• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мавзӯъ ва мазмуни ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мавзӯъ ва мазмуни ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ / Иншо

78 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Мавзӯъ ва мазмуни ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухгасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мавқеи ғазал дар эҷодиёти шоир
  3. Мавзӯъҳои асосй дар эҷодиёти шоир:
  • а) ёди Ватан ва ёру дӯстон;
  • б) пайванди ишқу муҳаббат;
  • в) тарғиби дӯстиву рафоқат;
  • г)  танқиди зулму ситам;

Хулоса

Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони барҷпстаи шеъру адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. У ҳамчун устоди газал дар рушду инкишофи ин жанри адабй хидмати шоистасро анҷом дода, онро ба пояҳои хеле баланд бардопмааст. Нойаш Камолиддин, лақабаш Масъуд буда. бо тахаллусн адабии Камол дар шеъру шоири маълуму машҳур гаштааст. Камоли Хуҷандӣ, мувофиқи гуфтаи сарчашмаҳои адабй, соли 1318 дар шаҳри бостонии Хуҷанд таваллуд ёфтааст. У аз овони хӯрдй ба адабиёт шавқу завқи зиёде доштааст. Дар сини 40-45- солаг й ба нияти ҳаҷ ба тарафҳои Арабистон сафар намудааст. Байт юрин исботи чунин гуфтаҳо мебошад:

Рафт овоза ки гшсол ба ҳаҷ рафт Камол,

Бас муборак сафаре чун ту ба у ҳамсафарӣ.

Камол муддате дар пойтахти давлати Олтин-Ӯрда-шаҳри Сарой умр ба cap бурдааст, Тӯхтамиш шоирро ҳамроҳи ғаниматҳои бадастовардаи худ ба ҳар тараф мебурдааст, ки ба ин гуфтаҳои шоир гувоҳй медиҳад:

Камол, имсол чанде шуд газал бар асп гуфт аксар,

Ғазалҳои сариаспӣ набошад голибан бе:у з-ин.

Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосй дорад. Ҳарчанд Камоли Хуҷандӣ ба жанрҳои дигари шеърй низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро газал ташкил медиҳад. Ғазал оинаи зиндагонии ӯст. Дар ғазал шоир тамоми ормону зҳсосоти худро то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ баён намудааст.

Аҳволи Камол дар Сарой, зоҳиран, осудаву бофароғат мегузаштааст, зеро ӯ дар ин бора мефармояд:

Бӯстонест Сарой аз гули он рӯй, Камол,

Хуги омадй ба Сарой, эй булбули хушгӯ, бисарой.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,

Камол аз ҳиҷрон ва дурии ёру диёр танҳой мекашид.

Аз ҳамин ҷиҳат мавзӯи Ватан, ёди он ва дурй аз ёронудӯстон дар газалиёти шоир мавқеи асосиро ишгол менамоянд. У аз ҳама бештар шаҳри Табрез ва маҳаллу манзараҳои онро ёд мекунад:

Табрез маро ба ҷойи ҷои хоҳад буд,

Пайваста маро вирди забои хоҳад буд.

Камоли Хуҷандӣ баъд аз хориву зориҳо ба шаҳри Табрез баргашта, кайфияти висоли худро чунин тасвир мекунад:

Биҳамдуллаҳ, ки дигарбора руйи дустон дидам,

Чу булбул мекунам мастй, ки богу бустон дидам.

Ғазалҳои Камол дар мавзӯъҳои гуногун суруда шудаанд. Ишқу муҳаббат аз нигоҳи ӯ ҳавасу бозй набуда, чун асоси ҳастии оламу одам тасвир ёфтааст. Чунин ишқ боиси сарбаландии ҳар як инсон аст:

Ишқ дар тинати дилҳо намак аст,

Сузи огииқ, зи само то самак аст.

Маҳз ба шарофати ишқу муҳаббати поки инсонй зиндагй мазмун ва мафҳуми нав касб мекунад. Камоли Хуҷандй низ ба мисли устодони пешин ишқи заминиву инсониро васф менамояд:

Касе, к-аз ишқ давлатманд гардад,

Бияфзояд ҳазорон эьтибораш.

Набинӣ, к-аз таашшуқ булбули мает,

Яке мург асту махонӣ ҳазораил.

Мавзӯи дигари газалиёти Камоли Хуҷандӣ танқиди зулму ситами табақаи ҳоким ва насиҳати онон мебошад.

Мавзӯи дигари ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ, ки мақоми хос дорад, тарғиби дӯстиву рафоқат ва қадри он мебошад. Камоли Хуҷандӣ дӯстиву рафоқатро дар идеали ҳар як инсон гавҳари муқаддас меҳисобад. Беҳтарин газалҳои шоир ба бузургдошти дӯстй бахшида шудаанд. Ба қавли шоир, сӯҳбати дӯст-биҳишт, ҳаёти пурфайз буда, ҳамаи онро беҳтарин неъмат барои инсон меҳисобад:

Ҳар ки дар олам кам аз як лаҳза дур аз ёр зист,

Кард нақди зиндагонӣ зоеу бисёр зист.

У шоҳонро ҳамчун василаи зулму золимй, бедодгарй ба қалам додааст:

Чй суд аз нолаву зорй бар ин дар додхоҳонро,

Ки султон ҳоли мискинони бозорй намепурсад.

Дар баробари танқид намудани табакаи синфи ҳукмрону муфтхӯрон, шоир мардумро ба саъю кӯшиш, ба омӯзиши илму ҳунар даъват менамояд. Дар ашъори шоир чунин фикру андешаҳои пешқадам ҳамчун панду андарз ифода мсгарданд:

Бжуш, то ба каф орӣ калпди ганҷи вуҷуд,

Ки бе талаб натавоп ёфт гавҳари мақсуд.

Ҳатто, дар девони шоир чанд газал Снқофпину радифи «дуст» дида мешавад, ки аз ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ ба ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамин тарик, тарзу услуби нигориши Камол хсле ҷолиби диққат буда, ӯро ҳамчун устоди беҳамтои газал муаррифй мекунад. Дар эҷодиёти ӯ санъатҳои гуиогупи бадей бисёр моҳирона истифода шудаанд, ки газалиёти шопрро боз ҳам барҷастатар ифода намудаанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат