Шидддатёбии муборизаи байни хонҳои Муғул дар Мовароуннаҳру Хуросон дар солҳои 60-уми асри XIV
Баъди Мовароуннаҳро забт кардани муғулон хонҳои онҳо, ки сарварии ин сарзаминро ба даст гирифта буданд, ибтидо оини бутпарастии худро риоя менамуданд. Дар байни хонҳои муғул Кебекхон, ки солҳои 1318 – 1326 ҳукумат кардааст, барои пазириши дини ислом миёни хонҳои муғул хидмат намудааст. Аммо то дами маргаш Кебекхон ба оини буддоӣ содиқ монд. Баъд аз Кебекхон бародаронаш Илчиғидой (1326–1328), Дурратемур (1328 – 1330) ва Тармаширин (1330 – 1334) паси ҳамдигар хонҳои Мовароуннаҳр интихоб гардиданд. Дар замони хон Тармаширин ислом куллан ба дини хонҳои муғули Мовароуннаҳр табдил гашт. Хонҳои муғул барои пойдории ҳукумати худ дар Мовароуннаҳр аз бутпарастӣ даст кашиданд, зеро дигар намехостанд мардум ба хотири оини бутпарастияшон ба онҳо нафрат дошта бошанд. Бинобар ин, Тармаширин дини исломро қабул карда, ба худ номи султон Алоуддинро гирифт. Хонҳои муғул дар атрофи худ намояндагони рӯҳониён ва тоҷирони маҳаллиро ҷамъ намуда, сиёсати марказият додани ҳокимиятро пеш гирифтанд. Аммо ин рафтори онҳо боиси норозигии пешвоёни қабилаҳои муғул ва турк гардида, дар улуси Чағатой, яъне Мовароуннаҳр, муборизаи байни онҳо шиддат гирифт. Дар натиҷаи ин муборизаҳо пешвоёни қабилаҳои муғул нуфуз пайдо намуда, ҳокимияти хониро заиф гард
Дар нимаи дуюми асри XIV вазъияти сиёсию иҷтимоӣ дар сар то сари Мовароуннаҳр, Хуросону Эрон дар ҳолати парешонию нооромӣ қарор дошт. Дар ҳар вилояту кишваре аз ин сарзаминҳо давлату ҳокимиятҳои зиёди мустақилу нимамустақиле, мисли Ҷалоириён дар Бағдоду Ироқи Араб (1340 – 1410), Оли Инҷӯ дар Форс (1342 – 1358), Чӯпониён дар Озарбойҷон (1344 – 1356 – 59), Музаффариён дар Язду Кирмон ва Форсу Исфаҳон (1313 – 1395), Сарбадорон дар Хуросони Марказию Ғарбӣ (1337 – 1388), Куртҳои Ҳирот дар Хуросони Шарқиву Ҷанубӣ (1245 – 1383) ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Ин давлатҳо на танҳо байни якдигар ҳамеша дар ҳолати ҷангу ҷидол қарор доштанд, балки аз дохил низ миёни мансабдорони онҳо барои ба даст овардани ҳукумат муборизаҳо мерафт.
Дар Мовароуннаҳр баъд аз солҳои 50-уми асри XIV сарзамини зери ҳокимияти Чағатоиён пора-пора гардида, ба бештар аз 30 мулки ҷудогона тақсим шуд. Ҳеҷ кадоме аз ин мулкҳо дар алоҳидагӣ қудрати бо душмани хориҷӣ муқовамат карданро надошт. Он замон дар Мовароуннаҳр Қазонхон (1333 – 1346) писари Бесвар аз улуси Чағатоӣ, ки бераҳмтарин ва золимтарин шахс буд, ҳокимият мекард. Соли 1345 шахсе бо номи Қазаған – аз амирони Мовароуннаҳр ва аз саркардагони ҳамон улус бар зидди ӯ бархост. Ӯ Қазонхонро мағлуб карда, ба қатл расонид ва Донишмандчӣ ном шахсро, ки насабашро ба писари дуюми Чингиз – Чағатой мерасонд, ба хонӣ таъйин намуд.
Бояд гуфт, ки баъд аз ба қатл расидани Қазонхон дар Мовароуннаҳр идораи ҳукумат аз насли Чингиз ба ашрофи кӯчии турк – амирҳо ва бекҳо гузашт. Бо дарназардошти ин ки мафҳуми ҳуқуқи меросии намояндагони хонадони Чингиз барои ҳокимият ҳанӯз ҳифз шуда буд, бинобар ин, дар Мовароуннаҳр қонуни нави ба мақоми хонӣ таъйин намудани намояндагони хонадони Чингиз ба вуҷуд омад. Амир Қазаған аз нахустин амироне буд, ки бо қонуни нави қабулгардида аз номи хони таъйиншуда ҳукумат кард.
Ду сол баъд амир Қазаған Донишмандчиро бо гуноҳи он ки ӯ аз насли Чағатой нест, ба қатл расонда, шахсеро бо номи Баёнқулихон, ки насаби ӯ низ ба Чағатой мерасид, хони Мовароуннаҳр таъйин кард. Аз соли 1347 амир Қазаған аз номи ин хон ҳокимияти Мовароуннаҳрро ба даст гирифта, онро идора мекард.
Амир Қазаған мисли дигар амирони муғулӣ ба лашкаркашию ғорати дигар сарзаминҳо, инчунин ба шикору зиёфат оростанҳо ҳамеша шуғл меварзид. Яке аз лашкаркашиҳояш ба тарафи Ҳирот дар соли 1351 буд, ки ин шаҳрро муддати 40 рӯз дар муҳосира нигоҳ дошт. Писари амир Қазаған – Абдуллоҳ бошад, ба тарафи Хоразм лашкар кашида, он вилоятро забт кард.
Соли 1358 амир Қазаған ба дасти шавҳари хоҳараш бо номи Қутлуғтемур ба қатл расид ва писари амир Қазаған – Абдуллоҳ дар Самарқанд ба тахт нишаст. Абдуллоҳ монанди падар Баёнқулихонро ҳамчун хон пазируфт. Чун Абдуллоҳ бо яке аз занҳои Баёнқулихон робита барпо кард, дере нагузашта Баёнқулихонро ба қатл расонид ва як тан аз хешовандони Чингизро бо номи Шоҳтемур ё Темурхон уғлун (1358 – 1360) хони Самарқанд интихоб кард ва аз номи ӯ ҳукумати ин ҷойро ба даст гирифт. Аммо яке аз амирони Абдуллоҳ бо номи Баён Сулдуз бар зидди ӯ бархост ва лашкаре ҷамъ оварда, ба тарафи Кеш омад. Дар ин ҷо ба Баён Сулдуз шахсе бо номи Ҳоҷӣ Барлос ибни Бурулқӣ, ки пешвои қабилаи барлос буд, ҳамроҳ шуда, Абдуллоҳро ба қатл расонид. Нооромии бузурге дар минтақа ба вуҷуд омада, ҳокимият дар дасти амирони маҳаллӣ қарор гирифт. Хони нав – амир Баён Сулдуз, ки Ҳоҷӣ Барлос тобеъ ва муттаҳиди ӯ буд, дар Самарқанд истиқомат мекард ва ба кори мулк чандон эътиное надошт. Ҳамин тариқ, Ҳоҷӣ Барлос дар вилояти Кеш, амир Боязиди Ҷалоир дар Хуҷанд, Улҷоҳуқ ибни Буқо Сулдуз дар Балх, Кайхусраву Улҷойту дар Хатлон ва Муҳаммадхоҷаи Апардӣ дар Шибирғон ҳокимиятҳои маҳаллиро ба даст гирифтанд. Амир Ҳусайн – набераи Қазаған низ даъвои ҳукумат дар Кобулро мекард ва барои ба ин ҳадаф расидан фурсат меҷуст.
Аз тарафи хони Муғулистон Туғлуқтемур ишғол гардидани Самарқанду Кеш. Бо истифода аз ин вазъияти пешомада дар Мовароуннаҳр хони Муғулистон кӯшиш мекард то ин сарзаминро ба даст биёварад. Ин буд, ки хони он замони Муғулистон – Туғлуқтемур (1347–1363) дар моҳҳои февралмарти соли 1360 бо лашкари зиёде барои забти Мовароуннаҳр вориди он гардид. Дар миёни ҳокимони ин сарзамин як нафар ҳам пайдо нагашт, ки бо ӯ мубориза кунад. Туғлуқтемур бо осонӣ Самарқандро гирифт ва ба тарафи Кеш ҳуҷум кард. Ҳокими Кеш Ҳоҷӣ Барлос ин шаҳрро гузошта, ба сӯйи Хуросон фирор намуд. Ҳамроҳи Ҳоҷӣ Барлос – Темур – писари Тарағай низ буд. Темур ба Хуросон нарафта, аз соҳили рӯди Ому ба тарафи Кеш баргашт ва бо Туғлуқтемур пайваст. Амирони Туғлуқтемур ба Темури 25-сола эътимод карда, шаҳри Кешро ба ихтиёри ӯ гузоштанд. Туғлуқтемур ба Темур рутбаи «туманбошӣ» (афсаре, ки ба даҳ ҳазор сарбоз фармондеҳ аст)-ро дод. Ба ин восита соли 1360 Темур – писари Тарағай дар як муҳити ҷанг ва нооромӣ дар Мовароуннаҳр қадам ба саҳнаи ҳодисаҳои замон зад.
Ба саҳнаи муборизаҳо ворид гаштани Темур. Темур соли 1336 дар деҳаи Хоҷа Илғори шаҳри Кеш, дар хонаводаи Тарағай, ки аз қабилаи барлоси муғул буд ва дар асрҳои миёна сокини Мовароуннаҳр гардидааст, таваллуд шудааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Темур насабашро ба Қарачори Нӯён, ки аз хешовандони Чингиз буд, мерасонад. Падари Темур, ки сарвате надошт, зиндагиро дар деҳа авлотар аз шаҳр медонист.
Дар бораи шахсияти Тарағай сарчашмаҳои таърихӣ зикр кардаанд, ки ӯ бо шайхону дарвешон, бахусус бо Шайх Шамсиддини Кулол, ки орифи замони хеш буд, робитаи дӯстона дошт. То ҳанӯз маълумоти дақиқ дастрас нагардидааст, ки оё бобои Темур мусулмон буд ё не. Дар ҳар сурат аз ҷониби хонадони темурӣ пазириши ислом на дертар аз замони таваллуди Темур, яъне то соли 1336 ба вуқӯъ омадааст.
Тарағай соли 1360 вафот мекунад ва дар оромгоҳи хонаводагӣ дар шаҳри Кеш (Шаҳрисабз) дафн мегардад. Темур солҳои 1373–74 дар Кеш дар наздикии масҷиди ҷомеъ, ки марқади Шайх Шамсиддини Кулол он ҷо буд, оромгоҳи боҳашмате сохта, боқимондаҳои ҷасади падари хешро ба ин оромгоҳ интиқол медиҳад, то ояндагон ба шарофати мазори Шайх Шамсиддини Кулол оромгоҳи падари ӯро низ муқаддас дониста, зиёрат кунанд.
Темур дар ҷавонӣ чаҳор ва ё панҷ нафари савораро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба дуздии гӯсфанду гов аз галаҳои ҳамсоягон машғул мешавад. Ин молҳои дуздиро ба хона оварда, аз як қисми онҳо зиёфатҳо меорост ва бақияи онро байни ҳам тақсим мекарданд. Ҳамин тариқ, шумораи тарафдорони ӯ торафт зиёд шуда, то ба 300 тан расид. Темур бо ин гурӯҳ тамоми роҳҳои аз ин минтақа мегузаштаро зери назорат гирифта, аз ҳама бозаргононе, ки аз он ҷо мегузаштанд, хироҷу боҷ мегирифт. Хабари ин ҳодиса ба зудӣ ба гӯши султони Самарқанд расид. Вай фармон дод, ки Темур ва ҳамроҳонашро ҳар куҷо, ки бошанд, бигиранд ва бикушанд. Аз қабилаи Темур дар дарбори Самарқанд нафароне кор мекарданд ва онҳо аз ҳокими Самарқанд узрхоҳӣ карданд, то султон ӯро бибахшад.