Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
Аз шанбегиҳои коммунистӣ ба мусобиқаи меҳнатӣ. Синфи коргари тоҷик ҳоло дар ибтидои Ҳокимияти Шӯравӣ ба мусобиқаи меҳнатӣ шинос буд. Ин мусобиқа, ки дар намуди шанбегиҳои коммунистӣ бо ташаббуси коргарони пешқадам дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрванди (соли 1919) ва минбаъд гузаронида мешуд, дар тарбияи коргарон дар истеҳсолоти ҷамъиятии сотсиалистӣ саҳми босазое гузошта буд. Маҳз дар солҳои 1919-1928 мусобиқаи фаъоли синфи коргар муносибати меҳнатии синфи коргар ва истеҳсолотро тағйир додан гирифт. Мусобиқа дар солҳои 30-юм ба меҳнати софдилона, самаранок ва муносибати нави ҷамъиятӣ табдил ёфт. Сабаби асосии ин табдилёбӣ аввалан, табдилёбии худи истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ буд. Коргарони шӯравӣ ба натиҷаи меҳнати худ ҳавасманд буданд, чунки ин натиҷа на фақат ба маоши онҳо, балки тамоми зиндагиашон таъсири мусбат мерасонд. Дар ташкили чунин мусобиқа машваратҳои истеҳсолии коргарон роли калон бозиданд. Барои хуб кор кардан, ҳарчи бисёр истеҳсол кардан, сарфа намудани вақт ва истифодаи самараноки вақту таҷҳизот як ҳаракати оммавие сар шуд, ки бо номи мусобиқаи сотсиалистӣ машҳур гардид. Коргарон дар ин мусобиқаи сотсиалистӣ иштирок намуда, бо идора кардани истеҳсолот шинос мешуданд. Баробари шиносоӣ дар онҳо ҳисси масъулият барои кори муассиса ва муносибати ғамхорона ба он ташаккул меёфт. Дар машваратҳои истеҳсолии коргарон ҳам ташаббуси нави пешқадамони истеҳсолот муҳокима гардида, дастраси оммаи васеи коргарон гардонида мешуд. Мусобиқа ҳосилнокии меҳнатро баланд ва нишондиҳандаҳои сифатии корро беҳтар мегардонд.
Мусобиқаи сотсиалистӣ маҳсули давраи саноатикунонӣ набуд. Ин мусобиқа ҳоло дар давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ барои сарфаи маҳсулот, қувваи барқ, олоту анҷом сар шуда буд ва натиҷаҳои хуб ҳам дода буд. Акнун дар солҳои саноатикунонӣ шаклу усулҳои нави мусобиқаи сотсиалистӣ ба миён омада истода буданд, ки тамоми коргаронро фаро мегирифтанд, чунки натиҷаи ин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳо нигаронида шуда буд.
Шаклҳои мусобиқа. Мусобиқа байни коргарон оммавитарин шакли мусобиқа буда, байни коргарон дар звено, участка, сех, фабрика, завод, комбинат ва дар алоҳидагӣ гузаронда мешуд. Ҳар як мусобиқакунанда уҳдадорӣ мегирифт, ки чӣ кори иловагие ғайр аз кори асосиаш иҷро намояд, то ки сабабгори зиёдшавии маҳсули меҳнаташ гардад. Ин ё дар шумора ё дар сифат ё дар арзиши асосии маҳсулот зоҳир мегардид.
Мусобиқа байни сехҳо. Ин шакли мусобиқа байни коргарони сехҳои алоҳидаи корхона гузаронда мешуд. Агар сехҳо як раванди корро ташкил медоданд, шартҳои шартнома ҳам якхела (ҳам дар шумора ва ҳам дар сифат) мешуданд. Агар сехҳо тахассуси ҳархела дошта бошанд, шартҳои шартнома одатан дар фоиз муқаррар мегардид.
Мусобиқа байни фабрикаю заводҳо. Дар ин шакли мусобиқа коргарони фабрикаю заводҳо (фабрика бо фабрика, завод бо завод) мусобиқа карда, шартҳои мусобиқа дар фоиз муқаррар карда мешуд.
Ин се навъи мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ), мусобиқаи вилоятӣ, кишварӣ ва ҷумҳуриявӣ буданд. Боз мусобиқа байни коргарони корхонаҳои ҳамтипи иттифоқӣ ҳам буд, яъне коргарони як соҳаи саноати ҷумҳурӣ коргарони ҳамкасби худро дар ҷумҳуриҳои дигар ба мусобиқа даъват мекарданд. Дар ҳама ҳолат тарафҳои мусобиқакунанда шартнома имзо мекарданд. Қарордодҳои шартнома аз тарафи комиссияи махсус назорату тафтиш карда мешуд ва ҷамъбаст мегардид. Натиҷаи ҷамъбасти онҳоро дар маҷлиси якҷоя ё ба намояндагони тарафҳо эълон менамуданд.
Мусобиқаи меҳнатӣ ҳоло дар ибтидои ташкилаш камбудиҳо дошт. Заминаи асосии ин камбудӣ аз надоштани таҷрибаи ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо иборат буд. Аз ин рӯ, дар ибтидо баъди бастани қарордод рафти иҷрои онро ба ҳоли худ гузошта, ҳеҷ кас ба он масъулияти шахсӣ ҳис накард. Баъдтар ба хулосае омаданд, ки барои роҳбарӣ ба мусобиқа ситод лозим аст. Аз соли 1929 сар карда дар ҷумҳурӣ амали ситоди роҳбарии мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ) оғоз ёфт. Масъалаҳои ташкилӣ, усул, роҳбарӣ ва беҳтар гардонидани ташаббускории коргарон дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ (маъмурияти сех, корхона, вазорат ва ҷумҳурӣ) борҳо муҳокима шуда буданд. Мусобиқа шаклҳои нав гирифт. Ҳаракати стахановчигӣ, изотовчигӣ ва даҳҳо номҳои дигаре ҳастанд, ки дар солҳои панҷсолаи дуюм ба мусобиқаи меҳнатӣ шӯҳрати нав бахшида буданд. Ҳарчанд дар ин раванд баъзе сохтакориҳои ҷузъӣ вуҷуд дошт, вале барои кулли коргарони мамлакат ин ташаббус навоварӣ, меҳнати содиқона барои худу ватани сотсиалистиашон буд.
Мусобиқаи меҳнатӣ дар саноат. Мусобиқаи меҳнатӣ хоси ҳамаи давраҳои инкишофи ҷамъият буд ва ҳаст. Одамон дар ҳама соҳаи ҳаёту ҷамъияташон ботинан бо ҳамдигар мусобиқа доштанд ва ин мусобиқаро дар солҳои 30-юми асри ХХ Ҳокимияти Шӯравӣ ба арсаи сиёсӣ баровард. Мақсади асосии ташкили ин мусобиқа тарбияи меҳнатӣ, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи меҳнатии коргарон, эстетикаи меҳнат, ёд додани таҷрибаи пешқадам, омӯзонидани техника, омӯзонидани бисёрихтисосӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, маоши синфи коргар ва ғайраҳо буданд, яъне ташкили мусобиқа ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳатто сиёсӣ дошт.
Мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ) аз соли 1935 сар карда, характери умумихалқиро гирифта, бо номи «Ҳаракати стахановӣ» машҳур гардид. Алексей Стаханов – ангишткани Донбасс вазифаи ҳаррӯзаи худро дар як баст то 14 баробар иҷро мекардагӣ шуд ва дар СССР (ИҶШС) тарафдорону пайравони зиёде пайдо кард. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон пайравони ӯ дар конҳои Консой Умурзоқов, Муратов, Масленников, дар Шӯроб Назаршо Назаршоев, Қаландар Тошбеков, дар заводи механикии Душанбе Богомолов, дар чоҳҳои нефти “КИМ” Лягаев ва Кузнетсов, дар депои Душанбе машинист Максимов, дар комбинати шоҳибофии Хуҷанд Бисоро Мараҷабова, Назокат Шокирова, Алибоева, Устобоева, дар заводи пахтаи Душанбе К. Яъқубов, К. Норматов, И. Додобоев ва садҳо дигарон буданд, ки нақшаҳои худро дар як баст 5-14 баробар зиёд иҷро карда буданд. Дар ҳаракати стахановчигии солҳои 30-юм 100% синфи коргари тоҷик иштирок дошт. 60%-и иштирокчиён унвони стахановчиро гирифта буданд. Барои ба ин ном сазовор шудан коргар мебоист супориши солонаи худро барзиёд иҷро мекард. Дар комбинати шоҳибофии Хуҷанд соли 1936 514 стахановчӣ кор мекарданд. Стахановчиён ҷамъомаду маҷлисҳо ва машваратҳои зиёде гузаронида, таҷрибаи худро дастраси умум мегардониданд. Ҳатто ба участкаҳои қафомонда гузашта онҳоро ба пешқадамон баробар мекарданд. Мусобиқаи меҳнатии солҳои 30-юм на шиор, балки ҳаёти воқеии синфи коргар буд. Муносибатҳои истеҳсолии сотсиализм саноати солҳои 30-юмро мустаҳкам ва устувор намуд.
Масъалаҳои иҷтимоии синфи коргар. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии синфи коргар ба ғайр аз тайёр кардани ҷойи кор боз ба чандин масъалаҳои дигар — баланд бардоштани дараҷаи фарҳангию-техникии коргарон, баланд шудани шуурнокии сиёсӣ ва фаъолгардии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ, беҳ гардидани вазъияти моддии коргарон ва ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтани амалигардонии ин масъалаҳо вобаста буд.
Масъалаи ба вуҷуд овардани ҷойи кору бо коргарони касбӣ таъмин намудани истеҳсолот, сиёсати давлатие буд, ки дар тамоми давраи саноатикунонӣ давом кард. Дар тамоми солҳои 1928 — 1938 барои саноати Тоҷикистон 15 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Акнун вазифа меистод, ки дараҷаи моддию техникии онҳо баланд бардошта шавад. Барои ин пеш аз ҳама бесаводиро дар байни коргарон барҳам додан лозим буд. Аз соли 1930 вазоратҳои дахлдори соҳаҳои саноат бо Вазорати маориф шартномаҳо имзо намуда, ба кушодани мактабу курсҳои маҳви бесаводии коргарон сар карданд. Дар солҳои 1929-1932 зиёда аз 20000 коргар мактабу курсҳои маҳви бесаводиро хатм карда буданд. Саводнокӣ ва маърифатнокӣ синфи коргарро ба баланд бардоштани малакаи касбиаш водор кард. Вай ба маҳфилҳои гуногуни техникӣ рафт. Ҳаракат барои аз худ кардани минимуми техникӣ ду дараҷа дошт. Дараҷаи якум барои коргарони нав ба кор омада ва дараҷаи дуюм барои коргарони дар истеҳсолот кор карда истода муқаррар шуда буд. Минимуми дараҷаи дуюм донишу малакаи зиёдеро талаб мекард. Коргароне, ки ба дараҷаи дуюм имтиҳон месупориданд, баъди вақти корӣ ба таври ҳатмӣ дар ҷамъияти махсуси “Барои аз худ кардани техника” мехонданд. Дар Душанбе ин ҷамъият 19 курси таълимӣ ва 57 маҳфил, дар Хуҷанд қариб 90 курсу маҳфил дошт. Зиёда аз 4,5 ҳ. нафар коргарон аъзои ин ҷамъият буданд. Ин буд, ки шумораи баъзе ихтисосҳо мисли ҳаррот, челонгар, пармагар, ронанда, трактористҳо дар ҷумҳурӣ 6,7 баробар зиёд гардид.
Луғат
1. Мусобиқаи истеҳсолӣ – як навъи ривоҷ додани кор ба воситаи мусобиқа, ки зодаи сотсиализм буд. Дар солҳои саноатикунонӣ ва коллективонӣ аввал ҳамчун ташаббус ба амал омад ва баъд ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта, бо номи мусобиқаи сотсиалистӣ машҳур гардид.
2. Мусобиқаи сотсиалистӣ – як навъ мусобиқаи меҳнатӣ – истеҳсолие буд, ки дар солҳои 30-юми асри ХХ дар СССР (ИҶШС) ташаккул ёфта, ба яке аз воситаҳои пешрафти истеҳсолот табдил ёфт. Авҷи баланди ин мусобиқа номи «стахановчигӣ»-ро гирифта буд, ки солҳои тӯлонӣ амал кард.
3. Стаханов – Стаханов Алексей Григоревич (1905-1977) навовари саноати истихроҷи ангишт. Дар як баст нақшаро то 14 баробар иҷро мекард. Ҳатто 19. 09. 1935 дар як баст (5 соату 45 дақиқа) 227 тонна ангишт канда буд, ки 29,9 баробари нақша буд.
4. Ҳаракати стахановӣ – ҳаракат ва ташаббуси меҳнатии солҳои 30-40 асри ХХ буд, ки мақсад аз он ҳосилнокии меҳнат ва навовариро дар истеҳсолот зиёд кардан буд.
5. Шанбегии коммунистӣ – як навъ кори ихтиёрӣ ва бемузди меҳнаткашони шӯравӣ дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ буд бо даъвати В.И.Ленин дар бораи беҳтар кардани кори роҳҳои оҳан 12.04.1919 дар депои Москва-сартировочнаяи роҳи оҳани Москва-Қазон пайдо шуда, ба шанбегиҳои умумироссиягӣ табдил ёфта буд. Ин ҳаракатро Ленин дар мақолааш “Ташаббуси бузург” хуб шарҳ додааст.
Саволҳо
1. Шаклҳои мусобиқаҳои меҳнатии солҳои 30-юми асри ХХро муайян кунед ва шарҳ диҳед?
2. Шанбегиҳои коммунистиро шарҳ диҳед?
3. Масъалаҳои синфи коргарро шарҳ диҳед?
4. Стахановчигӣ ва ҳаракати стахановиро шарҳ диҳед?
5. Стахановчиёни тоҷикистониро номбар кунед ва шарҳ диҳед.