• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Шарму ҳаё зиннати инсон аст / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Шарму ҳаё зиннати инсон аст / Иншо

6 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Шарму ҳаё зиннати инсон аст

Нақша:

Муқаддима

  1. Шарму ҳаё зиннати инсон аст

Хулоса

Шарму ҳаё ҳусну зиннати инсон аст. Ҳар шахсе, ки бошарму ҳаёст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархўрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурўтану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурўтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ў ҳусни дигаре зам мекунад. Хусусан шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд ато намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд. Аз ин рў, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурўтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки шарму ҳаё аст, манманиҳо нишонае набуда, пешрафту нумўъ ба назар мерасад. Аз ин хотир адаб, шарму ҳаё роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шарму ҳаё бошад шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд.

Аз ин андешаҳо чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб, ки худ ифодагари шарму ҳаёст, худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ ҷоме моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи ақл, адаб, шарму ҳаё баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирўз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўз маҳв мекунад. Мисли оне ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.

Адаб тоҷест аз нури  илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд, ки ин бешубҳа сарчашмаи шарму ҳаёи инсонӣ ба шумор меравад. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Мутассифона дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Хусусан ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқ кайҳо берун шуда шарму ҳаёи шарқиёнаи худро фаромўш кардаанд. Аз даҳони онҳо шахс суханҳои қабеҳро шунида нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Нафрат ба оне ки сарчашмаи ҳусну ҷамол, зебоиву латофат ба сарчашмаи бадбахтиҳо, фисқу фуҷур табдил ёфтааст. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кўдакону наврасон, ҷавондухтарон рўз ба рўз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кўчаю хиёбонҳо бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳамдигарро ҳақорат мекунанд, гўё ин суханон суханони муқаррарии онҳо бошад. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са­раввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ, ки моломоли адаб, шарму ҳаёст ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андўхтан,

Пас дигар касро   адаб омўхтан.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат