Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот. Тақсимоти байналхалқии меҳнат ва савдои ҷаҳонӣ. Таъсири савдои байналхалқӣ ба имкониятҳои истеҳсолӣ ва сатҳи некуаҳволии давлатҳои содиркунанда Савдои байналхалқӣ шакли анъанавӣ ва ибтидоии муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ҳисобида мешавад. Тиҷорат таърихи ҳазорсола дошта, дар замони муосир низоми умумии робитаҳои хоҷагии ҷаҳониро фаро мегирад.
Дар тадқиқоти солҳои охир олимони иқтисодчӣ тавонистанд саба бҳои асосии мавҷудияти савдои байналхалқиро ҷудо намоянд. Ин саба бҳо дар расми 17.1 нишон дода шудаанд, ки мо онҳоро дар алоҳидагӣ дида мебароем.
Нобаробар тақсим шудани захираҳои табиӣ (неъматҳо). Саба би якуми пайдошавии савдои байналхалқӣ ба табиат мансуб аст: он дар нобаробар тақсим шудани захираҳои табиӣ байни давлатҳои гуногун ва халқиятҳо зоҳир мегардад. Агар дар як давлат захираҳои нефтӣ ва дар давлати дигар пӯлод ҷойгир бошанд, он гоҳ барои он ки дар як дав лат қисмҳои автомобилро аз пӯлод истеҳсол намоянд ва дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензин дошта бошанд, ин давлатҳо бояд байни ҳам дигар тиҷорат намуда, нефтро ба пӯлод иваз намоянд. Аз рӯи ин модел
Тоҷикистон ба хориҷи кишвар нахи пахтаро содир ва банану ананасро ворид мекунад.
Аммо ин мантиқ шарҳ намедиҳад, ки барои чӣ давлатҳо тиҷорат ме кунанд ва онҳо метавонанд молҳоро худашон истеҳсол намоянд. Барои мисол, амрикоиҳо мошинҳо ва телевизорҳои ҷопониро харид мекунанд (ворид мекунанд), ҳол он ки онҳо дорои саноати пуриқтидори автомо билсозӣ ва телевизор истеҳсолкунанда мебошанд.
Мутобиқи маълумотҳои оморӣ автомобилҳо 21%и воридоти амри коӣ ва 11%и содиротро ташкил мекунанд.
ВОРИДОТ харид намудани молҳо аз тарафи аҳолии як давлат аст, ки дар давлатҳои дигар истеҳсол карда шудаанд.
СОДИРОТ фурӯши молҳо ба аҳолии давлати дигар аст, ки дар соҳаҳои иқтисодиёти ватанӣ истеҳсол карда шудаанд.
Принсипи бартарияти мутлақ. Барои ҷавоб ба ин савол илми иқ тисод пеш аз ҳама, ба фарқиятҳои мутлақ дар хароҷот барои истеҳсоли молҳои якхела рӯ меоварад.
Муқоиса менамоем хароҷоти истеҳсоли зағир ва шакарро дар Россия ва Украина. Аз сабаби шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ истеҳсоли зағир дар Украина дар 1 га замин нисбат ба Россия ҳосили камтарро таъмин мена мояд ва баръакс. Агар ин давлатҳо дар истеҳсоли молҳои худ махсус гар донда шаванд, он гоҳ ҳар ду тараф бурд менамоянд. Онҳо ҳосили худро бо усулҳои самаранок истифода мебаранд.
Барои ҳамин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Россия дар истеҳсоли зағир махсус гардонда шуда, ба Украина маҳсулоти зағирро содир мена муд ва ба ивазаш шакар мегирифт.
Ба забони иқтисодӣ чунин асосро махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот меноманд ва принсипи тиҷоратӣ бартарияти мутлақ номида мешавад.
Принсипи бартарияти мутлақ: давлатҳо аз тиҷорати байниҳам дигарӣ дар он вақт бурд мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо истеҳсоли молҳои хосаашонро нисбат ба дигар шарикони тиҷоратиашон бо хароҷоти кам истеҳсол наоянд.
Махсусгардонӣ дар асоси принсипи бартарияти мутлақ ба он овар да мерасонад, ки инсоният самаранокии баландро дар истифодаи захи раҳои замин ба даст меоварад. Дар натиҷа хоҷагии ҷаҳонӣ пайдо мегар дад, ки истеҳсоли ҳар як намуди молро дар давлатҳое таъмин менамояд, ки барои онҳо хароҷоти кам сарф карда мешавад. Биноан инкишофи тиҷорати байналхалқӣ барои ҳамаи давлатҳои дунё аҳамияти муҳим до рад ва ба он диққати ҷиддӣ ҳам аз тарафи давлатҳо ва ҳам аз тарафи таш килотҳои байналхалқӣ дода мешавад.
Принсипи бартарияти нисбӣ. Дарки мантиқи тиҷорати байнал халқӣ фақат бо эҳсос намудани нобаробар тақсим шудани неъматҳои моддӣ ва моҳияти принсипи бартарияти мутлақ ғайриимкон аст.
Илми иқтисодӣ дар аввали асри XIX баъди ба анҷом расидани ҷараё ни саноатикунонии баъзе давлатҳо инро ошкор намуд. Як қатор давлатҳо пешсаф ва дар онҳо хароҷот барои истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои гуногун нисбат ба давлатҳои суст инкишофёфта камтар гардид. Агар тиҷорати байналхалқӣ дар ин шароит фақат дар асоси принсипи бартарияти мут лақ инкишоф ёбад, он гоҳ давлатҳои пешсаф бояд хариди молҳоро аз давлатҳои сусттараққикарда кам мекарданд ва ин ҳодиса рух намедод.
Қадами дигар барои дарк намудани сирри савдои байналхалқӣ аз та рафи олимиқтисодчии бузурги англис Давид Рикардо (1772–1823) гу зошта шуд. Вай дар инкишофи тиҷорати берунӣ таъсири як принсипи дигар – принсипи бартарияти нисбиро тавонист пешниҳод намояд.
Принсипи бартарияти нисбӣ барои ҳар як давлат дар содир на мудани ҳамон молҳо фоидаовар аст, ки нархи онҳо нисбат ба дигар дав латҳо пасттар мебошад.
Ба ибораи дигар, ҳар як давлат дар истеҳсоли он молҳое махсус гар донда мешавад, ки нархи онҳо нисбат ба дигар давлатҳое, ки мехоҳанд дар он ҷо он молҳоро фурӯшанд, пасттар бошад. Дар таҷрибаи воқеии тиҷоратӣ, албатта, ҳеҷ кас чунин ҳисоботи илмӣ набурдааст. Онҳоро ба таври куллӣ таҳлили байниҳамдигарии нархи бозори дохила ва беру на иваз мекунад, то ба андозае ки ин таносуби байниҳамдигарӣ дар ша роитҳои баробари ҷавобгӯ будани тафовутҳо дар муқоиса босамарии ис теҳсолоти мол дошта бошанд. Тасаввур мекунем, ки нархҳои 1 т семент ва 1 кв. шиша дар Россия ба 5 ҳазор рубл баробар бошад. Дар Украина 1 т семент 20 ҳазор гривен ва шиша – 40 ҳазор гривен. Агар имрӯзҳо соҳиб корони рус 1м кв шишаро ба Украина ба нархи 40 ҳазор гривен ҳамчун кумак содирот намоянд, вай метавонад 2 т сементро дар шакле, ки дар худи Россия ба фурӯш мерафт, харидорӣ намояд.
Агар минбаъд Украина ин сементро ба Россия содир намояд, он гоҳ 10 ҳазор рублро фоида мегирад, ки ин 2 баробар нисбат ба истеҳсоли ҳамин миқдори шиша зиёдтар аст. Фарқияти байни ин маблағ, яъне 5 ҳазор (10–5) фоидаи иқтисодии соҳибкор мебошад.
Аммо ин ҳисоббаробаркунӣ ҳудуди муайян дорад ва дар асоси чунин таҳлилҳо тамоми фаъолияти тиҷорати берунӣ ташкил карда мешавад. Ин усули хеле одист: ҳамон молҳои ватаниро содир кардан фоидаовар аст, ки аз фоидаи фурӯши онҳо дар хориҷи кишвар молҳои зиёди маҳал лиро харидорӣ кардан мумкин бошад.
Ҳамин тавр, фирмаҳои берунитиҷоратии калон дар фаъолияти худ принсипи бартарияти нисбиро истифода мекунанд. Ин мантиқи 171
тиҷорати берунӣ дар ҳаёти дохилииқтисодӣ низ истифода карда меша вад. Манфиати фурӯшандагонро ҳар як давлат ба инобат гирифта, чу нин махсусгардонии иқтисодиётро ба роҳ мемонад, ки барои ӯ имконият диҳад: ба таври самаранок захираҳои мавҷудбударо истифода намояд; сатҳи баланди некуаҳолиро ба воситаи амалиёти содиротию воридотӣ ба даст оварад.
Раванди чунин махсусгардонӣ на фақат барои инкишофи бозори ҷаҳонӣ, инчунин барои тақсимоти байналхалқӣ ва кооператсияи меҳнат низ асосро ташкил менамояд.
Нисбати он ки то чӣ андоза тақсимоти байналхалқии меҳнат зарур аст, дар мисоли зерин дида мебароем. Шаҳрванди ИМА аз ширкати аме рикоии «Дженерал моторс» автомобили истеҳсолкардаи «Понтиак»ро харид мекунад ва дар ҳақиқат, қарордоди байналхалқиро амалӣ мегар донад. Ӯ барои ин мошин 10 ҳазор доллар пардохт мекунад, ки ба таври зерин тақсим карда мешавад: 3 ҳазор доллар ба Кореяи Ҷанубӣ барои амалиёти одӣ ва меҳнатталаб меравад; 1850 доллар ба Япония барои муҳаррик ва воситаҳои электронӣ дода мешавад; 700 доллар ба Олмон барои лоиҳакашии мошин меравад; 450 доллар ба фирмаҳои Тайван, Сингапур ва Гонконг барои истеҳсоли қисмҳои хурд равона карда ме шавад; 250 доллар ба суратҳисоби фирмаҳои англис барои ташкили реклама ва фурӯши автомобил гузаронда мешавад; 50 доллар хизмати фирмаҳои Ирландия ва Барбадос барои коркарди маълумот сарф карда мешавад. Дар маҷмӯъ тақрибан 6 ҳазор доллар барои шаҳрвандони ди гар давлатҳо дода мешавад.
Ба ҳиссаи шаҳрвандони ИМА, идоракунандагон ва саҳмдорони «Дженерал моторс», адвокатҳо ва бонкирҳо, фирмаҳои хизматрасо нанда ва дигар иштирокчиёни истеҳсоли автомобили америкоӣ фақат 4 ҳазор доллар рост меояд. Хариду фурӯши байналмилалӣ, агар бо усули муқоисавӣ асос ёфта бошад ва ба ягон муқобилияте дучор нагардад, ҳа маи иштирокунандагонро ба комёбӣ ноил мегардонад.
Ҳамин тавр, хариду фурӯши байналмилалӣ ҳамеша бо низоъҳо ва зиддиятҳо дучор мешавад. Барои донистани сабаби онҳо ба ҳисоботи иқтисодчии франсуз Фредерик Бастиа (1801–1850), ки онро дар ки тоби «Софизми иқтисодӣ» ҷамъ овардааст, шинос шудан лозим аст. (Далелҳои истеҳзоомези рақибони хариду фурӯши озоди байналмила лии Бастиа «аз номи Борсов барои дахлнопазирии бозори дохила»).
Протексионизм сиёсати иқтисодии давлат мебошад, ки моҳияти он ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати фирмаҳои дигар давлатҳо ба воситаи барқарор кардани намудҳои гуногуни маҳдудиятҳо барои воридот мебошад.
Барои ҳимояи бозори дохилӣ ва истеҳсолкунандагони миллӣ ҳуку мат чунин фишангҳои протексионизмро ба монанди квотаи воридотӣ ва литсензия истифода мебарад.
Квотаи воридотӣ аз тарафи давлат маҳдуд кардани воридоти мол аз дигар давлатҳо мебошад.
Иҷозатнома (литсензия)и берунитиҷоратӣ ба квота монанд буда, иҷозати давлатро барои воридот ё ин ки содироти молҳои муайян пешбинӣ мекунад.
Демпинг фурӯши молҳоро аз рӯи нархҳои аз хароҷотҳои истеҳсолӣ пасттар дар назар дорад.