Умар Хайёми Нишопурӣ (форсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 май 1048, Нишопур, Салҷуқиён — 4 декабр 1131, Нишопур, Салҷуқиён) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.
Зиндагинома
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст[5].
Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.
Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шуҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷату-л-ҳақ, Шайху-л-Имом, Ашшайху-л-Аҷалл, Аллома, Қудвату-л-фазл (Улгуи фазилат), Султону-л-уламо, Малику-л-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд[6].
Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба уҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.
Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фӣ шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.
Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст.
Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.
Шинохти Хайём
Ба далели шуҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ мағфул монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст.
Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин иштиҳорест. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола» — ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст — чунин алқоберо дар бораи вай ба кор мебарад ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма».
Бештари касоне, ки дар асри мо ба баҳсу пажӯҳиш дар бораи Хайём пардохтаанд, рубоиёти ӯро дар меҳвари таҳқиқот ва довариҳои худ қарор додаанд ва бидуни таваҷҷуҳ ба осори дигари Хайём — ки дарбаргирандаи дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломии ӯст — ба табйини муҳтаво ва дарунмояи рубоиёти вай бархостаанд. Ва ба ҳамин сабаб, афкореро ба вай нисбат додаанд, ки бо муҳтавои дигар осори бозмонда аз вай созгорӣ надорад.
Фаъолияти илмӣ
Риёзӣ
Хайём дар риёзиёт, улуми адабӣ, динӣ ва торихӣ устод буд. Нақши Хайём дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Иқлидус, номи ӯро ба унвони риёзидоне барҷаста дар торихи илм сабт кардааст; ба гунае ки дунёи риёзӣ мадюни таҳқиқот ва иктишофоти ин донишманд аст. Ибдоъи назарияе дар бораи нисбатҳои ҳамарз бо назарияи Иқлидус низ аз муҳимтарин корҳои ӯст.
Ситорашиносӣ
Ислоҳи гоҳшумории Эрон
Яке аз барҷастатарин корҳои Хайёмро метавон ислоҳи гоҳшумории Эрон дар замони вазорати Хоҷа Низомулмулк, ки дар давраи салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ буд донист. Тақвими имрӯзи эронӣ, ҳосили муҳосиботе аст, ки Хайём ва иддае аз донишмандони дигар анҷом доданд ва ба номи Ҷалолуддин Маликшоҳи Салқуқӣ, Тақвими Ҷалолӣ хонда мешавад.
Фалсафа
Торихнигорон ва донишмандони ҳамасри Хайём ва касоне ки пас аз ӯ омаданд, ҷумлагӣ бар устодии Хайём дар фалсафа эътироф кардаанд, то он ҷо ки гоҳ вайро ҳакими даврон ва Ибни Синои замон донистаанд. Осори фалсафии мавҷуди Хайём ба чанд рисолаи кӯтоҳ аммо амиқ ва пурбор маҳдуд мешавад ва охирин рисолаи фалсафии Хайём баёнкунандаи гароишҳои ирфонии ӯст.
Дигар донишҳои башарӣ
Истеъдоди шигарфи Хайём сабаб шуд, ки вай дар заминаҳои дигаре аз дониши башарӣ низ дастовардҳое дошта бошад. Аз вай рисолаҳои кӯтоҳе дар заминаҳое чун меконик (механика), ҳидрустотик (гидростатика), ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст. Ахиран низ таҳқиқоте дар мавриди фаъолияти Хайём дар заминаи ҳандасаи тазйинӣ анҷом шудааст, ки иртиботи ӯро бо сохти гунбади шимолии Масҷиди ҷомеи Исфаҳон таъйид мекунад.
Хайёми шоир
Умари Хайём бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохташуда аст.
Тоза, рубоиёте, ки Ҳаким Хайём ба онҳо дар ҷомеаи мо шуҳрат дорад, рубоиёте аст, ки бештар ба мазоқи «алкашҳо» ва пучгароён хуш меояд, то одамони дурусту ҳисобӣ, ва ба гуфтаи Эдворд ФитзҶеролд(англ.), «рубоиёти Хайём, Хайёмро барои хонанда чунон ҷилвагар мекунад, ки шаробхора ва шаҳватрон аст ва дар худпарастӣ ва шаҳавоти худ ғарқ аст, аз тақлид бар канор ва нисбат ба ахлоқи марсум нофармон, ва ҳадафи ниҳоии ӯ ҷалби сурур ва фурӯ рафтан дар лаззот аст. Ӯ монанди файласуфони дигар дар фикри он нест, ки ба нашри фазоил бикӯшад ва пояи ахлоқро устувор кунад. Афкори ӯ асосе надорад, аз суханони ӯ барои мардум фоидае оид намешавад, ақоиди ӯ мӯҷиби харобии низоми иҷтимоӣ аст, ва ба як сухан, Хайём шоир аст, вале файласуф нест.»
Дар бораи Хайёми шоир гуфтаанд, ӯ дар замони ҳаёташ ҳаргиз ба унвони шоир шинохта нашуда ва ҳатто сурудаҳояш дар замони ҳаёти вай маъруф набуда ва тадвин нашуда ва танҳо байни як даста аз дӯстони самимии ӯ шуҳрат дошта ва пас аз маргаш мунташир шудааст. Ӯ ба ду забони порсӣ ва арабӣ шеър месуруда.
Рӯбоӣ
Теъдоди воқеии рубоиёти Хайёмро беш аз 100 рубоӣ намедонанд, ҳол он ки беш аз чанд ҳазор рубоӣ ба ӯ нисбат дода мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам миқдори рубоии ӯро бештар аз сад, ҳатто, панҷсадто гуфтаанд[10]. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар мавриди Хайём нигаришҳои мухталифе дар байни муҳаққиқон вуҷуд дорад. Иддае калимоти ӯро куфромез дониста ва ё ӯро шаробхор пиндошта ва ба ашъори ӯ аз ҷиҳати тарғиб ба майхорагӣ нигариста ва ҳатто иддае ӯро беэътиқод ба мабдаъ ва маъод фарз кардаанд.
Як ҷуръаи май мамлакати Чин арзад,
Як қатраи май сад дилу сад дин арзад.
Хуштар зи шароб дар ҷаҳон чист, бигӯ?
Талхе, ки ҳазор ҷони ширин арзад.
گویند کسان بهشت با حور خوش است
من می گویم که آب انگور خوش است
این نقد بگیر و دست از آن نسیه بدار
کآواز دهل شنیدن از دور خوش استГӯянд касон биҳишт бо ҳур хуш аст,
Ман гӯям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он насия бадар,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.They say that the Garden of Eden is pleasant with houris,
I say that the juice of the grape is pleasant.
Аммо шуморе аз Хайёмшиносон бар ин боваранд, ки рубоиҳое, ки ба Хайём нисбат дода мешаванд, аслан маълум нест, аз Хайём бошанд. Онон муътақиданд, ки рубоиёти илҳоқӣ бисёр дар тайи қурун ба рубоиёти асили Ҳакими Нишопурӣ пайвастаанд ва бисёре аз рубоигӯён ба далоиле чанд, аз ҷумла бим аз авзоъи сиёсӣ, надоштани шаҳомати кофӣ барои баёни ақоиди хеш ва ё ба манзури бархӯрдорӣ аз шуҳрати Хайём ва тарвиҷи сурудаҳои хеш дар сояи ин шуҳрати оламгир, сурудаҳояшонро ба ӯ мансуб кардаанд.
Ба ҳамин хотир аст, ки камтар шахсиятеро метавон ёфт, ки чун Хайёми Нишопурӣ дар миёни ду изҳори назарҳои мутаноқиз гирифтор омада бошад. Гурӯҳе Хайёмро кофир ва мулҳид, ва гурӯҳе сӯфӣ ва зоҳид гуфтаанд.
Аммо ба назар мерасад ҳақиқат дар мавриди Хайём ҳамон аст, ки Устод Аллома Ҷаъфарӣ мегӯяд. Ӯ, Хайёмро мутакаллиме муътақид ба мабонии дин медонад ва бо ишора ба алқоб ва ановини пуразамате назири Ҳаким, Хоҷа, Имом, Ҳуҷҷату-л-ҳақ, Шайху-л-Имом, Ашшайху-л-Аҷалл, Аллома ва ғайра, ки муосирони Хайём дар бораи вай ба кор бурдаанд, мегӯяд: «Итлоқи чунин алқобе ба касе ки мубаллиғи пучгаройӣ ва муътақид ба лаззатпарастӣ бошад, на бо мавозини фарҳанги рӯзгори ӯ созгор аст ва на метавонад қобили тавҷеҳ бошад.»
Дастхатҳои рубоиёти Умари Хайём дар китобхонаи Бодлеяни Донишгоҳи Оксфорд, ки соли 1460 сабти ном шудааст, маҳфуз мебошад[10].
Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта бунёд макун,
Холи хуш бошу умр барбод макун.
Тарҷумаҳои рубоиёти Хайём
Зиёда аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омузиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Ба монанди К. Балмонт, И. Тхоржевский, Л. Некора, О. Румер, А. Старостин, С. Липкин, М. Ватагин,Т. Спендиарова, Г. Плисетский, Г. Семёнов, Н. Стрежков, В. Зайтсев, С. Бону, К. Арсенева, Д. Седих, В. Микрюков, А. Ревич, В. Державин, М. Синелников, Н. Орлова, А. Кушнев, А. Шербаков, И. Селвинский, Л. Пенковский ва даҳҳо дигарон. Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария (шаҳри Сюрих), донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар (Женева) барои санҷиши қалам ва сайқали фикр ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.
- Намунае аз тарҷума ба забони русӣ
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
До нас сменялись дни и ночи чередой,
Светил вращенью и не грезился покой.
Будь осторожен и ступай на землю мягко,
Ведь это — прах красавиц под твоей ногой!