• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мазан бар сари нотавон дасти зӯр / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мазан бар сари нотавон дасти зӯр / Иншо

2 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
29.08.2022

Мавзӯъ: Мазан бар сари нотавон дасти зӯр

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазан бар сари нотавон дасти зӯр

Хулоса

Мазан бар сари нотавон дасти зур,
 Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд мулоҳизакор, боандеша ва мардумдӯст бошад. Ҳамеша кӯшиш намояд, то ба дигарон мададрасону маслиҳатчӣ ва ибрату дилбардор гардад. Зеро ҳамаи одамон новобаста аз зӯру тавон ва ақлу фаросаташон зодаҳои инсонанд. Шахсиятанду пеш аз ҳама дар назди худу атрофиён қадру қимате доранд. Даме болидаруҳанду дами дигар афсурда, фурсате далеру ҷасуранду даме нотавон, муддате соҳибиззатанду бо мурури замон ба мададу дастгирие эҳтиёҷ меоранд. Инсони комилро мебояд ақлу заковати бузурги хешро кор фармуда, нисбати фарзанди бузурги инсоният, зодаҳои модарони зору ғамхор, ки бо захмати зиёд ҳамчун шахсияти баркамол ба воя расидаанд, мулоҳизакор бошад. Якеро дорову дигареро нодор, якеро заифу дигареро пурқувват, якеро донову бархеро нодону номурод напиндорад. Ҳар як амалу кирдори худро дар тарозуи ақл баркашад, нисбати инсоният равона созад

Аксарияти одамон дар ҳолати хашму ғазаб рафтору кирдорҳои ношоиста ба анҷом мерасонанд, ки худ аз он бехабар шуда мемонанд. Ғазаб ҳолатест, ки боиси ҳаракат кардани рӯҳи ҳайвонӣ шуда, аз сабаби шиддати он ақли инсон тира мегардад. Яъне пардаи сиёҳи хашм нури ақлро тира месозаду инсон гуфтору рафтори хешро идора карда наметавонад. Агар инсони хашмолударо ором насозанду оташи ғазабашро афрӯхтан гиранд, ӯ ба ҷинояти бузург, аз қабили зарбу лат ва куштор даст мезанад. Дигар тоифа одамон бо дӯстону наздикон аз ғояи хашму ғазаб суханони қабеҳ мегӯянду дағалона рафтор мекунанд. Баъд аз паст гаштани оташи хашму ғазаб аз кирдорҳои худ пушаймон мегарданд.

Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Ғазаб лаззати имонро мебарад, мисли сабр (алоэ), ки асалро фосид мекунад. Ба лаззати имон касе сарфаҳм меравад, ки қаҳр надошта бошад. Ба соҳиби ғазаб ширинии имон маълум нагардад»! Ғазаб оқибати хеле ногувор дорад. Хатто ба марг мерасонад. Мард ва паҳлавон он касест, ки дар ҳолати ғазаб худро идора карда метавонад.

Бале, мард он касест, ки аз рӯи таҳқиқ,
 Ки чун хашм оядаш ботил нагӯяд.

Боз касоне ҳастанд, ки аз рӯи кибру ғурур ва назарбаландӣ зурдастӣ мекунанд. Мардумони фақиру бечораро ҳеҷ шумурда, нисбати онон рафторҳои ношоиста менамоянд. Назарбаландӣ намуда, нотавонону нодоронро азият медиҳанд. Ин, албатта аз рӯи одамгарию поктинатӣ нест.

Ин гуна шахсон ҳатто наметавонанд дар сар андешаи онро оранд, ки ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ мирандаанд, чӣ дорову чӣ нодор, чӣ мағруру чӣ хоксор ва ҳамаи инсонҳо тамоми дороиву сарват ва назарбаландию авомфиребиашонро дар ҳамин дунёи равшану фарох гузошта мераванд. Андеша аз он намекунанд, ки нотавонеро азият медиҳанду фардо Худованди бузург ба ҳамаи амалҳои неку зишташон онҳоро ҷавоб мегардонад.

Ин ҳукми ғуруру хашм то чанд?
 Ҳаст аз ту бузургтар Худованд.

Зиндагӣ корвонеро мемонад, ки бо ҳамаи каму костиҳо ва афсурдагиву ранҷуриҳо нигоҳ накарда, дар маҷрои худ равон аст. Онро ҳар замон навоварию дигаргунӣ ва беҳбудиву афзалиятҳост. Чунон ки дарёро ҳар замон об тозаву равон бошад. Инсон низ мавридҳое мешавад, ки дорову тавоно ва пурқудрату сарватманд аст, вале боз мешаванд лаҳзаҳое, ки тамоман афсурдаву нотавон ва нодору бебизоат мегарданд. Нест касе, ки як умр як ҳолату як рӯ ва як марому як ранг бошад. Ҳамеша бояд бар он андешид, ки дасти ёрӣ ба дармондагону афсурдагон дароз кард. Худро аз дигарон бузургтару давлатдор напиндошт.

Бисёр бояд кӯшид, то дар ҷомеа бо мардум якмаром зист. Аз мардумозорию дилозорӣ ва фитнаҷуӣ даст бояд кашид ва он чӣ ки ба худ писанд нест, бо дигарон низ раво надид.

Хулоса, нотавонону дармондагонро ҳар даму ҳар лаҳза дастгир мебояд буд, зеро бо мурури замон ҳамаи инсонҳо нотавону эҳтиёҷманд мегарданд, ки он амри тақдири азалист. Ҷаҳд бояд кард, то дар ҳама гуна лаҳзаҳо дастгири мардумони гуногун буд. Чӣ бо дӯстон, чӣ бо душманон ва дармондагону заифон мададрасон бояд буд.

Кам мабош аз дарахти сояфикан,
 Ҳар кӣ сангат занад самар бахшаш.
 Аз садаф ёд гир нуқтаи ҳилм,
 Он кӣ сар бурадат, гуҳар бахшаш.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат