Омилҳои ба вуҷуд омадани ҷунбиши Сарбадорон
Ҷунбиши Сарбадорон бо сарварии Мавлонозода дар Самарқанд. Баъди шикасти амир Ҳусайн ва Темурланг ва фирори онҳо ба Балх муғулҳои истилогар гумон доштанд, ки бе ягон душворӣ ба Самарқанд ворид шуда, онро талаву тороҷ мекунанд. Ҳукуматдорони боқимонда ва ашхоси дигари мансабдори Самарқанд мехостанд, ки шаҳрро бе муқобилият ба муғулон таслим карда, ба ин восита ҷони худро аз марг наҷот диҳанд, вале кор ранги дигар гирифт. Дар чунин лаҳзаи мушкил мардуми бономус ва муборизи Самарқанд барои мудофиаи шаҳр ташаббусро ба дасти худ гирифта, рӯзи ҷумъа барои маслиҳат дар масҷиди ҷомеи шаҳр ҷамъ омаданд. Онҳо ҳифзи ватани худро аз ҳимояи ҷон муҳимтар дониста, роҳи мубориза ва муқовимат бо душманро интихоб намуданд. Шахсе бо номи Мавлонозода, ки яке аз шогирдони мадрасаи Самарқанд буд, ба минбар баромада, суханронӣ кард. Ӯ ба мардум муроҷиат карда, аз ҷумла гуфт, ки лашкари бешумори ғоратгарони муғул барои тороҷ намудани молу ашёи мардум ба шаҳр наздик шудаанд. Ҳукуматдорони шаҳр бошанд, бо шунидани ин хабар барои халосии ҷони худ шаҳрро тарк карда, гурехтанд. Ба ҷуз аз мубориза мардуми Самарқанд аз душман роҳи халосӣ надорад. Бинобар ин, мо бояд худамон шаҳрамонро аз душман мудофиа намоем. Агар касе масъулияти мудофиаи шаҳрро ба уҳда гирифтанӣ бошад, мо дар назди ӯ сари таъзим фуруд оварда, тайёрем, ки фармонҳои ӯро иҷро кунем.
Аъён ва ашрофи Самарқанд дар ҷавоби даъвати Мавлонозода хомӯш монданд ва касе ҷавоби мусбат надод. Он гоҳ ӯ гуфт, ки маълум мешавад касе ин масъулиятро ба зимма гирифтанӣ нест, бинобар ин, агар шумо маро дастгирӣ намоед, мудофиаи шаҳрро ба уҳдаи худ мегирам. Ҳамин тариқ, бо ризояти ҳамаи ширкаткунандагони он ҷамъомад вазифаи сардори мудофиаи шаҳр ба уҳдаи Мавлонозода гузошта шуд. Ҷамъомадагон қасам ёд карданд, ки дар роҳи мубориза барои дифои шаҳр қурбон мешаванд, аммо ғоратгарони муғулро ба Самарқанд роҳ намедиҳанд. Дар ҳамин ҷо 10 ҳазор ҷавон барои ҳифзи ватан дар пеши Мавлонозода савганди садоқат ёд карданд. Дар ташкили корҳои мудофиавӣ барои Самарқанд ба ҷуз аз Мавлонозода боз Абӯбакри Калавӣ ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ низ саҳми бузург гузоштанд.
Ин муборизаи мардуми Самарқанд бар зидди муғулон дар таърих бо номи «Ҷунбиши Сарбадорон» маъруф гаштааст. Пайдоиши истилоҳи «сарбадор» ба шӯрише, ки соли 1337 дар Сабзавори Хуросон бар зидди хонҳои муғул ва заминдорони маҳаллӣ сар зада буд, алоқаманд аст. Шӯришгарон савганд хӯрданд, ки ё бедодгариҳоро дар Хуросон барҳам медиҳанд ва ё сари худро ба дор месупоранд. Бинобар ин, аз он замон номи Сарбадорон ба вуҷуд омадааст.
Барномаи амалиёти ҷунбиши Сарбадорон ба муқобили муғулҳо. Пешвоёни он мубориза барои мудофиаи Самарқанд тадбирҳои бисёр муҳим андешиданд. Мавлонозода рӯйхати мардуми ба хизмати ҳарбӣ мувофиқро тартиб дода, неруи мардуми шаҳрро барои омодагӣ ба мудофиа аз душман моҳирона истифода намуд. Аҳолии шаҳр дар муддати се шабонарӯз барои мудофиаи шаҳр тайёрӣ дид. Гирду атрофи шаҳрро бо сангарҳо иҳота карда, дар паси он сангарҳо тирандозони моҳирро пинҳон намуданд. Тамоми силоҳҳои дар шаҳр мавҷудбударо ҷамъоварӣ намуда, ба муборизон тақсим карданд. Шаҳрро ба қитъаҳо ҷудо намуда, дар наздикии дарвозаҳои шаҳр дидбонгоҳҳо гузоштанд. Даромадгоҳи асосии шаҳрро кушода дошта, дигар ҳамаи дарвозаҳоро бастанд. Дар ду тарафи хиёбони асосӣ сангарҳои мустаҳкам сохта, дар он ҷо одамони мусаллаҳро ҷойгир карданд. Дар охири хиёбон Мавлонозода бо шумораи зиёди тирандозони моҳир камин гирифта, барои ба душман зарба задан омода шуд. Нақшаи мудофиакунандагони шаҳр чунин буд: ҳангоми ба хиёбон дохил шудани саворагони муғул бояд онҳо ногаҳон аз ҷониби кӯчаҳои танги бо сангарҳо мустаҳкамшуда ба истилогарон зарбаҳои сахт мерасониданд. Барои риоя кардани интизом ва ба фармони Мавлонозода итоат намудан муҳофизони шаҳр ба Қуръон қасам ёд карданд. Мардуми шаҳр шабонарӯз меҳнат карда, дар муддати се рӯз шаҳрро барои мудофиа пурра омода сохтанд.
Сарчашма:
Абдурраззоқи Самарқандӣ доир ба муроҷиати Мавлонозода ба аҳолии Самарқанд ва омодагии Сарбадорон барои мудофиаи шаҳр чунин менависад: «Чун амир Ҳусайн ва амири соҳибқирон (Темурланг) аз «Ҷанги лой» ба ҳазимат шуда (шикаст хӯрда), аз Ҷайҳун гузаштанд ва лашкари муғул ба ҳаволии Самарқанд расид, аҳолии он ҷо дар ин қазия (ҳодиса) ҳайрон буданд. Рӯзи ҷумъа хавоссу авом (одамони баландмартаба ва одӣ) дар масҷиди ҷомеъ ҷамъ омада, хотир бар амре қарор намегирифт. Дар ин ҳол марде донишманд аз бузургзодагони Бухоро, машҳур ба Мавлонозода тирандозе далер, шамшер ҳамоил карда (ба китф овехта), бар пой хост ва оҳиста-оҳиста рафта, ба болои минбар баромад ва салом карда, овоз баровард, ки: – Ё маъшарулмуслимин (эй мусулмонон)! Имрӯз ғалабаи куффор (кофирон) ба қасди хонумони мусалмонон омадаанд. Ва ҳокиме, ки ҷизяи мусулмониро «боҷу хироҷ» ном карда, меситонад ва ба хотири худ мегирад, чун душман пайдо шуд, мусулмононро ба тарҳ рехт (партофт) ва аз пеши куффор гурехт! Ва ҳарчанд аҳолии ин шаҳр амонию суде диҳанд, халос нахоҳанд ёфт.
Ва рӯзи қиёмат суол аз шумо, бузургон хоҳад буд: Кист, ки мутасаддии (бауҳдагирандаи) ин амри ислом ва мутааҳҳиди (аҳдкунандаи) хавоссу авом шавад, то мо низ сар дар қадами ӯ ниҳода, ба хидматгорӣ қиём намоем?
Маҷмӯи акобири (мансабдорони) Самарқанд хомӯш шуда, касе ҷавоб надод. Мавлонозода гуфт: – Чун касе ба уҳда намегирад, агар ман мутааҳҳид шавам, мададу ҳамроҳӣ мекунед? Халоиқ мувофиқ шуда, ӯро ба сардорӣ қабул карданд. Мавлонозода хутбаи балиғ (мукаммал) адо карда, ба ҷанги куффор тариқ намуд (чора дид). Ва мардуми бисёр пеши ӯ ҳозир шуда, дафтари кадхудоён ва муҷаррадону ғурабо ба даст овард (яъне рӯйхати сардорони оила ва мардҳои муҷарраду муҳоҷирро тартиб дод) ва дар дарвозаҳо мустаҳфизон боздошт (муҳофизон таъйин намуд) ва сарҳои кӯчабоғҳоро чунон банд кард, ки савор дарнатавонад ва сарҳои бандро ба толорҳо маҳкам карда, тиркашҳои мураттаб сар то сари кӯчаҳо фурӯ бурид. Ва қавл кард, ки ҳеҷ офарида шабҳо ба хона наравад ва агар ҷое ҷанги сахт воқеъ шавад, мақоми худ нигоҳ дошта, ба мадад наравад ва аз сари девор бо муғулон қалоча накунанд. Ва дар чаҳор ҳадди шаҳр камондорони ҷалд (чусту чолок) таъйин кард ҷиҳати кумак ва як роҳ холӣ гузошта, ҷамъе дар камин нишонд ва худ бо понсад пиёдаи тирандоз дар поёни кӯчабоғ истод.
Ва қаровулони муғул фориғу ғофил (бепарво) ба он кӯча даромаданд ва аз камингоҳҳо гузашта, ба Мавлонозода расиданд. Ишорат кард, то дохил фурӯ кофта, санги дасту калмосанг ва тиру чӯбдасте дар кор омаданд, то муғулон сари асп гардонида, ҳазор кас маҷрӯҳ ва сад кас гирифтор шуданд».
Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн, дастхати №347 аз Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ, саҳ. 195 – 196.