Мавзӯъ: Мавзӯи газалиёти шоира Зебуниссо
Нақша:
- Myхтасари тарҷумай ҳолн шоир
- Осори боқимондаи шоира
- Мавзӯи газалиёти шоира
Хулоса
Зебуннисо ҳамчун шоираи ширинсухан дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик бо газалҳои пурмазмуни худ шӯҳрат пайдо кардааст. Зебуннисо соли 1639 дар шаҳри Деҳли дар хонадони шоҳ ба дунё омадааст. Падари Зебуннисо Абӯзафар Муҳиддин Аврангзеб дар Ҳиндустон 48 сол подшоҳй кардааст. Аврангзеб дар таърих ҳамчун шоҳи золим, ҷаҳолатпараст ном баровардааст. Зебуннисо дар натиҷаи таълими хусусй тамоми илмҳои замонаашро, бахусус, забон ва адабиёти тоҷику форс ва арабро хеле хуб аз худ намуда, аз онҳо баҳраманд гардидааст. Дар баробари ин, қонуну қоидаҳои каломи бадеъ ва илми арӯзро хуб аз бар намудааст. Анвои гуногуни хатро низ медонистааст ва дар навиштани онҳо устод будааст. Аз ин хотир, Зебуннисо аз духтари шоҳ буданаш кибру ғурур намекард, зебу зинати шоҳонаро қабул надошт ва танҳо фазилату дониш ва маърифати инсонии худро айни зебу зинат мешуморид:
Духтари шоҳам, валекин ру ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.
Зебуннисо аз хурдй ба шеъру адабй форсй шавқу ҳаваси беандоза дошт. Аз ин рӯ, ба шеъргӯйй хеле барвақт оғоз намудааст. Шоираи ширинкалом бо тахаллуси адабии «Махфй»шӯҳрати оламгир пайдо кардаает. Шоира ошуфтагии худро аз бими падари золими худ ва муҳити носоз кушоду равшан изҳор карда наметавонист. Ҳатто, ҷидду ҷаад намудааст, ки худро дар сухан-шеър пинҳон нигоҳ дорад:
Дар сухан пищон илу дам чун буйи гул дар барги гул,
Ҳар кӣ дорад майли дидан дар сухан бинад маро.
Тавре аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо бармеояд, Зебуннисо бо вуҷуди он ки соҳиби ҳусну ҷамоли зебо ва фазлу дониши зиёде будааст, умри худро дар танҳой гузаронидааст:
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Лолаи доги дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, уро харидоре нашуд.
Зебуннисо ҳамчун шоираи некандеш, вале ноком, бо ранҷу азобҳои рӯҳй соли 1702 дар шаҳри Деҳлй вафот кардаает.
Осори боқимондаи шоира зиёд набошад ҳам, вале баландмазмуну чолиб мебошанд. Аз мероси адабии Зебуннисо ба мо ба ғайр аз «Зеби тафсир» — ном асари тафсирии шоира, як девони газалиёт боқй мондааст, ки дорой 4000 байт мебошад. Газалиёти шоира гуногунмавзӯъ мебошанд. Яке аз мавзӯъҳое, ки ӯ мавриди баррасй қарор додаст, ин эътироз бар замона мебошад. Шоира таъкид менамояд, ки зулму золимиву бедодй дар даврони ӯ аз ҳад гузаштааст:
Зулму бедодй дар ин дунё’и дун аз ҳад гузашт,
Манҷаниқи чарху тарзи сангборонро чй шуд?
Зебуннисо дар ғазалҳояш аҳволи худро хеле ҳақиқй тасвир намуда, вазъи бад доштан, ошуфтаю парешон будани худ, гаму андӯҳи зиёди худро ба ахди ситам алоқаманд медонад:
Ғунчаи дил наткуфад мурги диламро дар чаман,
Тан гирифтори гами гулшанқафас бошад маро.
Ғазалҳое, ки шоира дар онҳо ишқу муҳаббатро тасвир намудааст, хусусияти ба худ хос доранд. Зебуннисо дар масъалаи ишқу муҳаббат, ҳамоно, аҳволи нофарҷоми худро инъикос менамояд:
Гар на дардолудаӣ, ин дидаи намнок чист?
В-ар на дил азроҳ бурд, ин хотири гамнок чист?
Гар наменолад дару ни сина дил, ин нала чист?
В-ар номесӯзад ҷигар, ин оҳи оташнок чист?
Дар газалҳои шоираи ширинсухан тарғибу ташвиқи андешаҳои ахлоқӣ низ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. У таъкид менамояд, ки ғамхори ғамрасидагон будан, ин ҳам яке аз он ахлоқи ҳамидаи инсонй маҳсуб мешавад.
Чунон ки зикраш рафт, Зебуннисо зани бомаърифат, боандешаю соҳибҷамоле будааст, молу мулк ва зару зевари бисьёр дошта бошад хам худашро озод ҳис намекард. Барои инсон аз ҳама муҳим озоди аст. Ӯ мехост хонаи обод дошта бошад, аммо аз дасти падари ҷоҳил ба ин мақсадаш нарасид. Умраш ба охир расиду издивоҷ накард. Ишқи ӯ, муҳаббати ӯ, дарду алами ӯ ба ҳамаи занону духтарони ҷомеаи онрӯза баробар тааллуқ дошта, шоира аз номи онҳо нобаробарӣ, беадолатии занро дар рӯзгори онвақта ҳаққони ба қалам додааст. Ба ҳамин маънӣ ишорат карда, дар ғазалаш мегуяд:
Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфӣ,
Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.
Шоира духтари шоҳ бошад ҳам, валекин бо зиндагӣ ва ҳаёти одамони камбағал ошно буд. Ҳаёти талхи онҳо, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш-реш мегашт. Зебуниссо ба масъалаи дустӣ аҳамияти калон додааст. Албатта ин бесабаб набуд. Ӯ дусти ҳақиқӣ надошт. Бисёр мехост, ки дӯст дошта бошад ва дарди дили худро гуяд, бо ӯ ҳамсуҳбат шавад ва дилашро таскин дихад.
Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст
Ғазалҳояш равону сода, тару тоза ва хушоҳанг ҳастанд:
Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
Хулоса, дар ғазалҳои шоира ишқ, дарду алами занон дар симои қаҳрамони лирикӣ ҷамъбаст гардидаанд.