугд, Бохтар ва Хоразм дохил мешуданд, дар асри II пеш аз милод ба чои давлати гуломдории Юнону Бохтар давлати Кушониён баркарор гардид. Кушониён аз кучиёни озоди сахронавард иборат буданд ва ба сохти гуломдорй хеле кам ошно буданд. Замин дар дасти кишоварзони озод буд ва дар дохили давлати Кушониён сохтори кишоварзони озод охистаохиста аз унсурхои гуломдории классикй дур шуда, ба чомеаи дехдонй-феодалй мегузарад. Бояд арз кард, ки шакли гуломдории классикии Рим ва Юнон дар Ориёзамин набуд ва юнониён онро чорй карда натавонистанд.
Х,амин тавр, дар асри III милод сохти гуломдорй, дар натичаи инкишофи куввахои истехсолй ва номутобик шудани сохти ичтимой, ба дехконй иваз мешавад. Ин яке аз хусусиятхои таърихи халкхои Шарк, аз чумла точикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бештари халкхои чахон сохти чомеаи гуломдориро аз cap нагузаронидаанд. Онхо бевосита аз чомеаи ибтидой ба чомеаи синфй — дехконй-феодалй гузаштаанд. Сохтори чамъияти гуломдориро танхо халкхои кадимтарини чахон: мисриёни кадим, бобулиён, юнониён, румиён ва точикон-эрониён аз cap гузаронида, дар тамаддуни башарй хиссагузорй кардаанд. Бисёр халкхои Африко (сиёхпустон) ва Австралия аз сохти чомеаи ибтидой ба замони мо омадаанд. Инак, халки точик дар Осиёи Марказй ягона халкест, ки сохторхои ичтимоии чомеаи ибтидой, гуломдорй ва дехкониро (феодалй) аз cap гузаронида, ба тамаддун ва фарханги Осиёи Марказй ва чахон хиссагузорй кардааст. Яке аз хусусиятхои чомеаи дехконй он аст, ки намудхои гуногуни заминдорй пайдо мешаванд. Дехкон охиста-охиста сохиби заминхо ва дехахо шуда, мардум ба у ба сифати муздур кор мекарданд. Аз вижагихои таърихии халкхои ориёнажод яке он аст, ки дар ин давра ба ивази номи ориёй этноними точик пайдо мешавад. Х,амаи халкхои форсизабон точик ном доранд. 4 Дар натичаи истилои араб точикон истикдолияти худро аз даст медиханд. Тамоми Точикзамин ба дасти тозиён гирифтор мегардад. Ба чои дини ачдодии мо — маздаясно ислом чорй мешавад. Ба забони точикй-форсй ба воситаи дини ислом вожахои арабй ворид мешаванд. Шогирдони синфи 6 ба омухтани таърихи аерхои III—VIII милодии халку ватани худ шуруъ менамоянд.
Дар ин давра дар Точикзамини Ғарбӣ империяи бузурги дудмони Сосониён аз асри III хукм ронда, дар таърихи халку ватани мо накдш мухими сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангй доштааст. Масалан, дар замони Сосониён китоби мукаддаси Авесто, ки дар замони Искандари Макдунй сузонида шуда буд, дар асоси дафтархои бокимонда ва аз дахони мубадон китобат мешавад. Сосониён худро ворисони империяи бузурги Хдхоманишихо мехисобиданд ва барои ободонй ва рушди таъриху фарханг корхои зиёде анчом медоданд. Онхо аз худ осори зиёди хаттй, меъморй ва моддй мерос гузоштанд, ки мо дар асоси омухтани онхо таърихи замони Сосониёнро баркарор менамоем. Замони Сосониён замони шукуфоии илму фарханг ва тамаддуни миллии мо буд.
Дар кисмати Точикзамини Шаркй ба чои давлати бузурги Кушониён дудмони Хдйтолиён сари кудрат меояд. Сохти давлатдории точикони шаркй — Кушониён ва баъдтар Хдйтолиён нисбат ба Сосониён содатар буд. Х,ам Кушониён ва хам Х,айтолиён аз кучиёни туронй буданд ва аз чихати фархангу тамаддун нисбат ба Сосониён як дарача паст меистоданд. Аммо дудмонхои кушонй ва хайтолй сарзаминхои Сугд, Бохтар, Хоразм, Фаргона ва гайраро ба тасарруф дароварда буданд, ки аз кадимулайём марказхои фархангии ориёнажодон ба хисоб мерафтанд. Сугд, Хоразм, Бохтар хату алифбои худро доштанд, ки аз хату алифбои пахлавй-сосонй андаке фарк мекард. Аммо дину ойин, фарханг, сохтори давлативу ичтимоии хамаи точикон аз Халичи Форс то марзи Чин кариб як хел буд. Авесто барои хдмаи точикон китоби мукаддаси мазхдбй хисоб мешуд. Дар таърихи халки точики замони Шуравй дар бораи хоразмиён, сугдихо ва бохтарихо чунин маълумот овардаанд, ки гуё хар кадоми онхо халки алохида буд, аммо ин тавр нест. Вожахои Хоразм, Сугд ва Бохтар номхои чугрофй мебошанд ва этноним шуда наметавонанд. Номи этникии хамаи халкхои зикршуда дар гузашта ориёй ва минбаъд тоник аст.