• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мазмуни мухтасари «Маснавии маънавӣ» – и Ҷалолуддини Румӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Мазмуни мухтасари «Маснавии маънавӣ» – и Ҷалолуддини Румӣ / Иншо

1312 нафар дид 17

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мазмуни мухтасари «Маснавии маънавӣ» – и Ҷалолуддини Румӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мазмуни асосии «Маснавии маънавӣ»
  3. Мақоми панду андарз дар «Маснавии маънавӣ»

Хулоса

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикй ва ҳам дар олами фарҳангу тамаддуни ҷаҳонй ҳамчун шоири бузургу тавоно мақому манзалати баландеро касб намудааст. У соли 1207 дар шаҳри Балх дар оилаи шахси донишманд ба дунё омадааст. Ҷалолуддини хурдсол таҳсилоти ибгидоии хешро дар назди падар дар зодгоҳи худ гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил бо ҳамроҳии падараш ба сайру саёҳат мебарояд. У дар Ҳалаб ва дар шаҳри Қунияи Рум таҳсили илм намуда, бо Шамси Табрезй ошной пайдо карда, уро устоди маънавии хеш меҳисобад. Баъдан девони машҳури ашъори худро «Девони Шамси Табрезй» номгузорй мекунад. Румӣ соли 1273 дар шахри Қуния вафот мекунад.

Ашъори шоир аз ду бахши асосй иборат мебошад. Қисми аввали онро асари манзуми ӯ, ки яке аз машҳуртарину барҷастатарин китобҳост «Маснавии маънавӣ» ташкил медиҳад. «Маснавии маънавӣ» дорой шаш дафтар буда, 26 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Қисми бештари «Маснавии маънавӣ»-ро афкори пандуахлоқии шоир дар бар мегирад.

Ҷалолуддини Румй дар «Маснавии маънавй»-и хеш ба ҳама масъалаҳои ҳаётй дахл намудааст. Шоир дар шоҳасари худ инсонҳоро ба некиву накӯкорӣ ва ростиву ростгӯйй даъват менамояд.

Аз тарафи дигар, некиву накӯкориро яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонй маҳсуб медонад. Тамоми инсонҳоро барои иҷрои амали нек сафарбар ва ҳидоят менамояд:

Рае некй кун, ки даҳр нет донад,

Унекиро зи некувон настонад.

Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,

Он беҳ, ки ба ҷойи мол некй монад.

Ҷалолуддини Румй хислатҳои бади одамй: зулму золимй, пастиву разилии инсонҳоро сахт маҳкум намуда, ба воситаи қиссаву ривоятҳо ва панду масалҳову ҳикояҳои пандомез адлу инсоф, донишандӯзй, саховатмандй, меҳнатдӯстй ва меҳру муҳаббати инсониро тараннум менамояд:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

В-аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Румй ба оянда назари нек дорад, таъкид менамояд, ки инсон бояд ноумед нашавад, барои расидан ба қуллаи умеду орзуҳо бояд ҷидду ҷахд намояд:

Баъди навмедй басе уммедҳост,

Аз паси зулмат басе хуршедҳост.

Шоир дар масъалаи одоби сухан кардан ва хомӯширо пешаи худ қарор додан диди назари тозае дорад:

Хомӯшӣ баҳр асту гуфтан ҳамчу ҷӯ,

Баҳр мегӯяд туро, цӯро маҷӯ.

Шоир ба мавзӯи ҳирсу тамаъ дахл намуда, ҳирс, тамаъ, ҳасад ва мумсикиро яке аз хислатҳои бади одамй мешуморад. Дар баробари он, дар бораи фоидаву самараи қаноат сухан ронда, мардумро ба қаноатпешагй даъват менамояд:

Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,

Аз ҳарисӣ ҳеч кас султан нашуд.

Ба ақндан шоир ҳар як инсон дар ҷомеа макому манзалати хешро дорад. Мавқеи ҳар як шахе муайян аст. Ҳар як фард бояд ҳадду ҳудуди хешро донад ва мувофиқи он рафтор намояд:

Ҳадди худ бншносу бар боло мабар,

То наяфтй дар нишеби шуру шар.

Ҳамин тариқ, «Маснавии маънавй» саропо масъалаҳои пандуахлоқиро фарогир буда, хислатҳои неки инсонро дар ҷомеаи мо тарғибу ташвиқ менамояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

17 Ҳа  3 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов