• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо

154 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
27.11.2022

Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо…

Ватан сарват, дороӣ ва ҳама чизи мост ва мо масъулият дорем то марзу буми онро ҳимоя кунем,-мегўяд ҷавони ватандўст Муҳаммадфарид Бобохонов.

Муҳаммадфарид Бобохонов намояндаи насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки неруву саъю талоши беандозаи худро нисбат ба Ватан дар амал собит менамояд. Ӯ дар хонаводаи хизматчии башардӯст Ситамшо Бобохонов тарбия ва ба воя расида, ҳанӯз аз овони хурдсолӣ зодмандон барои дар рўҳияи меҳандӯстию ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳифзи ватан ба воя расонидани фарзандон саъю талош менамуданд. Ситамшо, ки худ хизмати ҳарбиро дар Артиши собиқ Шӯравӣ дар хоки Афғонистон сипарӣ намудааст, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани ҷавонписаронро вазифаи муқаддаси падарон мешуморад. Ин марди ватандӯст, ки мактаби ҷасорату мардонагиро дар сангарҳои фаромӯшнопазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паси сар кардааст, оиларо сарчашмаи тарбияи фарзандон дар рўҳияи шуҷоату мардонагӣ медонад.

Муҳаммадфарид баъди хатми МТМУ № 20-и деҳаи «25–солагии Тоҷикистон”-и Ҷамоати деҳоти «Ғайрат»-и ноҳияи Фархор тибқи Маркази миллии тестӣ донишҷўи факултаи педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав мегардад. Даврони мактабхонӣ дар толори варзишӣ чор сол тамрин намуда, дар 22 мусобиқа иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Шавқи варзишгари номбардори миллат шудан ўро ба донишгоҳ оварда буд, ки дар овони донишҷўӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард. Пешқадамиву чусту чолокиашро ба инобат гирифта, вайро сардори гурӯҳ таъйин намуда буданд. Баъди хатми донишгоҳ нахуст ба хотири амалӣ намудани орзуву ҳавасҳои овони кӯдакиаш азм намуд, ки хизмати ҳарбиро адо намояд. – Дар сафи сарбози Ватан будан, ҳимояи ҳар ваҷаб замини муқаддаси он барои мо ҷавонмардон ҳам фарзу ҳам қарз аст, – изҳор дошт дар оғози суҳбат Муҳаммадфарид Бобохонов. – Ба хотири ҳаррӯза сарулибоси ҳарбиро ба бар намудан, ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ба фанни омодагии дифои ҳарбӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Дар ин ҷода устоди донишгоҳамон Дилшод Сатторов нақши ниҳоят муҳим дошт. Ӯ дар баробари ба донишҷӯён омӯзонидани донишу малакаи ҳарбӣ моро дар рўҳияи шуҷоатмандӣ, омода будан барои дифои марзу буми Ватан тарбия намуда, барои ҷисман обутоб ёфтани мо кўшиши зиёд ба харҷ медод. Маҳз бо шарофати таълиму тарбияи устоди меҳанпарвари мо буд, ки баъди хатми донишгоҳ чанде аз ҳамдарсонам ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд,- мегӯяд Муҳаммадфарид.

Аз суҳбати лаҳзаинае бо ин ҷавони ғаюр касро эҳсоси фараҳбахше фаро гирифта, ҳамду сано ба падару модарон ва устодони ӯ гуфтем, ки чунин ҷавонмарди далеру дар муҳофизати Ватан ҳамеша омодаро ба воя расонидаанд.

Тавре Муҳаммадфарид худ иқрор меояд, дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон пешрафту таҳаввулоти бузурге ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла, дар самти такмилу устувории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардидаем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз марзу буми Тоҷикистонро Артиши обутобёфта ва аскарону афсарони фидоии Ватан муҳофизат карда истодаанд. – Барои мо, ҷавонон, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ мебошад, – изҳор медорад Муҳаммадфарид.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • 35-солагии Истиқлоли давлатӣ – рамзи сарбаландӣ ва пойдории миллати тоҷик.
  • 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов