Мавзӯъ: Достони «Мо зафар хоҳем кард»-и Абулқосими Лоҳутӣ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли Лоҳутй
- Мавзӯи асосии достон
Хулоса
Абулқосими Лоҳутӣ соли 1887 дар Эрон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо таҳсили илм кардааст. У дар ҳаракати озодихоҳии миллии машрутахоҳй иштирок намуда, бо ғояҳои озодии миллим одамони пешқадами замонаш птиносой пайдо мекунад. У то солҳои 1923 дар Теҳрон, Кирмоншоҳ, Хонақайн, дар Қасри Ширин, дар Багдод, Исфаҳон, Сулаймония, Ироқ, Истанбул умр ба cap бурдааст. У соли 1925 ба Тоҷикистон меояд. Баъди ба Иттиҳоди Шӯравӣ омадан, дар зиндагй ва кору фаъолияти эҷодии ӯ як гардиши куллие ба вуҷуд меояд. Лоҳутй дар доираи мавзӯъҳои дохилии кишвари худ махдуд нашуда, дар доираи муносибатҳои байналмилалй мавзӯъҳои ҳаётан муҳими ҷаҳониро мавриди таҳлилу баррасй қарор додааст.
Достони «Мо зафар хоҳем кард» яке аз он мавзӯъҳо ба ҳисоб меравад. Ҳарчанде ки асар оҳанг ва мазмуни публитсистй дорад, шоир саъю талош варзидааст, ки ба воситаи эҷодиёти худ дар муборизаи сиёсии дохилй ва байналхалқии халқи мо ширкат намояд ва бо ҳар роҳе бошад, дар ин кор ёрй расонад. Шоир дар достон муборизаи ду ҷаҳон, ду системаи пуркудратро инъикос намудааст. Шоир ба воситаи тасвири ҳодисаву воқеаҳо тартибу низоми сотсиалистй ва сармоядориро дар муқоиса таҳлилу баррасй намудааст. Фаъолияти бунёдкоронаи олами сотсиализм, сохтмонҳои азими онро тасвир намуда, ба ин восита хостааст, ки ба сохту низоми сармоядорй зарба занад. Лоҳутӣ бо эътимоди комил таъкид менамояд, ки мо баҳри иҷрои нақшаҳои азим, барои ободии ватани худ ҳаматарафа омода ҳастем ва барои фош намудани боқимондаи синфҳои бетона камари ҳиммат бастааст:
Мо усули сусиёлистӣ муҳайё мекунем,
Олами бесинфу истисмор пайдо мекунем.
Пешрафти мо ба чашми буржуозй хор шуд,
Марги худ бо дидаи худ диду чун саг ҳор шуд.
Дунёи сармоядорй дар симои Германияи фашиста мехост, ки бар сари дунёи сусиёлистй ҳукмрон бошад. Бо ин нияти бад соли 1932 дунёи сармоядорй фашизми Германияро ба миён овард. Хавфи ҷанги байни ду системаи абарқудрат ба вуҷуд омад. Вале ин ҷангу ҷидол аз назари шоир ҷанги ҳалкунандае буд:
Буржуозй гу бидонад, к-охирин чанг аст ин,
Ҷанги байни досу чаккуш, тоҷу авранг аст ин.
Умри ӯ бо лашкари мо шишаву санг аст ин…
Халқу миллатҳои меҳнаткаши Иттиҳоди Шӯравй дар як оилаи мутаҳид баҳри амалй сохтани нақшаҳои худ якдилона заҳмат мекашиданд. Онҳо дар тамоми дунё дӯстиву рафоқат ва сулҳу салоҳро тартибу ташвиқ намуда, дар айнй замон, барои ҳифзи Ватанашон омадагии хуб медиданд:
Мо, ки фарзандони муздурему деҳқонзодаем,
Дар раҳи синфи ситамкаш cap ба каф бинҳодаем.
Бар ҳама дунё ба зидди цанг эълон додаем,
Лек агар душман бицангад, дар дифоь омодаем.
Лоҳутй гуфтааст, ки одамони шӯравй он ашхоси давраи тоинқилоб нестанд, онҳо ҷаҳонбинии хешро бо илму дониш ва омӯзиши техникаву технологияи нави муосир ганй гардондаанд:
Мо на дигар он фақирону гулому бандаем,
Мо ба ҳаққи зиндагонй комилан пай бурдаем.
Ҳокпмиятро ба дасти синфи худ биспурдаем,
Хоки мову лашкари душман? Магар мо мурдаем?
Шоир халқи меҳнаткаши шӯравиро ҳамчун халқи мағлубнашаванда ба қалам додааст. Зеро ин ватан ватани озоди синфи коргари тамоми дунё, маркази орзуву умеди халққои тамоми олам ба ҳисоб меравад. Лоҳутй бо далелҳои воқей нишон медиҳад, ки пирӯзй бар ҷониби системаи мо хоҳад буд:
Буржуозӣ гар биҷангад, мо зафар хоҳем кард,
Олами сармояро зеру забар хоҳем кард.
Ҷойи он эҷоди дунёи дигар хоҳем кард,
Ончунон дунё, ки он ҷо ҳеҷ ҷойи ҷанг нест,
Ғайри берангию якрангӣ дар он ҷо ранг нест.
Дар ҳақиқат, чунин хаёлоти шоир дар муборизаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанй ба муқобили фашизми Германия собит гардид.