Мавзӯъ: Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва мероси адабии ӯ
Нақша:
Сарсухан
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
- Осори боқимоидаи шоир
- Мавзӯъҳои дар баргирифтаи осори Возеҳ
Хулоса
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ соли 1818 дар яке аз марказҳои илмии ҳамонвақта, дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. У таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳи худ шрифта, дар мактаби қориён ба омӯзиш ва аз бар намудани «Қуръон» машгул шудаааст. Сипае, барои идомаи таҳсил ба Мадраса дохил мешавад. Возеҳ дар назди устодаш Домулло Ҳоҷибойи Хуҷандӣ илмҳои маъмулии замонаашро аз бар менамояд. Ғайр аз ин, берун аз барномаи Мадраса мустақилона илмҳои таъриху табииётро низ меомӯзад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Возеҳ дар ҷамъият ба мақоми шоиста соҳиб шуда натавонист. У дар мӯҳтоҷиву камбағалӣ умр ба cap мебурд.
Возеҳ бо кадом воситае ба хидмати Музаффархон даъват карда мешавад. У дар ин ҷо низ зиндагии осуда иайдо карда наметавонад. Зеро, муҳити ҷоҳилонаи Музаффархон ва атрофиёни у, ки ҳама ба фитнаву дасисаҳо мақоми баланд мехостанд, нисбат ба Возеҳ рашку ҳасад ва бадбиниҳо доштанд. Возеҳ ба ин муҳит одат карда наметавонист. Аҳволи Возеҳ боз ҳам бадтар мешуд. Вай аз дӯстону рафиконаш ҷудо шуда буд. Худи Возеҳ худ медонист, ки қаҳру ғазаби амир ба сари ӯ метавонад офату балоҳо биёварад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекард, ки ба ягон восита диққати амирро ҳеҷ набошад, зоҳиран, ба тарафи худ моил намояд. Шояд қасидаи зерини ӯ ба ҳамин муносибат навишта шуда бошад:
Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме Чашми ризо ба сӯйи мани бенаво кушай.
Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам Бас ганҷҳои фазлу маонй намуда ҷой.
Возеҳ барои нармтару хубтар кар дани газаби амир нисбат ба худаш тазкираи «Тӯҳфатулаҳбоб»-ро бо номи ӯ унвон медиҳад. Баъди ин аҳволи зиндагии шоир беҳтар мегардад. У дар ин солҳо хонадор мешавад ва ба сафари ҳаҷ мебарояд. Дар аснои сафар ӯ бо олимону фозилони кишварҳои хориҷӣ шинос мешавад. Ӯ аз Бухоро ба воситаи Туркманистон ва Қафқоз ба Истамбул сафар менамояд ва an он ҷо ба Арабистони Саудй раҳсипор мешавад. Баъд аз бозгашт ӯ хотираи сафарҳои худро дар шакли китоб бо номи «Савонеҳулмасолик вал фаросихулмамолик», яъне воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои байни кишварҳо таълиф мекунад.
Осори шоир хеле зиёданд. Тазкираи «Тӯҳфатулаҳбоб» зикри шоирони охири асри XVIII-po фаро гирифтааст. «Савонеҳулмасолнк» вал фаросихулмамолик» бошад, дар бораи сафари Возеҳ нақлу ривоят мекунад. «Кони лаззат ва хони неъмат», ки дойр ба тарзу усули тайёр кардани таомҳо, шириниҳо ва нонҳои мардумони Осиёи Миёна баҳс менамояд. «Ақоидуннисо», ки дар бораи ақидаҳо, урфу одат ва хурофотҳое,
ки дар байни занони ҷоҳили Бухоро ҳукмфармо будааст, накд менамояд.
Аз Возеҳ, ба гайр аз ин, девонҳои ашъори тоҷикй, туркй ва арабй боқй мондаанд Дар газалиёти ӯ ашъори лирикии шоир мавқеи хос дорад. Дар газалҳои ӯ эҳсоси норозигӣ бо оҳанги шикоятомез дарк карда мешавад:
Зи бас гирифта дил аз вазъи одами пирам,
Ба рузгори ҷавопӣ чу гунна дилгирам.
Дар ашъори шоир танқид ва мазаммати нуқсу иллатҳои иҷтимоии замонаш бг таври ошкоро ба назар мерасад:
Аз хубси нафс масдари сад фитшву шаранд,
Чун аждаҳо калиди дари ганҷу гавҳаранд.
Дар иддаои рутба зи афлок бартаранд,
Чун нек бингарй, ба ҳақиқат, ком аз харанд.
Мавзӯъҳои мадеҳавӣ ва мутоибавй низ дар ашъори ӯ дида мешаванд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки асарҳои Возеҳ бо фикру андешаҳои иешқадами худ дар тарбияи наели наврас аҳамияти бузург доранд. Ӯ дар раванди демократикунонии забони адабй низ бо истифода аз таъбиру ибора ва калимаҳои омиёнаи тоҷикй саҳми сазоворе гузоштааст. Фикру ақидаҳои пешқадам ва афкори маорифпарваронаи шоир дар рушду инкишофи ҷомеаи имрӯзаи мо таъсири мусбат хоҳанд гузошт.