• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Об барои рушди устувор / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Об барои рушди устувор / Иншо

2 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
31.08.2022

Мавзӯъ: Об барои рушди устувор

Нақша:

  1. Об сарчашмаи ҳаёт
  2. Об барои рушди устувор

Хулоса

Зиндагии инсон аз ибтидо то интиҳо ба об марбут аст. Дар ҳақиқат об ин ҳаёт, зиндагист. Об ин неъмати бузург аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебошад. Обро инсон на танҳо барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кучаву хиёёбонҳо, обёрии заминҳои кишт истифода мебаранд. Инчунин, об барои мо ҳамчун роҳи нақлиёти обӣ хизмат мекунад, ки ба воситаи он киштиҳои гуногунҳаҷм мусофирон ва бору маҳсулотҳоро дастрас мекунанд. Об ҳаст, ки ба воситаи нерӯгоҳҳои баркӣ-обӣ қувваи барқ ҳосил мешаваду хонаҳои моро равшан мегардонад. Барои соҳаи саноат низ об яке аз ҷузъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар як фабрикаву завод барои тайёр кардании маҳсулоти худ аз об истифода мебарад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам об бошад, пас мо вазифадорем, ки ин сарчашмаи бузургро, ки асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда ва покиву ободист, тозаву озода нигоҳ дорем. Нагузорем, ки онро ифлос кунанд, бузургон гуфтаанд:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсон аст. Чуноне ки мегӯянд, гуруснагиро рафъ карда мешавад, аммо ташнагиро рафъ кардан хеле душвор аст. Яъне, ки гуруснагиро бартараф кардан мумкин аст, аммо барои ташнагӣ илоҷ хеле муушкил аст. Марбут ба об мақол ва дуои машҳуре ҳаст. Мегӯянд, ки об барин умрат дароз шавад… Бинед, чӣ гуна таманниёти зебо. Ин гуфтаи маъмулии халқ ба мақол мубаддал гаштааст.

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Олимон исбот кардаанд, ки инсон бе хӯрок метавонад то 3 моҳ ва бе об танҳо 2-3 рӯз зиндагӣ кунад. Организми кӯдак 80,6%, миёнсол 75,9% ва калонсолон 60-70% обро ташкил медиҳад. Ҳатто 50% организмҳои ҳайвонот ва растаниҳо аз об иборатанд. Инсон дар як сол тақрибан 60 тонна об менӯшад.

Ҳофизи Шерозӣ дар яке аз ғазалҳояшон мегӯянд:

Мо дар пиёла аски рухи ёр дидаем,
Эй бехабар аз лаззати шурби мудоми мо.

Об сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯалӣ ибни Сино дар асри Х дар асари ”Қонуни илми тиб” дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи маризон, обро чун нигоҳдорандаи саломатӣ қайд кардааст.

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат