Мавзӯъ: Камоли Хуҷандӣ ва мероси адабии ӯ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
- Мероси адабии шоир
- Мавзӯъҳои асосй дар ғазалиёти шоир
Хулоса
Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири ширинка ном По ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти форсу юҷик мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ дар як маиқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шақри хушманзараи Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакй ва тақспли ибтидоии шоир дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъди таҳсилогп пОтидой барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Гошканд ва Хоразм сафар намуда, дар мадрасаҳои ин шах,р\ои бузург таҳсили илм намудааст. Азбаски ба илму маърифа г дплбастагии зиёде дошт, дар_андак вақт қариб ҳамаи илмҳоп замонаашро аз худ намудааст. У бештар ба шеъру шоири шавқу заиқи бсандозае дошт. Аз рӯйи нақлу ривоятҳои тазкиранависон Камол умри дароз дидааст. Вале ҳаёти баркамоли ӯ дар гарибй бо дурй аз ватан ва мусофиратҳои зиёд сипарй гаштааст. Шоир дар гарибй аз бекасиву бечорагй нолаву фигон мекунад. Вале дар ҳар куҷое буд, бо ёди ёру диёру ватани худ умр ба cap мсбурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи азизи худ — Хуҷандӣ бостониро фаромӯш намекард, ҳамеша аз он ёд мекард, аз хуҷандӣ будани худ фахр ҳам мекард:
Бо лутфи гпабь мардуми Шероз аз Камол,
Бовар намекуиапд, ки гуям: хуцандиям.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 баъди ғарибиҳои бисёре дар шаҳри Табрез вафот кардааст. Уро дар боги худаш, ки бо номи «Биҳишт» маълуму машҳур будааст, ба хок супоридаанд, ки мақбарааш низ онҷост ва он мавзеъ то имрӯз зиёратгоҳи ахди илму адаб ва хирад аст. Камоли Хуҷандй шаҳри Табрезро хеле дӯст медошт:
Табрез маро ба ҷойи цон хоҳад буд,
Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.
Авлоди Камоли Хуҷандӣ то имрӯз дар шаҳри Табрез ҳастанд. Мероси адабии Камол аз газал, қитьа ва рубой иборат аст, ки байни онҳо газал мавқеи намоён дорад. Аз мероси адабии шоир то имрӯз ба мо як девони шеъри ӯ боқй мондааст. Камол дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Мазмунҳби ғазалиёти шоир гуиогунраиг буда, тамоми мавзӯъҳои ҳаётиро фаро гирифтааст. Ба монаиди дигар шоирон мавзӯи асосии газалиёти шоир ин ишқ аст, махсусан ишқи ҷавонй, ки аз тарафи шоир тавсиф карда шудааст. Аз назари шоир ишқу муҳаббат, ҳатто, ба писарону мӯйсафедон низ ҷавонй мебахшад. Пас, маълум мешавад, ки ишқ қувва ва атои худовандиест, ки ҳатман аз он бархӯрдор бояд буд:
Аз огииқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо.
Ишқу ошиқӣ аз назари шоир ин шӯълаи умеду орзуҳои ҳар як инсон маҳсуб мешавад. Лаҳзаҳои бо ишқу муҳаббат ба cap бурдан, аз қиматтарин лаҳзаҳои умри одамй аст, ки ҳар як инсон тавонад аз он оқилона истифода намояд:
Ҳар ки дар олам ком аз як лаҳза дур аз ёр зист,
Кард нақди зиндагонӣ зоеьу бисёр зист.
Камоли Хуҷандӣ ба сафарҳои дуру дароз баромада, ҳаёти худро бештар дар гарибиҳо сипарй намудааст. У дар гарибй аз ҳама бештар ёди ватани азизашро кардааст.
Дил муқими куйи цонон асту ман ин цо гариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо гариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо гариб.
Мавзӯи дигари газалиёти шоирро дӯстиву рафоқати байни инсонҳо ташкил медиҳад. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарй дар идеали ҳар як инсон мавқеи босазое дорад, ки шоир онро аз ҳама болову муқаддас мешуморад:
Дӯст медорад дилам ҷабру цафои дустро,
Дӯсттар аз цону cap dapdy бапои дустро.
Дустиҳои ҳама олам бируб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.
Ҳамин тариқ, ашъори Камоли Хуҷандӣ аз воситаҳои тасвири бадей, қабили ташбеҳ, истиора, муболига ва киноя ғанй буда, онҳо дар эҷод намудани образҳои бадей ва таъсирбахштар шудани суханаш нақши басе муҳим доранд . Хулоса, Камол чи дар газал ва чи дар панду ҳикмат соҳиби равияву анъанаи худ буда, дар тӯли асрҳо пайравони зиёде пайдо намудааст.