• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Фаъолони тоҷик/Саидмурод Давлатов
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Саидмурод Давлатов

141 нафар дид 2

Муаллиф: Донишхона
31.01.2024

Саидмурод Давлатов (Давлатов Саидмурод Раҷабович; зод. 6 июни 1978, деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — нависандаи тоҷик аст, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ менависад.

Зидагинома

Саидмурод Давлатов 6 июни соли 1978 дар деҳаи кӯҳистони Дарғи вилояти Суғди ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар оила Фарзанди даҳум аст. Падараш дар синни яксолагаш вафот кард. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ӯ ба Маскав ҳиҷрат кард.

Пас аз мактаб вай ба якбора ба се донишгоҳ дохил шуд, аммо ба иллати вазъи душвори молиявӣ маҷбур шуд, ки таҳсилро дар зодгоҳаш Тоҷикистон тарк карда, ба Маскав барои мардикорӣ равад. Дар Маскав ба Саидмурод муяссар шуд, ки дар мағоза ба ҳайси боркунак, маъмур дар бозор кор кунад.

Баъдтар ӯро Мирзакарим Норбеков ва Бодо Шефер омӯзиш медод. Дар якҷоягӣ бо омӯзиши гуруҳои машҳур, Давлатов ба ҳайси як соҳибкори амволи манзилӣ ва сармоягузор дар бисёр лоиҳаҳо муваффақ шудааст. Ва дар синни 27-солагаш озодии молиявиро ба даст меорад.

Вай таҳсилро бо Брайан Трейси, Стивен Ковӣ, Смилжан Мори идома медиҳад. Дар баробари омодагии худ, Давлатов дар зиёда аз 30 намуди тиҷорат муваффақ шудааст, тренингҳои муаллифии ӯ дар самти рушди шахсӣ, солимгардонӣ ва маҳви бесаводии молиявӣ дар 130 шаҳри ИДМ гузаронида мешаванд.

Соли 2007 Маркази байналмилалии рушди инсон “САМО”-ро таъсис дод. Аллакай зиёда аз ним миллион нафар одамон омӯзишро гузаштанд. Саидмурод услуби худро сохтааст, ки дониши психология, принсипҳои маънавӣ, саломатӣ ва муваффақиятро дар бар мегирад.

Эҷодиёт

Вай бо ду забон, русӣ ва тоҷикӣ менависад. Як қатор асарҳо ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, форсӣ тарҷума шудаанд. Муаллифи зиёда аз 20 китоб, ки баъзеашон дар фазои пасошӯравии Осиёи Марказӣ бестселлер шудаанд, яъне «Фалсафаи мӯрча», «Ман ва пул», «Ман ва пул 2», «Тарҳи фикрронии одамони сарватмандон ва камбизоат», «Қарзҳо дар чашмҳо об мешаванд», «Қонунҳои маънавии сарват», «Тилисми ғолиб», «Пул дар маркетинги шабакавӣ», «Роҳнамо ба орзӯҳо», «Чиро зан дар бораи мардон намедонад ва мард дар бораи занон чиро бояд донанд», «кӯдаки нобиғаи ман». Силсилаи китобҳои «101 саволу, сазовори ҷавоб», «Роҳҳои сарватманд шудан дар Тоҷикистон», «Роҳҳои миллионер шудан дар ИДМ», «Ман ва пул. Психологияи сарват», «Ҳама метавонанд сарватманд шаванд», «Ҳама метавонанд сарватманд шаванд. 12 қадам барои ба даст овардани суботи молиявӣ», «Тарҳи фикрронии одамони сарватманд ва камбизоат», «Қарзҳо дар пеши назари мо об мешаванд. Стратегияи зуд халос шудан аз сӯрохи молиявӣ.»

Моҳи ноябри соли 2019 дар Маскав наворгирии филми ҳунарии «Наставник» ба анҷом расид, ки дар он Саидмурод Давлатов ва сарнавишти ӯ ҳамчун прототипи қаҳрамон хидмат карданд. Тибқи иттилои нашрияи «Business Online» ба рейтинги 100 мусалмони бонуфузи Русия шомил шудааст.

Tags:Саидмурод Давлатов

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Исмоили Сомонӣ
  • Камоли Хуҷандӣ
  • Мирсаид Миршакар
  • Чинор Имомов
  • Нурулло Алиев
  • Ҳомидҷон Зоҳидов
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов