Мавзӯъ: Романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ
Нақша:
Сарсухаи
- «Дохунда» аввалин роман дар адабиёти муосири тоҷик
- Мазмуни асосии роман
- Симоҳои асосии роман
Хулоса
Айнӣ. Фарҳангу маданият, илму адаб ва таърихи халқи кӯҳанбунёди тоҷик бо ин номи бузург алоқамандии қавй дорад. Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун мураббй шоирону нависандагони зиёдеро тарбия кардаву ба камол расонидааст. Садриддин таҳсили ибтидоии худро дар мактаби пеши масҷиди деҳа оғоз намудааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаб каме савод бароварда бошад ҳам, вале ӯ ба он ҳама шарту шароите ки дар замонаш ҳукмрон буд, қонеъ набуд. Ҳамин орзую ҳаваси илмомӯзй будааст, ки дертар ӯро ба Бухоро овард. Ҳамин тариқ, баъди таҳсил дар мадрасаҳо ва шиносой пайдо кардан бо аҳли илму адабй Бухоро, Айнй ҳамчун шоири намоён ба камол мерасад.
Устод Айнй дар солҳои охири ҳаёти худ ба навиштани асарҳои насрй оғоз мекунад. Романи «Дохунда» яке аз асарҳои насрии нависанда буда, соли 1930 таълиф шудааст. «Дохунда» аввалин роман дар таърихи адабиёти собиқ шӯравй будааст.
Романи «Дохунда» муҳимтарин ҳодисаву воқеаҳо ва масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии замони нависандаро инъикос менамояд. Нависанда ба масъалаҳои тарбиявй-ахлоқй низ дахл кардаает. Ҳадафи асосии асар ин нишон додани муборизаи халқи тоҷик дар роҳи хушбахтиву озодй, худшиносиву истиқлолияти миллй ва барпо намудани ҷомеаи шӯравӣ ба шумор меравад. Нависанда тавассути қаҳрамони марказии романи «Дохунда»- Гулнор кору фаъолияти духтарони тоҷикро дар роҳи мубориза баҳри инқилоб возеҳу равшан нишон додаст. Симои Гулнор нисбат ба образҳои дигари офаридаи устод С. Айнй ба таври куллй фарқ мекунад. Нависанда хостааст, ки Гулнорро баръакси қаҳрамонони пешин ҳамчун шахеи мубориз ба қалам диҳад. У баҳри бахту саодати хеш, барои озодиву манфиатҳои халқи меҳнаткаш саъю галош менамояд. Чунин ҷиҳатҳои характери ӯ дар лаҳзаҳои мубориза бо ясавул, дар мавриди ёрии ӯ ба артиши сурх возеҳу равшан намудор мегардад. Дар асар ҷиҳатҳои ҷолиби диққат боз дар он аст, ки нависанда аввалин маротиба симои духтари тоҷикро ба таври комил ҳамчун муборизи роҳи озодй тасвир намудааст.
Яке аз образҳои дигаре, ки дар асар иамоён аст, ин симои Ёдгор мебошад. Симои Ёдгор дар «Дохунда» бо Гулнор алоқамандии қавй дорад. Мақсаду мароми қаҳрамонони асар як аст, аз ин рӯ, онҳо ҳамеша дар якҷоягй саъю талош меварзанд, ки масоили мураккаби худро бо дастгириву кӯмаки якдигар ҳаллу фасл намоянд. Дар роҳи ҳақиқат ҷонбозиҳо мекунанд, мехоҳанд ҳақиқатро дарёбанд ва адлу инсофро барқарор кунанд.
Аз рӯйи тасвири нависанда, Ёдгор яке аз намояндагони халқи меҳнаткаш буда, дар хизмати бой тамоми пастиву баландии ҳаётро меомӯзад. Ҷаҳонбинии Ёдгор рӯз ба рӯз васеъ мегардад. Дар муборизаҳо ширкат меварзад, фаъолтар мегардад. Муборизаву талошҳои Ёдгор на танҳо барои манфиати шахсии ӯ мебошад, балки барои хушбахтиву озодии ҷомеа низ равона карда шудааст.
Симои Ёдгор ҳамчун образи шахси нав дар ҷомеа мебошад, ки барои хушбахтиву некӯаҳволии халқи худ ҷонбозиҳо кардааст.
Нависанда Ёдгорро як марди поктинат, вафодор, ҷасур, далер, матинирода ба қалам додааст. У аз шикасту рехти зиндагй рӯҳафтода намешавад, балки аз ҳамаи ин нобасомониҳои ҳаёт дарси сабақ меомӯзад.
Хулоса, дар ин асар қдҳрамонон ва бунёдгузорони ҳаёти нави замонавӣ ба қалам дода шудаанд. Тамоми ҳодисаву воқеаҳое, ки нависанда тасвир мекунад, заминаи воқей дошта, аз байни халқ гирифта шудаанд.