• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳофизи Шерозӣ – шоири ғазалсаро / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳофизи Шерозӣ – шоири ғазалсаро / Иншо

1067 нафар дид 6

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳофизи Шерозӣ – шоири ғазалсаро

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мавзӯи ғазалиёти Ҳофиз

Хулоса

Бузургони илму адабу фарҳанг шабсқи ошшамд. Яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабнстп кнтсикии форсу тоҷик Шамсиддин Муҳаммади Ҳофизи Шсрочи шм қукми чунин оинаро дорад. Дар бораи Ҳофиз ва ашъорн руқиажпн ӯ баҳсҳо хеле зиёданд. Аҳди ҳар давру замон ӯро 6а ма «қабсиу ба равияе нисбат додаанд. Шоири бузургро то кунун гоҳ дипдору гоҳ бедин медонанду ба қалам медиҳанд. Доир ба пп м.к ьлла бо қатъият чизе- гуфтан имрӯз амри маҳол ва душвор асг. Таиҳо ҳамин нуқта маълуму равшан аст, ки Ҳофизи Шерозй он шахсс нсст, ки дар мактабҳои миёнаву донишгоҳҳову донишкадақо ба мо муаррифй намудаанд.

Ҳоҷа Ҳофиз соли 1321 дар шаҳри Шсроч ба дунё омадааст. Аз овони ҷавонй ба сурудани шеър огоз намудааст Ҳофиз аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик ва яке аз устодони газал ба шумор меравад. Мероси адабии Ҳоҷа Ҳофизро асосан газалиёт ташкил медиҳанд, ки мавчун асосии онҳо ишқу муҳаббати поки инсонй, дӯстиву ростқавлй, иокгинатй, панду андарзҳои ҳаётй, танқиди давру замонро фаро гирифтаанд. Ҳофиз шоири тавоно ва шӯҳратманду оламшумул будааст, ки ба Ҳақ расидааст. У шоире будааст, ки «Қуръон» -ро дар чордаҳ ривоят аз бар кардаву худ ба он ишора низ мекунад:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,

Қурьон зи бар бидонй дар чордаҳ ривоят

Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногун буда, тамоми мавзӯъҳои ҳаётиро дар бар мегирад. Ҳофиз бар он ақидааст, ки ҳар як инсон бояд сабру тоқатро гхешаи худ қарор диҳад. Зеро меваи сабр ширин аст. Мувофиқи аҳодиси набавй низ «Сабр калиди ҳамаи куигоишҳо» маҳсуб дониста мешавад, ки Ҳофиз ба он дуруст ишора менамояд:

Сабр кун Ҳофиз ба сахти рузу шаб,

Оқибат рузе биёбй комро.

Дар ҷои дигар чунин таъкид менамояд, ки ҳар як шахе бояд ба худованд ва пайғамбари ӯ эмон оварад. Ва барои расидан ба орзуву мурод дар роҳи Худо сабру таҳамулро пеша намояд. Зеро худованд собиронро бешак дуст медорад Шахсоне, ки сабрро пешаи худ қарор медиҳанд, зафар ҳоҳанд ёфт:

Сабру зафар ҳарду дустони қадиманд,

Бар асари сабр навбати зафар ояд.

Ҳофиз донандаи хуби дини ислом будааст. Хонандагони «Қуръон»-ро муқаддастарин инсонҳо мешуморад. Дар ҳақиқат, дар хонадоне, ки дар он «Қуръон» тиловат шавад ва номи офаридгори бузургу ягона дар он ҷо бурда шавад, файзу баракат дар он хонадон афзун мегардад:

Зоҳид ар риндии Ҳофиз накунад фаҳм чи бок,

Дев бигрезад аз он қавм, ки Курьоп хопанд.

Шоир ба дину диёнат эътиқоди қавй дошта, ба он аз назари инсондӯстй менигарист. Вале рӯҳониёни мутаассибро, ки аз мавқеи динии хеш ба сари мардуми одй ранҷу азобу кулфат мерехтанд, мавриди тозиёиаи танқид қарор додаст. Аз ин ҷиҳат, зулму золимиро, ки аз тарафи онхо анҷом дода мешуд, нисбат ба гуноҳи динй вазнинтару нобахшиданй мешуморид:

Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ кун,

Ки дар шариати мо гайр аз ин гуноҳе нест.

У дар зиндагии ҳаррӯзаи худ бо душман мадоро карданрову бо дуст мурувват намуданро тарғибу ташвиқ менамояд.

Вале, ин вазъият чун дар муқобили тақдири иҷтимой қарор дорад, тағйироти куллии сахти ҷомеаро иешниҳод ва гақозо менамояд:

Дар кӯйи некномӣморо гузар надоданд,

Гар ту намеписандӣ, тагйир кун қазоро.

Беадолатии замона ӯро ба хашму газаб меорад, гоҳе аз он ноумед мешавад, вале, ҳар чй бошад ҳам, ба оянда назари нек дорад:

Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,

Бори дигар рузгори чун шакар ояд.

Гуфтаҳои шоири бузургу тавонои олмон Иоган Гётеро, ки дар пайравии Ҳофиз «Девони ғарбию шарқй»-ро эчод намудааст, ба хотир оварда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҳакиқат эҷодиёти шоир аҳамияти ҷаҳонӣ доранд ва дар маънавиёти бузургони ҷаҳон нақши муҳим гузоштааид.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

6 Ҳа  10 Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат