Мавзӯъ: Мундариҷаи ғояви ва таҳлили образҳои асосии достони «Сиёвуш» — и Абулқосим Фирдавсӣ
Нақша:
Муқддима
- Достони «Сиёвуш» ва гояи асосии он
- Сиёвуш — рамзи ҳақиқатталабӣ ва ростгуйи
- Ду зани дорой ду сифати ба ҳам зид
- Ду шоҳи аз ҷиҳати хислат ба ҳам наздик
Хулоса
Фирдавсй дар таърихи адабиёт бо достонҳои_безаволи «Шоҳнома»-и худ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. У аз аҳли ашрофзодагони заминдори замони худ будааст. Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 ба дунё омада, соли 1020 аз олам даргузаштааст. Фирдавсй тамоми ҳаёти худро ба навиштани «Шоҳнома» сарф намудааст. «Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонй мебошад.
Достони «Сиёвуш» яке аз достонҳои машҳури «Шоҳнома»-и Фирдавсй маҳсуб мешавад. Сарчашма ва асоси пояи ин достонро ривоятҳои қадимии гузаштагонамон ташкил медиҳад. Дар сарчашмаҳои устуравии пешин,Сиёвуш ҳамчун худой наботот ва киштзорҳо эътироф шудааст. У аз дасти қувваҳои бадй кушта мешавад.
Фирдавсй ин достони худро низ бо васфу ситоиши хирад огоз менамояд:
Су хан чун баробар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад.
Сиёвуш фарзанди шоҳ Ковус буда, дар назди Рустами паҳлавон ба воя расидааст. У даврони кӯдакиашро дар зери сарпарастии Рустами ҷаҳонпаҳлавон мегузаронад. Дар симои Сиёвуш шоир тамоми хислатҳои неки инсонй, некӯй, росткорй, ҳақиқатпарастй, ҳақиқатгӯйй ва зебоиро тасвир намудааст. У муддате ба дарбори падар меояд, вале одобу ахлоқи дарбориён ба ӯ писанд намеояд. У аз фитнаву дасисаҳои дарбориён хабар меёбад.
Сиёвуш дар достон ҳамчун ҷавони ҷавонпаҳлавон, хирадманд, далеру қавиирода ба қалам дода шудааст. Бо вучуди ҳамаи ин далерию паҳлавонй, Сиёвуш шахси ҷангҷӯй нест. У, табиатан, ҷавони инсондӯст ва халқпарвар будааст, Сиёвуш гарафдори ободии ёру диёр мебошад. Умуман, шоир дар симои Сиёвуш хислатҳои неки инсониро монанди: хирадмандй, хоксорӣ, сулҳҷӯйӣ, ростқавлию росткорй, накӯйй ва зебойй. ҷамъбаст намудааст.
Симои Пирон дар достон ҳамчун марди корозмуда, пири хирадманд ва шахси бомулоҳиза тасвир ёфтааст. У ҳамеша гарафдори сулҳу салоҳ буда, мехоҳад ҳамеша сулҳу сафо барқарор бошад.
Фарангис зани покдомани вафодор, зебо буда, қамчун симои зани оқилаву фарзона тасвир ёфтааст.
Судоба, баръакси Фарангис, зани бадахлоқу ҳиллагар, маккораву хиёнаткор инъкос ёфтааст. Судоба барои ба мақсади зишти худ расидан аз ҳеҷ як бадӣ рӯй намегардонад.
Ковус шоҳи ишратпараст, тезхашм зудбовар ва ҷангҷӯй аст. Ковус ба корҳои давлатдорӣ аҳамият намедиҳад. Ковус шоҳест, ки хун рехтану ганҷу сарват ба даст оварданро боиси шавкату шӯҳрати шоҳӣ медонад.
Афросиёб низ ҳамчун шоҳи хунхор, ҷангҷӯй, мансабпараст, ҷафокор, аҳдшикан ба қалам дода шудааслч Хулоса, шоир дар симои Ковус ва Афросиёб шоҳони сабукфикр, ишратпараст, ҷафокор ва ахдшиканро тасвир намуда, таъкид бар он мекунад, ки шоҳ бояд адолатпеша, ҳақиқатҷӯй ва халқпарвар бошад.
Дар ҳақиқат, Фирдавсй дар адабиёти форсу точик яке аз бузургтарин сарояндаи достонҳои қаҳрамонй ба ҳисоб меравад. Фирдавсй дар навиштани достонҳои таърихиву қаҳрамонй истеъдоди беназире доштааст. Шоир дар достони «Сиёвуш» барои нишон до дани хислат ва ҳолату лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонҳо аз ҳама гуна воситаҳои тасвири бадей устодона истифода бурдааст.
Достони «Сиёвуш» асари фоҷиавй буда, хонандаро мутаассир мегардонад. Фирдавсӣ ҳамчун шоири инсондӯст ва иатанпарвар ҳангоми тасвири ҳодисаву воқеаҳо аз бисёр фикру андешаҳои пешқадам ва аз панду андарзҳои судманду ибратбахш, ки барои тарбияи наели наврас аҳамияти бузург дорад, ба таври фаровон истифода намудааст. Достони «Сиёвуш» дар тарбияи ахлоқии ҷавонон беҳтарин намуна аст.