Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
Хусусияти муҳими тиҷорати байналхалқӣ нисбат ба тиҷорати дохилӣ дар он зоҳир мегардад, ки ба он воҳидҳои пулии гуногун, яъне асъори кишварҳои гуногун хизмат мерасонанд. Дар ин ҳолат ҳар як давлат талаб менамояд, ки дар ҳудуди он ҳисоббаробаркуниҳо фақат бо асъори миллӣ амалӣ гардонида шаванд. Фақат бо ин асъор андозҳои пардохташаван даи даромади фирмаҳо муайян карда мешаванд. Барои ҳамин тиҷорати байналхалқӣ доимо ҳалли масъалаҳои зеринро талаб менамояд:
1) Ташкили хариду фурӯши молҳои худӣ;
2) Таъминнокии асъории амалиёти тиҷоратӣ.
Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар ҳамаи давлатҳо барои инки
шофи тиҷорати байналхалқӣ манфиатдор бошанд, пас, барои чӣ чунин монеаҳои асъорӣ дар роҳи савдои байналхалқӣ ташкил карда мешаванд? Дар иртибот бо ин якчанд сабабро қайд кардан мумкин аст:
1) Мавҷудияти асъори миллӣ барои давлат дарёфти воситаҳоро ба- рои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ осон мегардонад;
2) Мавҷудияти асъори миллӣ барои давлат имконият медиҳад, ки иқтисодиёти мамлакатро идора намояд;
3) Асъори миллӣ истиқлолияти пурраи мамлакат ва робитаи му- тақобилаи онро бо дигар мамлакатҳо таъмин менамояд;
4) Мавҷудияти асъори миллӣ роҳи беқурбшавии асъорро мегирад.
Барои амалӣ гардонидан дар шароити мавҷудияти асъори гуногун инсоният механизми ҳисобаробаркуниҳои тарафайнро байни шаҳрван дон ва фирмаҳои давлатҳои гуногун ташкил намудааст. Одатан онро бо зори асъор меноманд.
Асоси ин механизм таносуби мубодилаи асъор – қурби асъор мебо шад, ки нархи асъори миллиро нишон медиҳад.
Қурби асъор яке аз унсурҳои асосии асъор мебошад ва ба бисёр ра вандҳои макроиқтисодии дар мамлакат ҷойдошта таъсири калон ме расонад. Бо ёрии қурби асъор нархи молҳо ва хизматрасониҳои дар мамлакатҳои гуногун истеҳсолшуда муқоиса карда мешавад. Сатхи қур би асъор аз рақобатнокии молҳои миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот ва воридот вобаста аст. Пуё (динамика)и қурби асъор, сатҳ ва суръати пасту баландшавии он нишондиҳандаҳои устувории иқтисоди мамлакат мебошад.
Қурби асъор «нарх»и воҳиди пулии як мамлакат буда, дар во ҳидҳои пулии хориҷӣ ифода ёфтааст. Ин нарх вобаста ба он ки кадом асъор ба сифати воҳиди ҳисобкунӣ қабул мешавад, метавонад гуногун ифода шавад.
Муайян кардани қурби воҳиди пули миллӣ дар асъори хориҷӣ нарх гузории асъор номида мешавад. Дар мамлакатҳои ҷаҳон намудҳои зери ни нархгузорӣ истифода мешавад:
– нархгузории мустақим, вақте ки воҳиди асъори миллӣ ба воситаи миқдори муайяни воҳидҳои асъори хориҷӣ муайян карда мешаванд;
– нархгузории ғайримустақим, вақте ки воҳиди асъори хоричӣ ба воситаи миқдори муайяни воҳидҳои асъорҳои миллӣ муайян мешавад;
– нархгузории дуҷониба, вақте ки қурби ду асъор ба воситаи қурби онҳо нисбат ба асъори сеюм (масалан, ба доллари ИМА) муайян карда мешавад. Ин намуд ба мақсади хисоби қурби асъори миллӣ дар аксария ти мамлакатҳои ҷаҳон истифода мегардад.
Дар низоми асъор мафхуми паритет (таносуб)и асъор фарқ карда мешавад. Ин таносуби байни ду асъор аст, ки дар асоси қонунӣ муай ян карда мешавад. Бар хилофи паритети асъор қурби асъор метавонад дар асоси талабот ва таклифот муайян гардад. Вале асоси арзиши қурби асъор қобилияти харидории асъор мебошад.
Доираи махсуси муносибатҳои бозорӣ, ки ба сифати объекти доду гирифти сармояи пулӣ хизмат мекунад, бозорҳои чаҳонии асъорро таш кил мекунад. Ин бозорҳо дар заминаи ташаккули муносибатҳои иқти содии байналхалқӣ баркарор гаштаанд. Бозори ҷаҳонии асъор шабакаи глобалии электронии мамлакатҳои ҷаҳон мебошад, ки дар он хариду фурӯши асъор барои таъмини савдои байналхалқӣ, гардиши пардохт ҳои байналхалқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои пулии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии мамлакатҳои гуногун ва инчунин, гирифтани фоида гузаронида мешавад.
Бозорҳои асъор аз ду нуқтаи назар омӯхта мешаванд:
Аз нуктаи назари функсионалӣ – бозори асъор доираи муносибат ҳои иқтисодиест, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт оид ба хариду фурӯ ши асъори миллӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меояд.
Аз нуктаи назари институтсионалӣ бозори асъор, ин маҷмӯи бонкҳо, муассисаҳои маҳсуси молиявию қарзӣ, биржаҳои фондӣ, шабакаҳои муосири алоқа ва инчунин, марказҳои расмие мебошанд, ки дар онҳо 174
хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба миллӣ аз рӯи қурби дар заминаи тала бот ва таклифот барқароргашта гузаронида мешавад.
Бозори асъор дар тобеияти қонунҳои рақобат қарор дорад. Ба раф тори иштирокчиёни он хоҳиши ноил гаштан ба фоидаи баланд бо назар дошти фарқият дар қурби асъор таъсир мерасонад. Бузургии фоида дар бозори асъор аз баҳисобгирии доираи васеи хавфҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ вобаста аст.
Бозорҳои миллии асъор, ки ба ҳаракати маблағҳои пулии дохили мамлакат хизмат мекунанд, ба бозори ҷаҳонии асъор пайваст мебошанд ва дар онҳо амалиёти асъорӣ ва ҳисоббаробаркуние гузаронида меша вад, ки ба ҳаракати байналхалқии молҳо, хизматрасониҳо ва сармояҳо вобастаанд. Бозори ҷаҳонии асъор, ки аз душанбе то ҷумъа шабонарӯзӣ амал мекунад, бозорҳои миллии асъорро бо ёрии воситаҳои муосири коммуникатсия, ба монанди телефон, телеграф, телекс, шабакаҳои ком пютерӣ пайваст мекунад.
Бозорҳои муосири ҷаҳонии асъор бо хусусиятҳои асосии зерин тав сиф дода мешаванд:
1) Байналмилалишавии бозорҳои асъорӣ дар заминаи байналми лалишавии робитаҳои хоҷагӣ, истифодаи васеи воситаҳои электронии алоқа ва гузаронидани амалиёт ва ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи онҳо.
2) Пай дар пай дар давоми шабонарӯз дар ҳамаи қисмҳои ҷаҳон гуза ронидани амалиёти асъорӣ.
3) Пешбурди амалиёт дар бозорҳои асъор бо назардошти мин тақаҳои соатӣ аз меридиани сифрӣ, ки аз Гринвич – Greenwich Meridian Time (GMT) мегузарад, аз Зеландияи Нав (Веллингтон) оғоз шуда, пай васта ба воситаи минтақаҳои соатӣ аз Сидней, Токио, Гонконг, Сингапур, Москва, Франкфурти соҳили Майна, Лондон, НюЙорк ва ЛосАнҷелос гузаронида мешавад.
4) Техникаи пешбурди амалиёти асъорӣ якхела гардонида шудааст, ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз ҳисобҳои муросилотии бонкҳо гу заронида мешаванд.
5) Амалиёти ҳаннотӣ (спекулятивӣ) ва арбитражӣ аз амалиёти асъо рии ба муомилоти тиҷоратӣ вобаста хеле зиёд аст, теъдоди иштирокчиё ни онҳо якбора зиёд шуд ва на фақат бонкҳо ва ШФМ (ширкатҳои фаро милалӣ), балки дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ҳатто воқеиро дар бар мегирад.
6) Ноустувории қурби асъор, ки ба монанди молҳои махсуси биржа вист, тамоюлҳои аз омилҳои фундаменталии иқтисодӣ новобастаи худро дорад. Бозори ҷаҳонии асъор бозори пуриқтидор ва фаъол, аммо хеле дақиқ бо навигариҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад.
Намуди бозорҳои асъор. Вобаста ба ҳаҷм ва хислати амалиёти асъорӣ бозорҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз якдигар фарқ мекунанд. 175
Бозорҳои миллӣ ва минтақавии асъор додугирифтро ба маҷмӯи муайя ни асъори қобили табдили озод ва баъзе воҳидҳои маҳалии пардохт дар миқдори маҳдуд мегузаронанд, ҳол он ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ амалиёти якхела фақат бо асъори қобили табдили озод ва дар ҳаҷми хеле калон гузаронида мешавад. Ҳаҷми умумии амалиёти асъорӣ дар ин бозорҳо то ба 1,6–2 трлн. доллари ИМА ҳар рӯз мерасад.
Бозорҳои ҷаҳонии асъор дар Лондон, НюЙорк, Франкфурти соҳи ли Майна, Париж, Сюрих, Токио, Сянган, Сингапур, Баҳрайн барқарор гаштаанд. Ин бозорҳо марказҳои ҷаҳонии молиявиро ташкил карда, имрӯз дар ҷаҳон нуфузи махсусро доро мебошанд.
Вобаста ба муҳлати гузаронидани амалиёти асъорӣ фарқ мекунанд: бозори «спот» (spot) ё ин ки бозори таҳвили фаврии асъор дар давоми ду рӯзи корӣ, яъне ҳисоббаробаркунӣ вобаста ба хариду фурӯши асъор ба таври фаврӣ гузаронида мешавад; бозори муҳлатнок (форвардӣ)-и асъор, ки дар он ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи шартнома, баъд аз муҳлати муайяни вақт (дар оянда) бо истифодаи қарордодҳои муҳлатнок оид ба хариди асъор гузаронида мешавад.
Дар сохтори бозори асъор бахшҳои муайян ҷудо карда мешаванд, ки миқёси амалиёти асъориро муайян мекунанд. Бахши аз ҳама инки шофёфтаи бозори асъор бозори байнибонкӣ (то 90%и ҳаҷми муомила) мебошад, ки ба бозори мустақим ва брокерӣ (наздик 30% и амалиёти асъорӣ) тақсим мешавад. Бахшҳои дигари бозори асъор бозори биржавӣ (тахминан 910%и ҳаҷми муомила) ва мизоҷон мебошад, ки ба он 1%и маблағи пардохтҳо мувофиқ меояд.
Вазифаҳои бозорҳои асъор. Бозорҳои муосири асъор вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
1) Хизматрасонии асъорию қарзӣ ва ҳисоббаробаркунӣ оид ба ама лиёти содироту воридот ва инчунин сармоягузории хориҷӣ;
2) Диверсификатсиякунонии (барқароршавии дороиҳо дар асъо ри гуногуни устувор) захираҳои асъории бонкҳо, корхонаҳо, давлат ва субъектҳои дигари муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ;
3) Танзимнамоии қурби асъор (бозорӣ ва давлатӣ) барои ҳалли ма съалаҳои гуногуни макроиқтисодӣ;
4) Суғуртаи (хеджирование) хавфҳои асъорӣ. Дар вақти суғуртакунӣ иштирокчиёни бозор кам кардани хавфи ба пасту баландшавии қурби асъор вобастаро, ки ба сармояи онҳо таъсири манфӣ расонида метаво над, дар назар дошта, кӯшиш мекунанд, ки аз уҳдадориҳои соф дар асъо ри хориҷӣ озод бошанд, яъне тавозуни байни талабот ва уҳдадороиҳоро дар ин асъор таъмин намоянд;
5) Пешбурди амалиёти асъории ҳаннотӣ бо истифода аз таъсир расонӣ ба тағйир додани қурби асъор ба мақсади гирифтани фоида. 176
Иштирокчиёни ин бозор, ки хоҳиши гирифтани бурди баланд аз муоми лоти асъор доранд, ба тафовути байни меъёри фоиз дар бозори миллӣ ва хориҷии асъор ва инчунин ба тағйироти пешбинишавандаи қурби асъор вобастаанд.
Саҳмдорони асосии бозори ҷаҳонии асъор. Сатҳи инкишоф ва ҳаҷми бозори асъор ба ҳайати саҳмдорони он, сатҳи иштирок ва миқ дори амалиёт вобаста аст. Саҳмдорони бозори асъор бонкҳои тиҷоратӣ ва марказӣ, биржаҳои асъор, агентии брокерӣ, ширкатҳои байналхалкӣ мебошанд.
Бонкҳои тиҷоратӣ на фақат ҷузвдони худро аз ҳисоби дороиҳои хо риҷӣ диверсификатсия мекунанд, балки муомилоти асъориро аз номи ширкатҳои ба бозорҳои хориҷӣ ба сифати содиркунанда ва воридкунан да шомилшуда мегузаронанд.
Мувофиқи қонунҳои миллии бонкӣ ё ин ки асъорӣ, бонкҳои тиҷо ратӣ амалиёти байналхалқӣ ва муомилаи асъориро дар сурати гириф тани иҷозатномаи махсус (литсензия) гузаронида метавонанд. Бонкҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиёти асъорӣ дода шудааст, бонкҳои намояндагӣ, девизӣ ё ин ки асъорӣ номида мешаванд. На ҳамаи бонкҳо иҷозати пешбурди амалиёти асъор гирифта, дар сатҳи баробар дар ама лиёти бозори асъор иштирок менамоянд. Вусъати бонк, шуҳрати бонк, дараҷаи ташаккули шабакаю шуъбаҳо ва филиалҳои хориҷӣ, ҳаҷми ҳи соббаробаркунии байналхалқии ба воситаи бонк амалишаванда омилҳое мебошанд, ки нақши онро дар бозорҳои асъор муайян мекунанд. Нақши муайянро маҳдудиятҳои асъорӣ (даврӣ)и вақтвақт такроршаванда, вазъи алоқаи телексӣ ва телефонӣ дар маҳалҳои ҷойгиршудаи бонк иҷро мекунад. Бинобар ин хаҷми зиёди амалиёти асъориро ҳиссаи бонкҳои фаромилалӣ (БФМ): Citi Bank, Chase Manhattan Bank, Deutsche Bank, Dresden Bank, Barclays Bank, Union Bank of Switzerland, Sumitomo Bank, Mitsubishi Bank, ABN Amro ва дигарҳо ташкил менамоянд. Ин бонкҳо мубодилаи асъорро дар ҳаҷми хеле калон (100–500 млн. долл.) мегуза ронанд, ҳол он ки мубодилаи стандартӣ аз 1 то 10 млн. долл. мебошад ва ба вазъи бозори асъор таъсири зиёд расонида, дар гузаронидани му бодилаи фоидаовар бартарияти рақобатӣ дорад. Онҳо дорои шабакаҳои шуъбаи хориҷӣ буда, шабонарӯзӣ амалиёти асъориро муттасил ба воси таи шуъбаҳои хориҷии худ мегузаронанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бонки тиҷоратӣ иҷозатномаи пешбурди амалиёти асъорӣ доранд ва онҳо дар бозори байнибонкии асъор иштирок менамоянд. Дар қатори онҳо ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», БДА «Амонатбонк», ҶСК Бонки Эсхата ва дигарҳо мебошанд.
Бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар бозори асъор иштирок намуда, за хираҳои асъориро идора мекунанд, қурби асъори миллиро дастгирӣ менамояд, мудохилаи асъорӣ мегузаронанд ва инчунин меъёри фоизи маблағгузориро дар асъори миллӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт тан зим менамояд.
Бонкҳои марказӣ дар танзими бозори миллии асъор, хусусан дар мамлакатҳои иқтисодиёти давраи гузариш нақши хеле калон мебо занд. Вазифаи асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи сиёсати асъор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мебошад, ки он то андозае бо роҳи иштирок ва фаъолияти бонк дар бозори асъор ба амал бароварда мешавад.
Саҳмдорони нави бозори асъор ташкилотҳои хислати ғайрибонки дошта (фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ) ме бошанд, ки идораи диверсификатсионии ҷузвдони дороиҳоро бо ҷой гирнамоии асъор дар коғазҳои қиматноки бозоргир ва эътимодноки ширкатҳои гуногун таъмин карда истодаанд.
Аз ҳама зиёдтар фонди «Quantum»и Ҷорҷ Сорос, фонди «Dean Wittek», хедҷфонди байналхалқии «LongТеrm Capital Management» шуҳрати баланд доранд. Дар шароити либерализатсияи бозорҳои асъор пайдоиши онҳо ба зарурати суғуртаи хавфҳои зиёдшудаи асъорӣ ва қарзӣ вобаста аст. Дар таъсиси онҳо одатан бонкҳои фаромилалӣ ва фондҳои сармоягузорӣ иштирок мекунанд. Бинобар ин дар хедҷфон дҳо маблағҳои хеле калон ҷамъ мешаванд, ки на фақат суғуртаи хавфҳо, балки бастани қарордодҳои ҳаннотии калонро имконпазир мегардо нанд, ки қобилияти паст кардани қурби асъори мамлакатҳои начандон калонро доранд.
Дар сохтори ташкилии бозори асъор фирмаи брокерӣ мавқеи махсус дорад, ки ба воситаи он тахминан 30%и амалиёти асъорӣ (дар бозори Лондон – 35%) гузаронида мешавад. Фирмаи брокерӣ вазифаи миёна равро дар байни фурӯшандагон ва харидорони асъор иҷро менамояд. Ширкатҳои брокерӣ барои миёнаравӣ маблағи комиссионӣ меситонанд (то 20 долл. ИМА ба ҳар як миллион доллари харидшуда ё ин ки фурӯх ташуда ва ё эквиваленти он). Бо ташаккули воситаҳои электроннии алоқаи байнибонкӣ ва такмилёбии муомилоти асъор (Рейтердилинг, Телерейт) нақши ширкатҳои брокерӣ дар бозори байнибонкӣ паст шуд, гарчанде онҳо нақши муҳимро дар амалиёти шахсони хусусӣ ва шир катҳои начандон калон иҷро карда истодаанд.
Мавқеи асосиро дар байни ширкатҳои брокерӣдилерӣ «Меррил Линч» (Merrill Lynch Pierce Fenner & Smith), И. Ф. Хаттон (E. F. Hutton), «Голдман Сакс» (Goldman Sachs), «Морган Стэнли» (Morgan Stanly) ишғол менамоянд.
Аз нуқтаи назари ташкилӣ биржаҳои асъорӣ низ саҳмдорони бозори асъор мебошанд. Аммо дар солҳои охир онҳо дар бозори асъор нақши хеле ночиз мебозанд. Онҳо фақат дар баъзе мамлакатҳо (ҶФО, Фаронса, Япония, мамлакатҳои Бенилюкс, Скандинавия) боқӣ монда амал меку нанд ва вазифаи асосияшон аз ташкили тиҷорати асъор, ҷалби захираҳо (ресурсҳо)и озод, сабти қурби маълумотии асъор иборат аст.