• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Шарафи одамӣ аз илм аст / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Шарафи одамӣ аз илм аст / Иншо

30 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
16.08.2022

Мавзӯъ: Шарафи одамӣ аз илм аст

Нақша:

Муқаддима

  1. Шарафи одамӣ аз илм аст

Хулоса

Инсон мисли ҳар як мавҷуди дигари худовандӣ пас аз арзи вуҷуд намудан давраи камолотро сипарӣ мекунад, камолоти ҷисмонӣ ва камолоти маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки ба инсон ҳадья шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми мазоҳиру падидаҳои печдарпечу мухталифу пуртаззодаш доинста мегирад.
Инсон ҳамчун хулосаи ҳастӣ аз замоне, ки худро мешиносад ба шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мекунад.

Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахшиши моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати васоити нақлиёт, хуласи калом ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи зеҳни кӯдак фурӯрез мешавад.

Ӯ ба ҳар як пурсиш посух мехоҳад. Ба дигар сухан дар чунин ҳангоме барои кӯдак шинохту маърифати ҷаҳони перомун оғоз мегардад. Оҳиста – оҳиста волидайн, ки дар амри шинохту ошноии кӯдак ба падидаву рухдодҳои перомун ёварони мустақим буданд дар ин росто худро нотавон эҳсос мекунанд. Зеро шавқу ҳавас, кунҷковии кӯдак манбаву сарчашмаҳои нерӯмандеро тақозо мекунад. Ин аст, ки китоб, илм, маърифат ба кӯмак мешитобад.
Кўдак оҳиста оҳиста худ ба камол мерасад. Ба саволҳои худ ҷавоб пайдо мекунад. Аз паси ҷустуҷўи он мегардад. Асрори онро равшан мекунад. Барои худ саҳифаи нави ҳаёт – саҳифаи илмро мекушояд. Ин саҳифаи ҳаёти инсонӣ барои инсоният тазоди наверо ошкор мекунад. Ақлу хиради онро дучанд мегардонад. Барояш олами наву рангинеро боз менамояд. Қадри ўро дучанд мегардонад. Қадри ўро ҳамон илме дучанд мегардонад, ки Ю.А.Гагаринро машҳури ҷаҳон гардо-нида буд, ҳамон илме қадри ўро дучанд мегардонад, ки одамонро сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардо-нида буд. Илме, ки бо китоб алоқам андии ногусастанӣ дорад. Китоб худ маҳсули хираду зеҳни ҷӯяндаи инсон аст. Ў ба хотири он, ки донишҳои андӯхта, андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагони хеш интиқол диҳад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуд, сипас қоғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омӯхт.

Мисли ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон ба гумони мо арзишмандтаринаш китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки инсон бо пешгузаштагони худ мусоҳиб мегардад, садои онҳоро мешунавад, бо донигшу хиради эшон, бо мушкилоте, ки онҳоро гиребонгир будааст ошно мешавад. Аз он меомўзад, захираи маънавии худро ғанӣ меардонад.
Ҳар қавму миллате ба андозаи пешинаи таърихии худ соҳибкасб аст. Мероси хаттие, ки аз ниёгони мо ба ёдгор монда, ниҳоят гаронсанг аст. Меросе, ки фарогири риштаҳои мухталифи илму дониш аст. Сарчашмаи зояндаи илму маърифат аст.

Мо насли ҷавон бояд ба ин ин ёдгории бузурги гузаштагони худ, ки онро илмаш ном бурдаанд, рўй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз илми ў бошад. Беҳуда нест, ки Ибн Синои ҷавон дар синни нуздаҳсолагӣ бо табобати амир табибони дигарро, ки аз ў бузург буданд, маҷбур намуд ўро эътирофаш намоянд ва ҳатто аз ў омўзанд. Аз ин рў, он чиро, ки аз зеҳни пешиниёни мо дар саҳифоти китобҳо боқӣ мондааст биёмӯзем ва барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст хубтару беҳтар алифбои ниёгонро фаро гирифта, рўй ба илму маърифат орем.
Рост аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандист. Вобаста ба ин мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Аммо дар радифи ин ҳаргиз даст аз амалӣ намудани маҳсули илми худ дар амалия нагирем. Зеро илм чизест, ки такмили худро, пешрафти худро, инкишофи худро металабад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов