Муборизаи аҳолии Самарқанд бар зидди Муғулони истилогар
Ба Самарқанд ворид гаштани лашкари муғул ва муқобилати аҳолии шаҳр бар зидди онҳо. Хони муғул Илёсхоҷа, ки аз фирори Ҳусайн ва Темурланг ба Балх воқиф буд, умед дошт, ки Самарқанд бе мудофиа мондааст ва тасаввур кард, ки шаҳрро бе муқовимат бо осонӣ соҳиб мешавад. Баҳори соли 1365 дастаҳои пешҷангии лашкари муғул бе ҳеҷ гуна эҳтиёткорӣ ба воситаи хиёбони асосӣ ба маркази шаҳр дохил шуданд. Ҳангоми ба ҷойи камингирифтаи дастаи Мавлонозода расидани муғулҳо, ба мудофиакунандагони шаҳр ишора шуд, ки ба ҳуҷум гузаранд. Онҳо аз се ҷониб бар зидди душман ҳамла карда, аз паси сангарҳо муғулҳоро ҳам бо даст ва ҳам бо фалахмон сангборон намуданд. Муғулҳо, ки инро интизор набуданд, ба воҳима афтода, ба ҳар тараф гурехтанд, вале дар ҳама ҷой онҳоро тир ё санг дунболагир буд. Дар ин набард аз тарафи муғулҳо зиёда аз ду ҳазор нафар кушта шуд. Муғулҳо маҷбур шуданд ақибнишинӣ кунанд.
Ғалабаи Сарбадорон дар Самарқанд. Рӯзи дигар муғулҳо дубора ба Самарқанд ҳуҷум карданд, вале ба ғалаба муваффақ нашуданд. Ба тамоми кӯшиши онҳо барои ишғоли шаҳр зарбаи сахт зада мешуд. Пас муғулҳо ба назди мудофиакунандагони шаҳр қосид фиристода, иброз намуданд, ки агар ба онҳо туҳфаҳои зиёд фиристонанд, онҳо шаҳрро тарк мекунанд. Ба ин пешниҳоди муғулҳо ҷавоби рад дода шуд. Он гоҳ онҳо шаҳрро ба муҳосира гирифта, ба ғорати аҳолии гирду атрофи он шурӯъ намуданд. Муҳосираи давомдор низ ба муғулон натиҷаи мусбат надод. Дар ин муддат ҳодисае рӯй дод, ки вазъияти мавҷударо дигаргун сохт. Дар урдугоҳи муғулҳои бодиянишин марази тоуни асп (бемории вабо) пайдо шуд ва шумораи зиёди аспони онҳо ба ҳалокат расиданд. Муҳосираи минбаъдаи шаҳр ба муғулҳо ғайриимкон гашт ва онҳо маҷбур шуданд, ки аз муҳосираи он даст кашида, ақибнишинӣ кунанд.
Ҳамин тавр, аҳолии Самарқанд, бо неруи худ ва бе иштироки намояндагони ҳукумат, тавонистанд шаҳри худро аз ҳуҷуми душманони аҷнабӣ сарбаландона дифоъ намоянд. Сарбадорон манфиатҳои табақаҳои заҳматкаши аҳолии шаҳрро ҳимоя мекарданд ва тамоми иқдомоти онҳо бар зидди манфиатҳои аъён ва ашрофи Самарқанд ва сулолаи муғулҳои ғоратгар равона гардида буданд. Дар ин мубориза бебизоатон дар Самарқанд бар зидди тавонгарон баромаданд ва табақаи заҳматкаши аҳолӣ аз золимон ва судхӯрони манфур ниқор гирифтанд.
Барқарор шудани робита байни Мавлонозода бо амир Ҳусайн ва Темурланг. Аҳдшиканона ба қатл расонидани пешвоёни ҷунбиши Сарбадорон.Ҳангоме ки Темурланг хабари аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ақибнишинӣ кардани муғулҳоро шунид, дарҳол амир Ҳусайнро аз ин хабар огоҳ намуд. Онҳо бо ҳам вохӯрда, ба чунин хулоса омаданд, ки ҳоло барои ишғоли Самарқанд шитоб накунанд, зеро аз муқовимати мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Онҳо қарор доданд, ки аз макру ҳила истифода баранд. Бо ин мақсад амир Ҳусайн ва Темурланг баҳори соли 1366 бо лашкари худ ба наздикии Самарқанд омада, дар маҳалли Кони Гил қарор гирифтанд. Онҳо ба унвони роҳбарони Сарбадорон нома навишта, савганд хӯрда, изҳор намуданд, ки амали муборизонро дастгирӣ мекунанд. Дар ин нома зикр карданд, ки онҳо хоҳиши вохӯрдан бо роҳбарони Сарбадоронро доранд. Ҳамчунин, дар ин нома навиштанд, ки ҳокимияти шаҳри Самарқанд ба роҳбарони Сарбадорон дода мешавад ва ваъда доданд, ки касеро ҷазо намедиҳанд. Номаи онҳоро сафирони хушзабон бо туҳфаҳои гаронбаҳо ба Самарқанд оварданд. Ҳамроҳи ин фиристодагон намояндагони махсуси амир Ҳусайн ва Темурланг низ буданд. Вазифаи онҳо иборат аз он буд, ки ба шаҳр ворид шуда, барои забт кардани он замина тайёр намоянд. Роҳбарони Сарбадорон ба суханони маккоронаи ин фиристодагон бовар карда, ба лашкаргоҳи амир Ҳусайн ва Темурланг омаданд. Рӯзи аввал амир Ҳусайн ва Темурланг намояндагони Сарбадоронро гарму самимӣ қабул карданд. Вале рӯзи дигар, ҳангоми ба қароргоҳи онҳо расидан, ҳамаи намояндагони Сарбадорон дастгир гардида, ба қатл расонида шуданд. Аз байни онҳо фақат Мавлонозода аз марг наҷот ёфт. Ҳамин тавр, ҷунбиши мардумии Сарбадорон аз ҷониби амир Ҳусайн ва Темурланг аҳдшиканона пахш гардид. Амир Ҳусайн ва Темурланг дар охири баҳори соли 1366 аз нав ба Самарқанд соҳиб гардиданд.
Ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд баъд аз ҷунбиши Сарбадорони Хуросон, ки дар нимаи аввали асри XIV ба муқобили сиёсати хонҳои муғул равона гардида буд, аз дуюмин ҳаракати бузурги мардумӣ бар зидди давлати муғулони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд аз аҳамияти бузурги таърихӣ бархурдор аст. Танҳо мардум, ки ба муҳофизати ватани худ бархоста буданд, тавонистанд то ба охир бо душмани аҷнабӣ мубориза баранд ва муғулонро аз Мовароуннаҳр берун ронанд. Ба амирон ва феодалони чағатоии Мовароуннаҳр, ки пароканда буданд ва доимо бо ҳамдигар дар ҷангу ҷидол қарор доштанд, муяссар нагардид, то бо муғулони истилогар мубориза кунанд. Сарбадорон Самарқандро аз муғулон озод карда, дар он ҳудуди як сол (1365 – 1366) ҳукмронӣ намуданд. Ҳадафи асосии Сарбадорон озод кардани ватан аз муғулон буд ва ба ин мақсад бо сарбаландӣ расиданд. Ин муборизаи онҳоро метавон муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ номид. Аммо ин ғалабаи онҳо аз тарафи амир Ҳусайн ва Темурланг бо макру фиреб аз дасташон гирифта мешавад.
Ба вуҷуд омадани ихтилоф байни амир Ҳусайн ва Темурланг. Кушта шудани амир Ҳусайн аз тарафи Темурланг.Темурланг дар гирифтани ҳокимияти Самарқанд ва бо макру фиреб куштани роҳбарони Сарбадорон ба амир Ҳусайн ёрмандӣ кард. Аммо амир Ҳусайн ба ин нигоҳ накарда, баъзе аз тарафдорони Темурлангро, ки дар Самарқанд ва атрофи он ба ғорат ва бедодгарӣ машғул буданд, ҷарима баст. Аз ин рафтори амир Ҳусайн Темурланг ранҷида, ҷаримаи тарафдоронашро аз амволи бо ғорат бадастовардаи хеш пардохт ва бо ин робитаи худро бо амир Ҳусайн қатъ кард. Темурланг аз Самарқанд ба шаҳри Кеш баргашт. Чун ихтилофи ӯ ва амир Ҳусайн шиддат ёфт ва иловатан дар ин муддат ҳамсари Темурланг – Улҷойтуркон низ вафот карда буд, бинобар ин, барои Темурланг зарурати идома додани дӯстӣ бо амир Ҳусайн дигар боқӣ намонд. Ин ихтилоф сабаб шуд, то байни Темурланг ва амир Ҳусайн чандин ҷанг сурат гирад. Охирин ҷанги онҳо дар моҳи марти соли 1370 дар қалъаи Ҳиндувон, ки дар наздики Балх қарор дошт, ба вуқӯъ пайваст. Темурланг сипоҳи амир Ҳусайнро ба муҳосира гирифт, ки дар натиҷа лашкари амир Ҳусайн дар ин набард мағлуб ва худаш кушта гардид.
Сарчашма:
Ахбори Хондамир дар бораи тайёрии аҳолии Самарқанд ба муқобили ҳуҷуми муғулони истилогар чунин аст: «Чун амир Ҳусайн ва амир Темур шикаст ёфта, аз Ҷайҳун убур намуданд ва муғулони беимон ба азми наҳбу (ғорату) тороҷ ба савби (тарафи) Самарқанд таваҷҷуҳ фармуданд, селоби изтирори (парешонии) бинои субот ва қарори мутаваттинони (сокинони) он диёрро мунҳадим (вайрон) гардонида, Мавлонозодаи Самарқандӣ, ки ба сифати ҷилодат ва мардонагӣ иттисоф дошт (машҳур буд), мардумро ба дафъи муғулон таҳриз намуда (барангехта), дар бораи вуҷуби сиёнати нафс (зарурияти муҳофизати худ) ва мол ва аҳлу аёл суханон бар забон гузаронид. Самарқандиён он калимотро ба самъи ризо ҷой дода, зимоми ихтиёри худро дар қабзаи (дасти) иқтидори Мавлонозодаи Самарқандӣ ва Мавлоно Хурдаки Бухорӣ, ки тирандози ҷалд (чусту чолок) буд ва Абӯбакри Калавӣ, ки авсофи сарбадорӣ бар вай содиқ меомад, ниҳоданд ва эшон шаҳрро кӯчабанд карда, бар ҷодаи мамониати сипоҳи ҷита (муғулон) субот қадам варзиданд».
Хондамир. Таърихи ҳабиб-ус-сияр. Бо муқаддимаи Ҷалолиддини Ҳумоӣ. Теҳрон, 1380 ҳ.ш , саҳ. 406.
Мирхонд дар бораи муборизаи аҳолии Самарқанд бар зидди истилогарони муғул чунин маълумот медиҳад: «Арбоби Самарқанд мутобаати (итоати) эшонро намуда, дар мақоми мамониат омаданд ва тариқи омадушуд масдуд гардониданд (банд карданд) ва асбоби муқобала ва муқотала соз доданд. Ва сипоҳи ҷита (муғулон) муддатҳо бар гирди Самарқанд хаймаи иқомат мутаннаб гардонида, дар тасхири (забти) он маросими эҳтимом ба ҷой оварданд. Ва чун айёми муҳосира имтидод (кашол) ёфт ва наздик ба он шуд, ки шаҳр мусаххар (мағлуб) гардад ва амволу димоъи мусулмонон дар маърази талаф ояд, насими азалӣ… вазида, вабо дар миёни аспони ҷита афтода, аз ҳар чаҳор асп яке (беш) зинда намонд ва аз ин ҷиҳат хавфу руъби (тарси) тамом бар замоири (қалбҳои) мухолифон истило ёфта, оҷиз ва саросема гаштанд. Ва баъд аз тақдими машварат маслиҳат чунон диданд, ки руҷӯъ намоянд (баргарданд) ва ба имзои ин азимат аксари он ҷамоат тиркашҳо бар пушт баста, пиёда ва мубтазал (хору залил) рӯй ба диёри худ ниҳоданд».
Мирхонд. Таърихи равзат-ус-сафо, ҷ.6, Теҳрон, 1380 ҳ.ш, саҳ. 4569 – 4570.
Ибни Арабшоҳ дар бораи чӣ гуна ба қатл расидани пешвоёни Сарбадорон менависад: Темурланг «ҷамъе аз ёрони хешро дар камин бигмошт ва муқаррар дошт, ки ҳар касро, ки ба сӯйи онон фиристад, нобуд кунанд. Пас сарони ақвомро аз ҳар пеша ва мақом бихонд ва ба дасти худ ҷоми саҳбо нӯшонд ва хилъати зебо пӯшонд ва чун навбат ба он тоифаи ошӯбгар (яъне Сарбадорон) расид, ҳамчунон якоякро бинавохт ва ба шарбати май ва хилъати фохир сарафроз дошт ва бо ишора ба сӯйи камингоҳ равона сохт, то хилъаташ бозгиранд ва ҷомаи зиндагониаш бидаранд ва чунон карданд, то як тан аз онон бар ҷой намонд. Ҳамаро ба диёри нестӣ ронданд… Темурро бад-ин тадбир асоси давлат устувор ва роҳи фармонравоӣ ҳамвор шуд».
Ибни Арабшоҳ. Зиндагии шигифтовари Темур (Аҷойиб-ул-мақдур фӣ ахбори Темур). Тарҷума ба форсӣ Муҳаммад Алии Наҷотӣ, Теҳрон, 1383 ҳ.ш., саҳ. 18.
Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи хоинона ба қатл расидани роҳбарони Сарбадорон: «Амир Ҳусайн аввали баҳор бо лашкари Балху Бадахшон ва Қундузу Бағлон ва Андхӯю Шибурғон озими Самарқанд шуд. Ва ба каррот (ба такрор) аҳком ба сардорони Сарбадорони Самарқанд фиристод. Мазмун он, ки моро бар шумо эътимоди куллист ва аз ҷамеи умаро беҳтар донистаем, то урду дар саҳрои Кони Гил наёрем, аслан истиқбол менамоед. Он мискинон тамаллуқи (хушомадгӯйии) он тарози муғул бовар карданд. Чун амир Ҳусайн ба Кони Гил омад, Сарбадорон анвои такаллуф (мурооти барзиёд ва сохта) тартиб дода, ба хидмат расиданд ва пешкашҳо ба арз расониданд. Ва амир Ҳусайн эшонро ба иноят (меҳрубонӣ) баргардонид. Рӯзи дигар тансуқоти (туҳфаҳои) зиёда оварда, чун ба Карёс расиданд, ба муҷиби фармуда ҳамаро гирифта, сиёсат (яъне қатл) намуд.
Амири соҳибқирон Мавлонозодаро дархост карда, аз пойи дор бозовард ва дигарон ба роҳи адам рафтанд. Ва амир Ҳусайнро мамлакат софӣ шуда, мутамаккин гашт ва ҳирси ҷамъи мол бар ӯ ғолиб шуда, қоидаи зулму бедод бунёд ниҳод».
Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн, дастхати №347 аз Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ, саҳ. 197.