• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Аз захми сухан захми табар беҳ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Аз захми сухан захми табар беҳ / Иншо

5 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Аз захми сухан захми табар беҳ

Нақша:

Муқаддима

  1. Аз захми сухан захми табар беҳ

Хулоса

Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ў зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рўз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурўхт. Аз ҳисоби фурўши як банд ҳезум ў қутии лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд.

Марди ҳезумкаш як рўз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ў вомехўрад. Марди ҳезумкаш  дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ў барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кўмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷойи як банд ҳезум ду банд оварда мефурўхт.

Як рўз марди ҳезумкаш бо нишони эҳтиром ба хирс ўро ба хонааш даъват мекунад ва зиёфат меорояд. Вақте ки хирс ба хонаи марди ҳезумкаш меояд зани марди ҳезумкаш хирсро дида мегўяд:

– Дўсти ҷониат ҳамин хирси бадбўй-мӣ?

Хирс аз ин суханони зани марди ҳезумкаш сахт ранҷида ба назди марди ҳезумкаш меояд ва ба ҷону ҳоли ў намонда аз ў хоҳиш менамояд то марди ҳезумкаш бо табараш ба фарқи сари ў як зарба занад. Марди ҳезумкаш аз ноилоҷӣ бо табари худ ба фарқи сари хирс мезанад. Хирс бо дарди ҷонкоҳ аз хона баромада ме­равад. Бадин минвол якчанд рўз паси сар мешавад. Як рўз марди ҳезумкаш дар ҷангал хирсро ме­бинад, ки аз захми табари ў нишоне намондааст.

Хирс ба марди ҳезумкаш мегўяд:

– Дидӣ, аз он захми табаре, ки ту ба фарқи сари ман зада будӣ ягон нишоне намондааст, ле­кин он захме, ки зани ту ба дили ман расонид то ба имрўз нарафтааст. Бо ҳамин дўстии марди ҳезумкаш ва хирс ба охир мерасад.

Магар ин сухане набуд, ки риштаи дўстии марди ҳезумкаш ва хирсро канда кард? Бале, ин ҳамон як сухани носанҷида гуфта шудаи зани марди ҳезумкаш буд, ки боиси ранҷидахотирии хирс гардида, риштаи дўстии онҳоро барканд. Гарчанде сухан зебост, вай метавонад дўстро душман гардонад, душманро дўст гардонад, оламро наҷот диҳад ва ё онро ба коми ҷанг кашад.

Сухан дар даҳон хуш аст. Сухани аз даҳон баромада мисли тири аз камон ҷастааст, ки он бозпас нахоҳад гашт. Аз ин хотир луқмони суханро зарур аст андеша ба он намояд, ки сухан бар беҳуда нагўяд, то сухани бисёр ранҷа бар дари пистаи бемағз кунад. Чун кунад сухан ранҷа бар дари пистаи бемағз, кунад луқмони сухан аҳамияташро гум. Аз ин ҷо сухане, ки беҳуда гуфта мешавад боиси он мегардад, ки шахс қурбу манзалати хешро гум карда, обрўву эътибори худро аз даст диҳад. Дар ҳолате, ки агар шахс қурбу манзалати худро бинобар сабаби суханони беҳуда аз даст диҳад, он чиз аз эҳтимол дур аст, ки он ин обрўву эътиборашро аз сари нав барқарор намояд.

Равшан аст, ки ҳар як қавму миллатро қабл аз ҳама бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Ба дигар сухан, рукни асосии мавҷудияти миллат, ҳувияти миллӣ, забони он миллат маҳсуб мешавад. Зеро тамоми бурду бохти марлуми ин ва ё он қавм, пешинаи таърихӣ, дастовардҳои техникӣ, илмию фарҳангиаш твассути забонаш, суханаш инъикос мегарданд. Аз сўи дигар дар покизанигоҳдорӣ, рушду камоли забон адибону нависандагонанд, ки беш аз ҳар каси дигаре саҳм мегиранд.

Хидмати устод Рӯдакӣ дар инкишофу таҳкими забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст. Гап дар сари ин аст, ки хилофати араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин зиёда аз дусад сол ҳукмронӣ намуданд. Дину ойину фарҳанги хешро маҷбуран таҳмили дигарон карданд, сарвати маънавии мардум – китобхонаҳоро сӯзонданд. Ин зулму таадӣ то асри IX идома дошт. Вале арабҳо натавонистанд фарҳангу адаби моро аз байн бибаранд. Фарҳанги мо болотару ҷонсахтар аз фарҳанги араб ҷилва намуд. Зеро сухан аз бузургон дорем, сухан аз онҳое, ки машъалафрўзи забони тоҷикӣ, сухани ноби тоҷикӣ, лафзи ширини дарианд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат