• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ

113 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ҷумҳуриҳои дигари собиқ Ит­ тиҳоди Шӯравӣ, баъд аз пош хӯрдани ин иттиҳод соли 1991 ҳамчун дав­ лати соҳибистиқлол аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, давраи гу­ заришро аз низоми иқтисодиёти нақшавӣ ба низоми иқтисодиёти бозорӣ пеш гирифт. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати гузаронидани ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омад ва дар заминаи он дигаргуниҳои сохторӣ гузаронида шуданд. Пеш аз ҳама, гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ зарурати ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият ва ба вуҷуд овардани шароитҳоро барои рақо­ бат байни субъектҳои иқтисодӣ ба миён овард. Аммо давраи гузариш бо сар задани буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ пайваста гашт, ки ин барои ак­ сари чунин мамлакатҳо хос буд. Буҳрони иқтисодӣ ба пастравии истеҳ­ солот ва ба табақаҳои гуногун тақсим шудани аҳолиро вобаста ба даро­ мад ба вуҷуд овард. Барои иқтисодиёти гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳолат хос буд:

– зиёдшавии номутаносибии техникӣ-иқтисодӣ;
– паст шудани майл ба сармоягузорӣ ва пасандознамоӣ;
– зиёд шудани истифодаи экстенсивии қувваи корӣ дар ҳолати ҷой

доштани тамоюли умумии бад шудани сифат ва таназзули сохтори он;

– баланд шудани шиддатнокии экологӣ ва паст гардидани сатҳу си- фати зиндагӣ.

Дар иртибот бо ин барои гузаронидани ислоҳот дар иқтисодиёт аз роҳҳои зерин истифода кардан мумкин аст:

Роҳи якум гузаронидани ислоҳоти куллиро дар муҳлати кӯтоҳтарин дар назар дорад ва дуюм бошад, ба қисман азнавсозиҳо ва марҳала ба марҳала тақвият додани онҳо асос меёбад.

Роҳи аввал роҳи қатъӣ (радикалӣ)­и гузаронидани маҷмӯи исло­ ҳотро дар назар дорад, ки барои иваз намудани банақшагирии марказо­ нидашуда ва ба вуҷуд овардани асоси иқтисодиёти бозорӣ нигаронида шудааст. Сухан дар бораи ба зудӣ гузаронидани либерализатсияи нарх ва савдо, ҳамчунин оид ба татбиқ кардани барномаи мақсадноки усту­ воргардонии таъминкунандаи устувории нарх меравад. Чораҳои дигар гузариш ба бадалшавии асъор барои амалиёти ҷорӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои барқароршавии корхонаҳои нави хусусӣ, ғайриинҳисори­ гардонии саноат, қабул кардани стандартҳои нави ҳисоби муҳосибӣ, гу­ заронидани ислоҳот дар низоми андозбандӣ, низоми судӣ, бахши моли­ явӣ ва идораҳои давлатиро фаро мегиранд.

Чунин модели комплексии гузаронидани ислоҳот барои иқтисоди­ ёти мамлакатҳои Европаи Марказию Шарқӣ ва мамлакатҳои мустақили ИДМ хос буд.

Роҳи дуюм бошад, марҳала ба марҳала гузаронидани ислоҳотро дар назар дорад, яъне сараввал метавонад бо тартиби озмоишӣ ва минбаъд пиёда кардани таҷрибаи бобарор татбиқ гардад. Марҳала ба марҳала гу­ заронидани ислоҳот ҳамон роҳест, ки онро Хитой пеш гирифтааст.

Дар ҳамаи мамлакатҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш нақши муҳимро дар беҳтарсозии вазъи иқтисодӣ хусусигардонии моликият, либерализатсия ва устуворгардонии мунтазам иҷро мекунад. Агар ху­ сусигардонӣ ташаккулёбии ҳуқуқи амвол ва моликияти хусусиро ифода кунад, он гоҳ либерализатсия нархгузории озод ва аз байн бардоштани назоратро аз тарафи давлат дар назар дорад. Нақши хусусигардонии мо­ ликият дар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ назаррас аст. Пеш аз ҳама, та­ шаккули низоми гуногуншаклии моликият дар кишвар заминаи асосии муносибатҳои судманд оид ба азхудкунии воситаҳои истеҳсолот гардид, ки дар натиҷа ба муносибатҳои бозорӣ таҳким бахшид. Аз тарафи дигар, низоми гуногуншаклии моликият ба он оварда расонид, ки дар шарои­ ти буҳрони сиёсӣ ва давлатдорӣ соҳибмулкон тавонистанд баҳри ҳифзи моликияти худ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва аз харобшавии навбатӣ онро нигоҳ доранд. Сеюм, моликияти хусусӣ бевосита ба шуури аҳолӣ оид ба муносибат ба бойигарии миллӣ таъсири мусбӣ расонид. Билохира, гу­ ногуншаклии моликият дар низоми иқтисоди бозорӣ воситаи асосии болоравии рақобат миёни истеҳсолкунандагон ва беҳдошти сифати маҳ­ сулот гардид, ки ногузир аст.

Истиқлолияти сиёсии ба даст овардаи Точикистон ва рӯ ба сӯи иқти­ соди бозорӣ ниҳодани он водор месозад, ки мустақиман ба ҷараёни тақ­ сими байналмилалии меҳнат ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия)­и истеҳсо­ лот, меҳнат, сармоя ва тиҷорат шарик гардад.

Соҳибистиқлолиятӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо мустақилия­ ти сиёсӣ, балки мустақилияти иқтисодиву иҷтимоиро низ таъмин намуд. Давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ислоҳоти зерин оғоз гардид, ки ин: гузариш аз низоми сотсиалистӣ ба иқтисоди бозорӣ; гузариш аз иқтисоди пӯшида ба иқтисоди кушод; интихоби мустақили робитаҳо ва муайянкунии самти онҳо мебошанд.

Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи иқтисодии онро аз нуқтаи назари иқтисодшиносони муосир ба се давра тақсим кар­ дан мумкин аст:

Давраи якум (1991–1997). Марҳалаи буҳрон, ҷанги шаҳрвандӣ ва харобии сохтори иқтисодиёт.

Давраи дуюм (1997–2007). Марҳалаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳот.

Давраи сеюм (2007 инҷониб). Марҳалаи инкишоф, бунёди ин­ шооти нав ва барқарору мустаҳкамсозии мавқеи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ.

Имрӯз бошад, дар Тоҷикистон иқтисодиёти омехта ба миён омада истодааст, ки он, пеш аз ҳама, аз гуногуншаклии моликият, яъне ҷой до­ штани моликияти давлатӣ ва хусусӣ бармеояд. Ба монанди мамлакатҳои иқтисодиётияшон рӯ ба инкишоф, дар мамлакатҳои иқтисодиёти давраи гузариш ислоҳот бояд ҳам устуворгардонии макроиқтисодӣ ва ҳам ис­ лоҳоти сохториро фаро гирад, то ки кушод будани иқтисодиёти кишвар таъмин гардад.

Иқтисодиёти кушод барои либерализатсияи нарх аҳамияти муҳим дорад. Натиҷаи ниҳоии тағйир додани нархҳо мувофиқ кардани сохто­ ри онҳо бо таносубҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар баробари ин мавҷуд бу­ дани нархҳои ҷаҳонӣ худ ба худ ҷараёни барқароршавии мувозинати нархҳоро пас аз саршавии либерализатсияи онҳо метезонад. Хислати кушод доштани иқтисодиёт ҳамзамон ба пайдо шудани сармоягузорони стратегии хориҷӣ ва ҳал кардани масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ му­ соидат менамояд.

Аз рӯи ҳисоби олимони мамлакат Тоҷикистон ба қатори мамла­ катҳои дорои иқтисодиёти хурди кушод мансуб буда, хусусиятҳои зе­ ринро соҳиб аст:

1) Иқтисодиёти хурди кушод ба нархи ҷаҳонии молу хизматрасонӣ таъсир расонида наметавонад ва дар зери таъсири ин нархҳо савдои бе­ рунии худро ба амал меорад. Дар ҳақиқат, дар содироти пахта ва алюми­ ний Тоҷикистон ба нархҳои ҷаҳонии ин молҳо такя мекунад.

2) Сатҳи меъёри фоизи қарз дар иқтисодиёти хурди кушод ба сатҳи меъёри фоизи ҷаҳонӣ таъсир намерасонад.

Инчунин дигар хусусиятҳо ба иқтисодиёти хурди кушод мансубанд, ки ҳамаи ин хусусиятҳо ба Тоҷикистон низ хос мебошанд.

Сохтори соҳавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиби зерин иборат аст: соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, мудофиа.

Чунин марҳилаҳои ташкилшавии робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷудо кардан мум­ кин аст:

1) Марҳилаи монополиякунонии мустаҳками давлатии фаъолияти берунииқтисодӣ. Ин марҳила давраи шӯравиро то солҳои 80­ум дар бар мегирад.

2) Марҳилаи ташкили асосҳои мустақилона баамалбарории фаъо­ лияти иқтисодии хориҷӣ. Ин марҳила аз солҳои 80­ум то соли 1991­ро дар бар мегирад.

3) Марҳилаи мустақилона баамалбарории фаъолияти иқтисодии хо­ риҷӣ. Марҳилаи навбатӣ аз соли 1991 то ба имрӯз идома ёфта истодааст. Робитаҳои иқтисоди хориҷӣ дар баробари барқароршавии иқтисоди бозории мутамаддин миқёс ва суръати раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меҳвари тақсимоти байналхалқии меҳнат бо сифати субъекти алоҳидаи хоҷагии ҷаҳонӣ муайян менамояд. Бинобар ҳамин сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вазифаҳои таш­

киливу иқтисодиро бо чунин тартиб ҳал намояд:
– интихоби соҳаҳои нисбатан мукаммал ва самтҳои фаъолияти му-

тақобилаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо хоҷагии ҷаҳонӣ;
– ташаккулёбии чунин механизми идоракунии робитаҳои иқтисодии

хориҷӣ, ки ба дохилшавии иқтисоди кишвар ба хоҷагии ҷаҳонӣ мусоидат карда, шароитро ҷиҳати баҳисобгирии омилҳои таъминкунандаи амния- ти иқтисодӣ фароҳам оварад;

– ба вуҷуд овардани шароит барои ислоҳоти чандирии механизми до- хилшавии иқтисодиёти Тоҷикистон ба тақсимоти байналхалқии меҳнат дар сатҳи макро ва микро, ки имконияти фаъолияти самаранокро дар миқёси самтҳои ҳамкорӣ ва афзалиятҳои интихобкардашуда медиҳад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
  • Маҳфуми мегаиқтисод. Норасоиҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои муосири тараққиёт.
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов