• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ / Иншо

12 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.01.2022

Мавзӯъ: Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ

Нақша:

Сарсухан

  1. Мазмун ва мундариҷаи романи «Шодӣ»
  2. Симоҳои мусбати романи «Шодӣ»
  3. Симоҳои манфии романи «Шодӣ»

Хулоса

Ҷалол Икромӣ чун нависандаи бузург дар адабиёти давраи шуравй маълуму машҳур гардидааст. У дар давоми умри пурбаракати хеш осори зиёде офарида, ба дӯстдорони адабиёт гизои маънавй ва шавқу завқи бадей бахшидааст. Нависанда бо осори гаронбаҳои худ дар рушду инкишофи насри муосири тоҷик хизмати барҷастае кардаает. Баъди хатми дорулмуаллимин чанде дар Бухоро ба ҳайси муаллим адои вазифа намудааст. Ҷалол Икромй соҳиби таҷрибаи бойи нависандагй будааст. Фаъолияти адабии ӯ аз шеърнавией огоз шуда бошад ҳам, эҷод намудани романҳои таърихй дар мероси адабии ӯ мавқеи муҳим дорад.

Нависанда таҷрибаи осори насрии худро нахустин маротиба дар асари бузурги худ романи «Шодӣ» зоҳир намудааст. Романи «Шодӣ» дорой ду китоб буда, воқеаҳои замони дигаргуниҳои баъдиҷангии ҳаёти колхозиро дар бар мегирад. Ҷалол Икромй дар навиштани ин асар ба таҷрибаи нависандагии адиби рус

Михаил Шолохов пайравӣ намуда, ба анъанаҳои хуби адабиёти рус такя кардааст. Романи «Шодӣ» ҳамчун ҳуҷҷати таърихй ва бадеии он солҳо дониста шуда, қаҳрамони асар, асосан, оммаи халқ маҳсуб мешавад. Дар асар масъалаи тагйири идеявии одамон ва рушду инкишофи муносибатҳои сотсиалистй дар симои деҳқонони гуногунтабақаи Гулистон ва ба вуҷуд омадани деҳаи нави колхозй инъикос ёфтааст. Дар роман кору фаъолияти қаҳрамонони мусбат ва манфй тасвир ёфтааст. Қаҳрамонони мусбат дар симои Шодӣ, Бобосафар, Зебихола, Муқим, Акай Истад, Қосимҷон бо образҳои манфии роман Мансурбой, Калоншоҳ, Холмирзо, Қудрат, Тӯрабек муқобил гузошта шудааст. Симои Шодӣ ҳамчун қаҳрамони асосии роман хеле хуб тасвир карда шудааст. Симои ӯ дар роман ҳамчун котиби ташкилоти ибтидоии иартиявй ва намояндаи ҳукумат дар деҳот тасвир ёфта, ба образи Давидови Михаил Шолохов аз романи ӯ «Замини корамшуда» қаробат дорад. Шодӣ чун фарзанди вафодори халку Ватан, ҳизб ва шахси поквиҷдону хоксору ҳалиму меҳрубон супоришҳои партия ва ҳукуматро софдилона иҷро менамояд. У ба масъалаи тарбияи наели наврас диққати ҳаматарафа медиҳад. Дар масъалаи ишқу муҳаббат низ нисбат ба Дилбар меъёрҳои одобу ахлоқи инсониро риоя кардааст. Шодӣ шахси масъулиятшинос аст. У манфиати ҷамъиятро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонад ва баҳри амалй шудани онҳо заҳматҳо мекашад.

Дар образҳои манфии асар кулакҳо, думравони онҳо Мансурбой, писарони ӯ, Калоншоҳ, Қудрат, Холмирзо ва дигаронро тасвир кардааст.

Хулоса, Шодӣ бар зидди ақидаҳои кӯҳна муборизаи беамон бурда, пирӯзӣ ба даст меорад ва ба мақсади худ ноил мешавад. Нависанда саъй намудааст, ки хислатҳои неки ватандӯстонаи қаҳрамонони худро ҳамчун сифатҳои хуби одамони шӯравй ба қалам диҳад. Романи «Шодӣ» бо тамоми ҷиҳатҳои мусбату манфиаш дар насри муосири тоҷик таъсири бузург расонидааст. Нависанда ҷараёни задухӯрд ва душвориҳои зиёди ибтидои солҳои 30-юмро воқеъбинона инъикос кардааст. Бо инъикос намудани урфу одат ва расму оинҳои мардуми халқи тоҷик тавонистааст романро обуранги бадей бахшад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат