• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ / Иншо

990 нафар дид 6

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мазмуни асосии достон
  3. Тараннуми ишқу муҳаббати инсонй ва дӯстиву садоқатдар достон

Хулоса

Амир Хусрави Деҳлавӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун шоир ва нависандаи хамсанавис эътироф гардидааст. У намояндаи бузурги аҳли илму адаби тоҷикзабонони Ҳиндустон буда, соли 1253 дар мавзеи назди Деҳлӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми таҳсили Мадраса ба шеъру адаби форей шавқу ҳаваси зиёде пайдо мекунад ва дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун шоири мумтоз шӯҳрати зиёде касб менамояд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ шоири сермаҳсул буда, эҷодиёти рангин дорад. Эҷодиёти ӯ асарҳои зиёди назмию насрй ва девони ғазалиётро дар бар мегирад.

Мавзӯи дӯстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир мавқеи хоса дорад. Аз ин рӯ, ӯ дойр ба дӯсткву рафоқати байнд инсонҳо дар ҷамъият асаре эҷод намудааст, ки бо номи «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар адабиёти классики ёд карда мешавад. Дэр ин достон мавзӯи ишқу муҳаббати поки инсонй тараннум карда 1лудааст. Бояд зикр намуд, ки дар баробари ин кинаю адоват, рашку ҳасади инсонҳо дар ҷамъият душманию нотавонбинии онҳоро танқиду мазаммат карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи достон ба ҳодисаву воқеаҳои хонадон ва сулолаи яке

аз шоҳони замони Амир Хусрав бо номи Алоуддини Хилҷӣ алоқамандиву вобастагй дорад. Аз рӯйи накду ривояти шоир достони мазкур хаёлй набуда, балки асоси воқей доштааст.

Дар ҷангҳои байниҳамдигарии шоҳони ҳамон давр Дувалронй ном ҳиндудухтаре асир афтода, ба дарбори султон Алоуддавла оварда мешавад. Дар дарбори шоҳ писари даҳсолаи шоҳ-Хизрхон бо Дувалронӣ, ки ҳамагй ҳаштсола буд, бо ҳам бозй мекарданд. Бо гузашти вақт байни онҳо муносибати дӯстиву рафоқат барқарор карда мешавад. Ниҳоли дӯстии онҳо мустаҳкамтар мешавад. Дӯстии байниҳамдигарии онҳо ба ишқу муҳаббат табдил меёбад. Чун ҳамеша, аз муҳаббати дилдодагон волидайни онҳо хабар ёфта, онҳоро аз ҳам ҷудо месозанд.

Волидайн, ҳатто, аз нигоҳи мазҳабӣ байни онҳо тафриқа меандозанд, ба хонадоршавии онон монеъ мешаванд. Падари Хизрхон аз ӯ напурсида, духтари тағояшро барои ӯ ҳамчун арӯс интихоб менамояд. Хизрхон бошад, аз ин амали падар сахт ошуфта мешавад. У ҳамеша дар хобу хаёли Дувалронй буд. Онҳо ба ҳам нома навишта ҳамдигарро ба бевафой айбдор мекунанд. Хизрхон бар муқобили фикру андешаҳои волидайни худ баромада, аз духтари тағояш ҷудо мешавад ва Дуволрониро ба акди никоҳи худ медарорад.

Бадгӯёну нотавонбинон ба падари Хизрхон ҳар хел фикрҳои бадро мерасонанд, ки гӯё Хизрхон толиби тоҷу тахт бошад. Падар аз он гуфтаҳои душманон ба хашм омада, уро дар зиндони маҳбусон ҳабс менамояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ошиқон бо ҳам вомехӯранд. Дар ин миён Алоуддин вафот мекунад. Ноиби ӯ, ки хостори тоҷу тахти шоҳӣ будааст, идораи мамлакатро ба дасти худ мегирад ва Хизрхони маҳбусро бо лагадкӯбиҳои зиёд кӯр мекунад. Сипае, тарафдорони Хизрхон бошанд, шоҳро нобуд месозанд Муборакшоҳ, ки яке аз писарони шоҳ буд, ба сари тахт нишаст. У ниҳоят шахеи разилу фитнакор будааст. Муборакшоҳ ба корҳои бад даст зада, мехосг, Дувалрониро аз они худ намояд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто барои қатли бародараш фармон содир намуд. Дувалронй аз марги Хизрхон хабар ёфта, худро огаш зада худсӯзй мекунад.

Шоир дар достон ба воситаи тасвири ишқу муҳаббаттт ҷавонон масъалаҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои ҳиндуҳо ва мусулмононро ба миён гузоштааст. Амир Хусрав дар он замоч аввалин шуда, бо васфу ситоиши симои намояндагони ду гурӯҳи иҷтимой дӯстиву рафоқати онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

6 Ҳа  2 Не
Маводҳои монанд
  • 35-солагии Истиқлоли давлатӣ – рамзи сарбаландӣ ва пойдории миллати тоҷик.
  • 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов