• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият дар Самарқанд / Маводҳои мактабӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият дар Самарқанд / Маводҳои мактабӣ

7 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.11.2022

Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият дар Самарқанд

Ҳуҷуми дубораи Туғлуқтемур ба Мовароуннаҳр ва ба тарафи истилогарони муғул гузаштани Темур. Ҳангоме ки Туғлуқтемур дар Мовароуннаҳр буд, дар сарзаминҳои Туркистону Муғулистон, ки ӯ дар он ҷо ҳокимият мекард, байни амирони муғул ҷангу низоъҳо ба вуҷуд меояд. Туғлуқтемур барои ором кардани вазъияти кишвараш ба зудӣ Мовароуннаҳрро тарк мекунад.

Дар Мовароуннаҳр боз байни ҳокимони маҳаллӣ ва сарони қабилаҳои муғулу турк муборизаҳо шиддат гирифт. Туғлуқтемур дубора соли 1361 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. Чун ба наздики Хуҷанд расид, ҳокими ин шаҳр амир Боязиди Ҷалоир ба истиқболи ӯ баромад. Инчунин, амир Баён Сулдуз – ҳокими Самарқанд низ изҳори итоат аз Туғлуқтемур кард. Туғлуқтемур то ба вилояти Кеш пеш омад. Баъди баргаштани Ҳоҷӣ Барлос аз Хуросон ба Кеш муносибаташ бо Темур хеле бад гардид. Бо шунидани хабари ҳуҷуми Туғлуқтемур Ҳоҷӣ Барлос бори дигар ба сӯйи Хуросон фирор карда, баъдан дар вилояти Сабзавор ба қатл расид.

Аз ҳокимони маҳаллӣ танҳо амир Ҳусайн–набераи Қазаған бар зидди Туғлуқтемур мубориза кард. Ӯ аз Кобулу Балх, ки доираи қаламрави ӯ буд, лашкари зиёде гирд оварда, то рӯди Вахш пеш омад. Мирхонд менависад: «Чун ҳар ду лашкар дар канори оби Вахш ба якдигар расиданд ва сафҳо биёростанд, Кайхусрави Хатлонӣ (ҳокими Хатлон) аз амир Ҳусайн ҷудо шуда,… ба мухолифон пайваст. Ва амир Ҳусайн… роҳи гурезро пеш гирифт».

Ҳамин тариқ, дар ҷангҳое, ки байни Туғлуқтемур ва амир Ҳусайн дар Мовароуннаҳр рух дод, амир Ҳусайн шикаст хӯрд ва ба ҷониби Хуросон паноҳ бурд.

Туғлуқтемур баъд аз шикасти амир Ҳусайн ва аз байн бурдани дигар мухолифони худ ва ғорати Бағлону Қундуз дубора хоҳиши ба Туркистону Муғулистон баргаштан кард ва писари худ Илёсхоҷаро ҳокими Мовароуннаҳр таъйин намуд.

Темур, ки шахси фурсатҷӯе буд, бо изҳори итоат аз Туғлуқтемур ба тарафи истилогарон гузашта, шаҳри Кешро дар ихтиёри худ нигаҳ дошт.

Созиши Темур бо ҳокими Балх амир Ҳусайн ва хиёнати ӯ бар зидди Туғлуқтемур. Хидмати Темур ба хони Муғулистон бисёр давом наёфт, зеро ӯ бо Илёсхоҷа созиш карда натавонист ва аз ин муносибати Темур Туғлуқтемур ба хашм омада буд. Темур аз қудрати Туғлуқтемур ба ҳарос омада, маҷбур шуд бо амир Ҳусайн муттаҳид шавад. Ин иттиҳод боис шуд то Темур бо хоҳари амир Ҳусайн – Улҷойтурқон низ издивоҷ кунад. Темур баъд аз шиддат ёфтани мухолифаташ бо Илёсхоҷа маҷбур шуд шаҳри Кешро тарк намуда, ба ҷустуҷӯйи амир Ҳусайн барояд. Темур баъд аз ҷустуҷӯи зиёде амир Ҳусайнро дар биёбонҳои Хоразм пайдо кард. Ҳар ду ба умеди ёрӣ гирифтан ба назди ҳокими Хоразм омаданд. Ҳокими Хоразм чун тарафдори хонҳои муғули Мовароуннаҳр буд, онҳоро бо ҷанг пешвоз гирифт. Бо вуҷуди ин ки дар ин ҷанг ҳокими Хоразм кушта шуд, Темур ва Ҳусайн низ талафоти зиёд дода, маҷбур шуданд фирор намуда, ба Марв биёянд. Аммо дар Марв онҳоро ҳокими он Алибек Ҷониқурбонӣ асир гирифта, ба зиндон андохт. Муддати ду моҳ Темур ва Ҳусайн дар зиндон буданд. Бародари Алибек, Муҳаммадбеки Ҷонӣ онҳоро харида, аз банд раҳо кард. Амир Ҳусайн ба сӯйи Ҳилманди Хуросон рафт ва Темур чанде дар Кеш дар назди хешовандони худ пинҳонӣ зиндагӣ кард. Баъд аз муддате ӯ бо гурӯҳе аз тарафдорони худ ба Ҳирот омад ва ба ҳокими он ҷо Малик Муиззиддин Оли Курт мулоқот карда, чанд вақти дигар дар паноҳи ӯ зиндагӣ кард. Аз ин воқеа амир Ҳусайн бохабар гашт ва ӯ низ ба назди Малик Муиззиддин омад. Аз омадани амир Ҳусайн ба Ҳирот Туғлуқтемур огоҳ шуд ва намояндаи худро ба назди Малик Муиззиддин фиристода, талаб кард, ки амир Ҳусайнро асир карда, ба назди ӯ фиристад. Малик Муиззиддин амир Ҳусайнро дар яке аз қалъаҳои худ ҳабс кард ва намояндаи худро ба назди Туғлуқтемур фиристода, хабари дурӯғин фиристод, ки амир Ҳусайн дар ҳабс вафот кардааст, то ин ки Туғлуқтемур ором шуда, ба ин ҷониб лашкар накашад. Амир Ҳусайн аз ҳабс фирор карда, ба ҷониби Қандаҳор рафт.

   Ба Систон фирор намудани Темур ва амир Ҳусайн. Захмӣ гардидани Темур ва Темурланг ном гирифтани ӯ. Дар ин муддат Темур дар Ҳирот буд ва бо иҷозати Малик Муиззиддин ба тарафи Систон омад. Темур бо худ ин замон 500 савора дошт. Ӯ дар Систон ба ғорат кардани галаҳои гӯсфанду аспи мардум машғул шуд. Дар яке аз шабҳое, ки Темур ба ғорати галаҳо меомад, мардуми Систон ба ӯ ва ҳамроҳонаш ҳамла карданд, ки дар натиҷа тарафдорони Темур зиёд кушта шуданд. Дар ин ҷанг Темур аз пойи рост захм бардошт ва аз ду ангушти дасти росташ маҳрум шуд. Темур худро ба яке аз хаймаҳои саҳронишинон расонид ва муддате пинҳонӣ худро табобат кард. Дар он ҷанг пойи росташ чунон зарба дид, ки то поёни умр мелангид ва ба ин ҷиҳат ӯро Темурланг номиданд.

Амир Ҳусайн ва Темурланг дар Хуросон лашкари қудратманде гирди ҳам оварданд. Барои онҳо имкон фароҳам омад, ки дубора вориди Мовароуннаҳр шаванд. Дар зимистони солҳои 1363–64 вазъияти Мовароуннаҳр дигар шуда, ҳукумати минтақа аз вуҷуди ҳукмронони муғул холӣ гашт.

   Аз тасарруфи хони Муғулистон озод кардани Мовароуннаҳр. Соли 1363 Туғлуқтемур дар Кошғар вафот мекунад. Писари ӯ Илёсхоҷа барои ба даст овардани тоҷу тахти Муғулистон аз Мовароуннаҳр равонаи Кошғар мегардад. Аз ин фурсат истифода бурда, баҳори соли 1364 амир Ҳусайн ва Темурланг бо машварати ҳамдигар Илёсхоҷаро дар роҳ таъқиб намуда, ба ӯ зарбаи сахт мезананд. Дар натиҷа Илёсхоҷа шикаст хӯрда, муғулон аз Мовароуннаҳр ронда мешаванд. Баъд аз ин амир Ҳусайн ва Темурланг муваққатан ҳукмронии Мовароуннаҳрро ба даст гирифтанд. Мардуми Мовароуннаҳр амир Ҳусайн ва Темурлангро бад медид. Бадбинии халқ хусусан нисбат ба амир Ҳусайн бештар буд, зеро ӯ ба мардум зулми беандоза мекард. Ҳангоми шунидани арзу хоҳиши мардуми Самарқанд ӯ дар даст ҳамеша силоҳи шашпари оҳаниро дошта меистод. Аксар вақт амир Ҳусайн ба ҷойи ба арзу шикоят ҷавоб додан, ба шахси муроҷиаткунанда дарафтода, ӯро бо шашпар бераҳмона мезад ва ба ҷазои сахт гирифтор мекард.

   Забти дубораи Мовароуннаҳр аз тарафи писари Туғлуқтемур – Илёсхоҷа. Шикасти амир Ҳусайн ва Темурланг дар муҳорибаи «Ҷанги гилӣ» ва ба Балх фирор кардани онҳо. 

Хони Муғулистон намехост,  ки барои ҳамешагӣ Мовароуннаҳрро аз даст бидиҳад, аз ин рӯ, ба хотири дубора соҳиб шудан ба сарзамини аздастрафтааш, ба ин самт хост лашкар кашад. Баъд аз вафоти Туғлуқтемур (соли 1363), писар ва вориси ӯ Илёсхоҷа бо мақсади дубора забт намудани Мовароуннаҳр баҳори соли 1365 бар зидди амир Ҳусайн ва Темурланг лашкар кашид. Амир Ҳусайн ва Темурланг қаблан аз лашкар кашидани Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр хабар ёфта, ба ҷанг тайёрӣ дида, лашкари бисёр ҷамъ карданд. Ду лашкар дар соҳили дарёи Чирчиқ бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ҷанг дар байни Чиноз ва Тошканд ба вуқӯъ пайваст. Ин ҷанг дар таърих бо номи «Ҷанги гилӣ» ё «Ҷанги лой» машҳур аст, зеро ҳангоми ҷанг борони сел борида, ҳама ҷойро лой карда буд. Дар натиҷа аспҳо дар гилу лой лағжида меафтоданд ва талаф мешуданд. Лашкари Темурланг дар ин ҷанг тарафи рости лашкари Илёсхоҷаро ба ақибнишинӣ маҷбур кард, вале лашкари амир Ҳусайн дар тарафи чап аз лашкари Илёсхоҷа шикаст хӯрда, рӯ ба гурез овард. Дар натиҷа Темурланг ҳам маҷбур шуд, ки майдони ҷангро тарк кунад. Ҳамин тавр, Темурланг ва Ҳусайн дар ин муҳориба тамоман торумор гардида, нахуст ба Самарқанд, аз он ҷо ба Кеш ва аз Кеш ба Балх фирор карданд. Самарқанд он замон девори муҳофизатӣ ва қалъа надошт, ки дар ҳолати муҳосираи шаҳр аҳолӣ пинҳон шавад. Илова бар он, тамоми лашкар ва фармондеҳони Темурланг ва Ҳусайн низ ҳамроҳи онҳо фирор карда буданд. Дар ин ҷанг лашкари муғул беш аз 10 ҳазор нафарро аз даст дод.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Мирзо Абдулқодири Бедил (1642-1720) / Маводҳои мактабӣ
  • Сотим Улуғзода (1911-1997) / Маводҳои мактабӣ
  • Ҷалол Икромӣ (1909-1993) / Маводҳои мактабӣ
  • Шукри истиқлоли Ватан мекунем / Маводҳои мактабӣ
  • Муносибати Темурланг бо Тухтамишхон. Усулҳои муборизаи Темурланг ба ҳангоми забткориҳояш / Маводҳои мактабӣ
  • Оғози лашкаркашиҳои Темурланг / Маводҳои мактабӣ
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат