• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ

84 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ

Дохилшавии ҷумҳурӣ ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ барои инкишо­ фи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташаккул ёфтани сохтори хоҷагии халқ ва иқтидори содиротии кишвар замина гузошт. Ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушд (СМР) барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардид. Мақсад аз амалигардонии онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ки ин ҳадафҳо то ба имрӯз давра ба давра иҷро гардида истодаанд. Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, вазифаи муҳимта­ рини давлат ба ҳисоб меравад.

Барои самаранок ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар дои­ раи СМР чунин афзалиятҳои миллӣ дар назар дошта шудаанд:

1) Ислоҳоти идоракунии давлатӣ, ки барои дар кишвар ташак­ кул додани низоми рушди миллӣ нигаронида шудааст ва хусусияти хоси он шаффофият, тобеияти ҳисоботдиҳӣ ва мубориза алайҳи фасод (кор­ рупсия) мебошад.

2) Рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояҳо, ки ба тавсеаи озо­ диҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳуқуқи моликият ва қонуният, рушди ҳамко­ риҳои давлат ва бахши хусусӣ асос ёфтааст.

3) Рушди неруи инсонӣ, ки асосан ба афзоиши ҳаҷм ва сифати хиз­ матрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар раванди инкишоф, таҳкими шарикии иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Ҳамгироӣ (интегратсия)­и иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ бо зарурати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқ­ тисодӣ ва баровардани иқтисод аз ҳолати тӯлонии буҳронӣ асоснок кар­ да мешавад. Дар тӯли солҳои сипаришудаи соҳибистиқлолии инкишоф иқтисодиёти Тоҷикистон давраи барқарорнамоиро аз сар гузаронида, рушд карда истодааст. Ҳамгироии он ба хоҷагии ҷаҳонӣ метавонад ба­ рои суръати баланди рушди устувори иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ шароит муҳайё намояд.

Бағоят хуб аст, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷи­ кистон ҳама гуна қадамҳои имконпазирро барои ҳалли масъалаҳои иҷ­ тимоию иқтисодӣ ва баровардани иқтисодиёти кишвар аз ҳолати буҳро­ нӣ дастгирӣ менамоянд.

Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва устувор гардонидани мавқеи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои иқтисо­ дии худро дар доираи гурӯҳҳои ҳамгиро (интегратсионӣ) ва созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳам­ кории Шанхай, ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), СУС (Созмони умумиҷаҳонии савдо) устувор гардонида истода, барои ҳимояи ман­ фиатҳои мамлакат, ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ, ҷорӣ на­ мудани низом ва механизмҳои устувори ҳамкориҳо талош карда исто­ даст. Истифодаи механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, инчунин низоми Созмонҳои умумиҷаҳонӣ барои манфиатҳои Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст.

Манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон дар иттиҳоди интегратси­ онӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар он таҷассум меёбанд, ки ҷумҳурӣ стра­ тегияи иқтисодии худро ба ҳалли чунин масъалаҳо равона мекунад:

– эҳё ва таъмини инкишофи устувори иқтисодӣ;

– тезонидани тараққиёти саноатии иқтисодиёт, амалинамоии боз- созии сохторӣ;

– таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва сармоя дар ҳудуди иқтисодиёти ИДМ;

– таъмини харакати озоди қувваи коргарӣ дар ҳудуди байнидавлатӣ; – нерубахшии иқтидори содиротӣ;
– табдилдиҳии Тоҷикистон аз минтақаи сарбаста ба минтақаи транзитӣ.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаю баргашта таъкид менамоянд: «Сиёсати хориҷии кишвари мо сиёсати дарҳои кушод буда, вазифаи он эҷоди шароити мусоиди байналмилалӣ ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори кишвар мебошад». Вобаста ба гуфта­ ҳои боло, ҳаминро кайд кардан зарур аст, ки то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷи­ кистон аз тарафи 110 кишвари дунё шинохта шуда, узви даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мебошад.

Дар ҳақиқат имрӯз дар арсаи дунё давлате нест, ки талаботи худро ба таври мутлақ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ, бидуни робита ва исти­ фодаи захираҳои иқтисодии умумибашарӣ қонеъ гардонида тавонад. Дар алоҳидагӣ бе истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолӣ, техни­ кию технологӣ, иттилоотӣ, ақлонӣ ва самаранокии захираҳои иқтисо­ дӣ ҳалли амалии масъалаҳои умдаи рӯз, яъне муосиргардонӣ (модерни­ затсия)­и саноат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таварруму бекорӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи хоҷагии ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар тақсимоти бай­ налхалқии меҳнат ва раванди ҳамгироӣ (интегратсионӣ) фаъолона иштирок карда истодааст.

Инкишофи имрӯзаи иқтисодиёти миллии моро бо таҳлили се ҳада­ фи асосии стратегии давлат маънидод кардан мумкин аст. Инҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъ­ мини амнияти озуқаворӣ мебошанд. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика таҷдиду бунёди неругоҳҳои барқию обии Норак, Роғун, «Сангтӯда­1», «Сангтӯда­2», Қайроққум, Сарбанд, Маркази барқу гармидиҳии Ду­ шанбе, хатти интиқоли барқи КАСА­1000 имкон медиҳанд, ки дар оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем. Бо мақсади аз бумбасти ко­ муникатсионӣ баровардани кишвар, алҳол дар саросари кишварамон – 1200 км роҳҳои мошингард; 14 км нақбҳо; 93 пул бунёд шуда исто­ даанд. Роҳҳои Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма–Қарақурум, Душанбе– Нуробод–Ҷиргатол–Саритош, Душанбе–Бӯстон–Чанақ, бунёди роҳи оҳани навбунёд Туркманистон–Афғонистон–Тоҷикистон муносибати моро бо давлатҳои ҳамсоя қавӣ мегардонад.

Дар ин замина барои афзун намудани гардиши савдои хориҷии кишвар 4 нуқтаи савдои наздисарҳадӣ, аз он ҷумла дар ВМКБ бозори наздисарҳадии «Тем»­и шаҳри Хоруғ, «Ишкошим»­и ноҳияи Ишкошим ва «Рузвай»­и ноҳияи Дарвоз, дар вилояти Суғд бозори наздисарҳадии «Дустӣ»­и шаҳри Исфара фаъолият доранд. Инчунин таъсиси мин­ тақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Ишкошими Бадахшон мувофиқи матлаб буда, дар онҳо рушди соҳаҳои саноати кор­ карди маҳсулоти нассоҷӣ, истеҳсоли маводи рӯзғор, техника ва қисмҳои эҳтиётӣ ва густариши фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.

Хусусияти асосии ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз он ибо­ рат аст, ки имтиёзҳои тиҷорати хоричӣ, яъне низоми махсуси тарифӣ ва боҷи гумрукӣ сабаби бештар озод гаштани амалиёти тиҷоратӣ ме­ гарданд. Андозҳои имтиёзнок шаклҳои гуногуни соҳибкориро ба вуҷуд оварда, боиси зиёд гаштани ҳавасмандии сармоягузорони ватанию хо­ риҷӣ мешаванд. Инчунин дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ инфрасохтори мукаммали муосир ба вуҷуд меояд, ки арзиши боркашониҳоро паст кар­ да, барои содироти маҳсулоти ватанӣ шароити мусоид ба вуҷуд меорад.

Ҳоло зиёда аз 75%­и аҳолии мамлакатамон дар деҳот зиндагӣ меку­ нанд ва аз ин теъдод 46% дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд. Мақса­ ди асосӣ дар соҳаи кишоварзӣ бештар истеҳсол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқавории ватанӣ ва кам кардани маҳсулоти озуқавории во­ ридотӣ дар бозори миллӣ мебошад. Раванди хусусигардонӣ дар деҳот ва ислоҳот дар ин самт барои ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз ба субъекти асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёф­ таанд. Таҷрибаи байналмилалӣ бартарияти хоҷагии деҳқониро ҳамчун шакли самараноки ташкили истеҳсолот дар сектори аграрӣ нишон дод.

Ҳалли муттасил ва оқилонаи масъалаҳои энергетикӣ, коммуникат­ сионӣ ва озуқаворӣ имкон медиҳанд, ки соҳаҳои воқеии иқтисоду саноа­ ти мамлакат сари вақт рушду нумуъ намоянд, арзиши боркашониҳо поён равад ва дар солҳои наздик бо ҷалби сармояи хориҷӣ объектҳои нави истеҳсолӣ бунёд гарданд.

Сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон бештар дар шакли сармоягузории мустақим бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштарак мегузоранд. Саҳми корхонаҳои дорои сармояи мустақими хо­ риҷӣ дар инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, алалхусус дар ташкили ҷой­ ҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлат назаррас аст.

Содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият бештар ба давлатҳои аврупоӣ рост меомад. Аз соли 2007 самти содирот тағйир ёфта, имрӯз алюминий, меваҳои хушку тар ва пахта бештар ба Чин, Эрон ва Туркия содир мешаванд. Аз ин бармеояд, ки ҷуғрофияи со­ дироти молии Тоҷикистон мунтазам тағйир ёфта, на танҳо ба давлатҳои Аврупо, балки ба мамлакатҳои Осиё низ доман густурдааст.

Дар воридоти маҳсулот ҳиссаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон назаррас буда, дар солҳои охир ҳиссаи дав­ латҳои Чин, Эрон ва Покистон афзоиш ёфта истодааст.

Омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими неруи ил­ мӣ­техникии мамлакат барои амалигардонии мақсадҳои дар назди мар­ думи тоҷик гузошташуда муҳим аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи меҳнатӣ мебошад, ки имконоти иқтисодии мамлакатро дар соҳаҳои гуногун фароҳам оварда, самтҳои стратегии инкишофро ташаккул дода метавонад. Ҷаҳонишавии иқтисодиёт ҳамчун инъикоскунандаи ягона­ гии мустақилияти давлатӣ ва вобастагии иқтисодӣ аз дигар кишварҳо ба равандҳои ҳамгироӣ асос меёбад. Чи хеле ки худи тақсимоти меҳнат табиӣ бошад, ҳамгироии иқтисоди кишварҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ҳам ҳамон қадар қонунист. Дар айни замон гузариш ба иқтисоди глобалӣ, табдилёбии иқтисоди кишвар ба як қисми иқтисоди ягонаи ҷаҳонӣ но­ гузир бузургманишии давлатҳои ҷудогонаро тавлид менамояд, ки он ба манфиати геоосиёсӣ ва иқтидори иқтисодии онҳо алоқаманд мебошад. Ҷаҳонишавӣ бо зарурати ҳамкории равандҳои истеҳсолӣ ва махсусгардо­ нии истеҳсолии кишварҳо ба миён омадааст, ки ҳамгироии мукаммалро ба низоми ягонаи иқтисодӣ дар назар дорад. Ҳамгироӣ ва махсусгардонӣ бо кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талабот дар ша­ роити маҳдуд будани захираҳои табиӣ алоқаманд мебошанд.

Раванди ҳамгироӣ ба низоми ягонаи иқтисодӣ ва ҷаҳонишавии ро­ битаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ дар худ хатари табдилёбии гурӯҳҳои муайяни кишварҳоро ба макони иловагии ашёи хом барои кишварҳои мутта­ раққӣ ҷой намудааст. Бинобар ин, дар қатори дигар кишварҳои иқти­ содиёти дар гузариш қарордошта, амнияти иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои вокеӣ гардидааст.

Ваҳдати эҷоднамудаи тоҷикон имрӯз барои бисёр мардумони киш­ варҳои мухталиф сармашқест, ки барои ҳалли низоъҳои дохилию бе­ рунӣ мавриди омӯзиш ва истифода қарор мегирад. Идеяҳои эҷоднаму­ даи миллат бештар хусусиятҳои инсондӯстию байналмилалӣ дошта, бисёр олимону муҳаққиқон ва арбобони сиёсию давлатиро вазифадор менамояд, ки дар атрофи масъалаҳои бузурги глобалӣ таваққуф намо­ янд. Ҳамзамон, эҳёи саҳифаҳои аз ёд рафтаи таърихи тоҷикон, оштии миллӣ­сулҳофарӣ, бунёдкорӣ, роҳкушоӣ ва аз вартаи буҳрони иқтисо­ дӣ баровардани Тоҷикистон аз зумраи масъалаҳое мебошанд, ки дар ба ҳам омадани миллату минтақаҳои Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Мувофиқи нишондоди коршиносон аксари хавфу хатар ва таҳдидҳои асри ХХI ба мушкилоти об вобаста мебошад. Дар баробари ин масъа­ лаи тағйирёбии иқлим, об шудани пиряхҳо ва дар ин радиф ҳимояи амнияти энергетикӣ ба миён омадааст, ки метавонанд ба рушду нумуи Тоҷикистони азизи мо таъсири гуногун дошта бошанд.

Барои татбиқи ғояҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва ба камол расонида­ ни инсони дорои тафаккури созанда, давлатдорӣ ва озодихоҳ зарур аст, ки мо дар баробари соҳиби давлати соҳибистиқлол будан барои рушду пешравии иқтисодиёт дурнамои махсуси миллӣ дошта бошем.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
  • Маҳфуми мегаиқтисод. Норасоиҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои муосири тараққиёт.
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов