• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шохин / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шохин / Иншо

148 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шохин

Нақша:

 Муқаддиа

  1. Мазмуни асосии достон
  2. Образҳои асосии достон

Хулоса

Тибқи сарчашмаҳои адабиву илмй, тазкиранависон гузаштагони Шамсиддин Шохинро ба сарзамини бостонии Хатлон нисбат додаанд. Зеро, гузаштагони ӯ аз Хатлонзамин буда, барои касби илму дониш ба шаҳрҳои Самарканду Бухоро ҳиҷрат кардаанд. Тавре аз рӯйи гуфтаи худи шоир бармеояд, дар солҳои таҳсили Мадраса Шоҳин ҳамчун шоири соҳибистеъдод дар шаҳри Бухоро шинохтаву эътироф шуда буд.

Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки Шоҳин пас аз хатми Мадраса барои худ он кори мувофиқу муносибе ёфта наметавонад. Шоир хорию залилй ва ноумедии хешро дар ин вазъияти ногувори зиндагй ба тарзи мутоиба чунин тасвир намудааст:

Соҳибо, гар накунад арзи ман эҷоби молол,

Аз имомат қадаре ишрҳ диҳам сурати ҳол.

Шоҳин чанд муддат имоматй низ кардааст. У дар дарбори амир Абдулқодири парвоначй хизмати мирзогиро низ анҷом медиҳад.Абдулқодири парвоначй духтари ягонаи худро ба Шоҳин медиҳад. Баъд аз як соли оиладориаш зани шоир ҳангоми таваллуди фарзанди нахустин вафот мекунад. Ин дар ҳаёти шоир як фоҷиаи бузурге буд. Ба хамин хотир, Шоҳин ба навиштани достони «Лайлӣ ва Маҷнун» шурӯъ мекунад. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар эҷодиёти Шохин мавқеи махсус дорад. Ин достон аз ҷиҳати ҳаҷм он қадар бузург набошад ҳам, вале мувофиқи анъанаҳои адабиёти гузашта суруда шудааст. Қайд кардан лозим аст, ки шоир дар ин достони худ саъю кӯшиш намудааст, ки яке аз афсонаҳои қадимаи адабиёти форсу тоҷикро аз нав зинда намояд ва тавассути он дарду алам ва эҳсосу андешаҳои хешро нисбат ба замон ва муҳити ҳамонвақга ифода намояд.

Тавре мо медонем, сабаби таълиф шудани достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ин воқеаи фоҷиаангези дар ҳаёти шоир рӯйдода будааст. Маҳбубаи шоир, яъне ҳамсари меҳрубонаш вафот мекунад. Ин ҳодиса дар ҳаёти шоир як мусибати калоне буд. Шоир сабру тоқати ин фоҷеаро надошт. Аз дарду алам ба муддати 1 моҳ барои носи хотири поки ҳамсари азизу меҳрубонаш достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таълиф намудааст. Барои ифодаи дарду алами ҷонгудози завҷааш шоир ин маснавиро бетанаффус дар муддати на камтар аз як моҳ, эҷод кардаает. Достони мазкур аз 2200 байт иборат будааст. Ба ғайр аз он достонҳои анъанавй, ки дар пайравии достони Низомй суруда шудаанд, дар назми форсу тоҷик дар ин мавзӯъ ягон достоне навишта нашуда буд. Шоҳин ин анъанаи адабиро аз нав зинда намуд ва ба тарзу услуби хоси худ достони «Лайлӣ ва Маҷнун»- ро таълиф намудааст. Шоир аз маснавиҳои Низомй ва аз Хусрави Деҳлавӣ илҳом гирифтааст. Шоҳин дар ин достон назди худ мақсад гузоштааст, ки фоҷиаи ишқи нокоми Лайлй ва Маҷнунро нишон диҳад. Аз сабаби он ки Шоҳин ин достони худро ба хотири вафоти завҷаи меҳрубонаш таълиф намуда буд, албатта, то андозае дар он ҳолу аҳволи худро низ тасвир кардаает. Аз рӯйи тасвири шоир, Маҷнун дар назди ҳодисаву воқеаҳои замон нофаъол аст. Маҷнун аз рӯйи эҳсоси ишқу муҳаббат ба Лайлӣ баробар шуда наметавонад. Дар симои Маҷнун Шоҳин исбот карданй мешавад, ки беадолатй ва ҷабру ситами замон эҳсоси баланди ишқу муҳаббатро паст мекунад. Шоир инро беҳуда тасвир накардааст, зеро чунин ҳодисаро худи у дар ҳаёти шахсиаш дидаву талхиҳои онро чашидааст. Аз ин рӯ, қайд кардан мумкин аст, ки достони «Лайлӣ ва Маҷнун», ҳарчанд дар мавзӯи анъанавй навишта шуда бошад ҳам, ба шароити замони шоир хеле сахт алоқамандй доштааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат