• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мо пайравони Пешвои миллатем / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мо пайравони Пешвои миллатем / Иншо

2 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Мавзӯъ: Мо пайравони Пешвои миллатем

Нақша:

Муқаддима

  1. Мо пайравони Пешвои миллатем

Хулоса

Пайрав гуфтан аз рафтору кирдор ва амалҳои шоистаи касе ибрат гирифтан, давомдиҳандаи корҳои ӯ будан, ё ин ки аз ҷиҳати илму маданият ва хештаншиносӣ ба Ӯ монанд шудан аст. Хусусан, мо – ҷавонон мехоҳем аз пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Пас суоле рӯйи андеша меояд, ки чаро мо маҳз пайравони Пешвои миллат бошем? Кадом амалҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон андоза шуда метавонад? Хостам ақидаҳои шахсии худро гуфта бошам.

Сабаби ба сарвари давлат пайравӣ намудани мо – ҷавонон нотарсиву ҷасурӣ ва мардонагиву ғурури баланди ватандӯстии ӯст. Маҳз ӯ тавонист диловарона ҳимояи сулҳи Ватанро бар дӯши худ бигирад ва бигӯяд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат сулҳу ваҳдатро бар диёри тоҷикон ҳукмфармо сохт, қонунҳои наве, ки ба манфиати халқ аст, ҷорӣ намуд, барои омӯзиши илму дониш шароит муҳайё кард, барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ дорад, акси бузургони тоҷикро дар пулҳои миллӣ ҷоӣ додаст, ки ин арҷгузорӣ ва қадрдонӣ нисбати ниёгони хеш аст ва яке аз сифатҳои баланди сарварист. Баъди Истиқлолиятро ба даст овардан, меҳани тоҷикон ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ ранги дигарро гирифт. Иншоотҳои бузурги фарҳангӣ, илмӣ, саноатӣ, фароғатӣ, барқӣ сохта шуданд, ки яке аз пурқудраттарини он НБО-и Норак, Сангтӯда ва Роғун мебошад. Ин ҳама ва ҳама ба шарофати марди оқилу фарзона сарвари мамлакат бунёд гардидааст, ки ҳисоб надорад. Аз ин хотир, ба ӯ унвонҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат дода шуд, ки басо арзанда аст.

Бар диёри орзу Раҳмони сарвар омада,

Тоҷикистони навинро шамси анвар омада.

Миллатеро аз фаною давлатеро аз бало,

Карда эмин бошуҷоъ марди диловар омада.

Аз ҳидоятҳои неку фикри олиҳимматаш,

Қаҳрамони Тоҷикистон назди минбар омада.

Ҳоло боварӣ ҳосил карда истодаам, ки дар ҳақиқат мо – ҷавонон пайравони Пешвои муаззамем. Чунки ҷавонони муборизи Ватан – хонандагони болаёқат, донишҷӯён, техникони ҷавон ва олимону шоирони закитабъи ҷавон ақидаҳои худро дар ҳама соҳа диловарона дар оинаи нилгун, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо баён доранд, ки басо олист. Ин нуктаро сафи зиёд шудани иштирокчиёни озмунҳои вилоятиву ҷумҳурӣ ва берун аз он собит хоҳанд кард. Агар инсон виҷдонан поку оқибатбин ва нексиришт бошад, мудом дар назди худ мақсад гузорад, албатта, исми худро чун Пешвои муаззам дар таърих бо хати зарҳал сабт хоҳад кард. Ҳоло ба гуфтаҳои боло назар меафканаму таҳсину офарин мехонам ба модаре, ки чунин фарзанд зод.

Дар хулоса бояд ҳаминро таъкид кунам, ки Президенти мо шахси арзандаест барои намунаи ибрат шудан ба аҳли башар. Мо – ҷавонон коре кунем, ки аҳли волидон, ёру дӯстон аз амалҳои неки мо ифтихор кунанду дуо хонанд. Чуноне ки мо Пешвои худро.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат