• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ / Иншо

14 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.01.2022

Мавзӯъ: Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмуни асосии роман
  2. Образи занҳо дар роман

Хулоса

Ҷалол Икромӣ аз зумраи он нависандагоне будааст, ки ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимин ба таҳлилу омӯзиши асарҳои тарҷумашудаи суханварони барҷастаи адабиёти рус ва Аврупо пардохтааст. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинии ӯ аз шогирдони дигар дида васеътар будааст. Аз рӯйи нақли худи ӯ, нависанда аз овони хурдсолй ба хонишу дониш меҳру муҳаббати беандозае зоҳир намудааст. У пас аз таҳсил дар мактабҳои кӯҳна, ба мактаби усули нави ибтидой медарояд. Нависандаи бузург аз овони кӯдакй бо маслиҳату машварати устод С. Айнй пешаи насрнависиро касб менамояд. У, баъдан, дар достоннависй қувваозмой намудааст.

Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба шумор меравад. Мазмун ва мундариҷаи асар давоми воқеаҳои романи «Духтари оташ» буда, ҳодисаву воқеаҳои солҳои 1920- 1922-ро фаро гирифтааст. Ин давра солҳои аввали баъди инқилоби халқии Бухоро буда, замони ниҳоят вазнини таърихй будааст. Ҳама табақаҳои ҷамъият инқилобро ба таври ба худ хос дарк мекарданд. Муносибати шахсони пешқадами ҷамъият аз қабили Асою Фирӯза, Аббосу Каримҷон ба тағйиротҳои гуногуни замона мусбат буданд.

Кӯвваҳое низ буданд, ки дастовардхои инқилобро намеписандиданд. Дар асар қаҳрамонони зиёде кору фаъолият намуда, ба иҷрои вазифаҳои инқилоби халқии Бухоро саъю талош варзидаанд. Симоҳои беҳтарин фарзандони содиқи халқу Ватан ба мисли Ҳайдарқул, Файзулло Хоҷаев, Ҳакимов, Абӯсаидов, Орифов, Азимҷон, махсус, дар баробари роҳбарони ҳизб В. В. Куйбишев ҳамчун муборизони содиқи роҳи инқилоб ба қалам дода шудаанд.

Образи занон дар ҳамаи асарҳои шоир зикр ёфтааст. Дар романи мазкур низ симои занон мавқеи муҳим дорад. Нависанда дар симои Фирӯза далерй, кордонй ва фидокории занони тоҷикро барои хушбахтии занони берӯзии замони худ тасвир намудааст. Симои Анбари Ашк бошад, дар роман ҳамчун давомдиҳандаи кору фаъолияти образи Дилором – каниз ифода ёфтааст. Анбари Ашк ҳамчун симои занони маърифатдӯст бо далерию сухандониаш ва бо санъату ҳунарнамоиҳояш дар тую тамошоҳо эътибор пайдо кардааст. У барои хушбахтиву озодии дигар занҳо ҷидду ҷахд менамояд. Хулоса, Анбари Ашк аз зумраи он занҳое будааст, ки инқилобро бо камоли хурсандй пазирой намуд ва ин чунин маъно дорад, ки агар худи Дилором – каниз ба ин рӯзи пирӯзии инқилоб нарасида бошад ҳам, наслҳои оянда ба ин мурод расидаанд, ки ин як муваффақияти занони озодфикри табақаҳои поёнии ҷамъияти замони амирй маҳсуб дониста мешавад. Нависанда дар симои занон на танҳо далерию ҷасурй, балки фазилатмандиву маърифатнокии онҳоро низ таҷассум намудааст.

 

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат