Мавзӯъ: Мазмуни мухтасари достони «Хусрав ва Ширин» — и Низомии Ганҷавӣ ва таҳлили образҳои марказии он
Нақша:
Маълумоти мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаьолияти шоир
- Муидариҷаи асосии достоин «Хусрав ва Ширин»
- Симоҳои асосии достой
Хулоса
Низомӣ яке аз шоирони бузурги адабиёти форсизабони Озорбойҷон ба шумор меравад. Низомӣ соли 1141 дар оилаи курдҳои Озорбойҷон ба дунё омадааст. Падари Низомӣ аз аҳди илму фазл будааст. Як муддаг дар дарбор адои хизмат ҳам мекунад. Вале худи шоир ҳаёти дарборро напеписандад, У мсхоҳад дар ҷое бошаду танҳо хизмати мардумро анҷом диҳад* Мсроси адабии шоир хеле бою ғанй аст. У дар адабиёт офарандаи асари безаволи «Хамса» маҳсуб дониста мешавад. «Хамса»-и Низомӣ дорой панҷ асари бузург мебошад.
Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии «Хамса»-и Низомй мебошад, ки шоир онро дар тӯли се сол таълиф намудааст. Мавзӯи асосии достон ишқу муҳаббати поки инсонй буда, бо сурудани он шоир тавонист дар адабиёти тоҷику форс бар ин навъи ишқнома асос гузорад. Достони «Хусрав ва Ширин»намунаи барҷастаи он достонҳоест, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамтое надорад. Қаҳрамони асосии достони «Хусрав ва Ширин» Хусрави Парвиз аст. Шоир дар ин достон ишқу муҳаббати Хусрав ва Ширинро бо тамоми нозукиҳояш тасвир намудааст. Хусрав аз рӯйи нақли бобояш ба Ширин гоибона дил мебандад. Ширин дар ҳусну ҷамол беназир буда, дорой одобу аҳлоқи ҳамида мебошад. Ширин ҳам аз рӯйи нақли Шопур гоибона ба Хусрав ошиқ мешавад. Хусрав баъд аз марги падар ба тахти шоҳй менишинад, Шоир баъди ин воқеаву қодисаҳои достонро тасвир менамояд, ки хеле ҷолиб аст. Дар ин миён Фарҳоди кӯҳкан низ ба Ширин ошиқ мешавад. Аз ишқи Фарҳод ва Ширин Хусрав хабар ёфта, дар оташи рашк месӯхт. Дар достони «Хусрав ва Ширин» ҳодисаву воқеаҳо бо марги ошиқу маъшуқ ба охир мерасанд. Дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомй саргузашти як қатор қаҳрамонон нақлу ривоят карда мешаванд, ки аз онҳо Хусраву Ширин ва Фарҳод қаҳрамонони асосӣ мебошанд. Ҳамаи ин қаҳрамонҳо ба ду гурӯҳи асосии ба ҳам муқобил ҷудо мешаванд. Дар асар Ширин ва Фарҳод қаҳрамонҳои мусбат маҳсуб дониста мешаванд.
Тасвири Хусрав бештар ба назар расад ҳам, Ширин қаҳрамони асосй ба шумор меравад. Таъкид намудан лозим аст, ки Ширин яке аз қаҳрамонони дӯстдоштаи Низомӣ ба ҳисоб меравад. Ширин, бар замми он ки ҷамоли зебо дорад, соҳиби ақлу фаросат низ будааст. Ширин ҳамчун зани оқилаву фарзона дар ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо ба камол расида, хусусиятҳо ва сифатҳои хуби худро нишон медиҳад. Хамин тариқ, Низомй ҳусну ҷамоли Ширинро дар ахлоқи неку, рафтори хуб ва гуфтори ширин тасвир намуда, муваффақиятҳои кори ӯро ҳамеша васфу ситоиш менамояд. Хусрав низ яке аз қаҳрамони марказии достони «Хусрав ва Ширин» мебошад. Зиндагй ва кору фаъолияти Хусрав аз аввал то ба охир хеле мураккаб тасвир ёфтааст. Хусрав ҳам дар тасвири Низомй ҳамчун қаҳрамони мусбат тасвир ёфтааст. Хусрав ҷавони зебо, шуҷоъ, далер ва тануманд инъкос ёфтааст, Хусрав дар баробари он ки ҷавони хушрӯву зебост, вале таъкид кардан лозим аст, ки ӯ тарбияи дарборро гирифтааст. Бинобар ин, ӯ хислатҳои манфии фарзандони табақаҳои ашрофро низ дар худ таҷассум намудааст.
Саргузашти Фарҳод дар достон хеле кӯтоҳ аст. Вале ӯ низ дар достон барои ҳаллу фасли масъалаҳо мавқеи муҳим дорад. Низомй бо сурудани достони худ ба тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёд до да, талабу дархост менамояд, ки ҷавонон ба омӯхтани илму маърифат, касбу ҳунар ҷиддй машғул шаванд. Ба ақидаи ӯ инсон бояд дар интихоби касбу ҳунар соҳибихтиёр бошад. Забони асар ниҳоят рангин буда, содаву равон мебошад. Достони «Хусрав ва Ширин» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикй буда, аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва равонии забон аз беҳтарин намунаҳои олии санъати сухан ба шумор меравад.