• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Абулқосим Фирдавсй дар «Шоҳнома» / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Абулқосим Фирдавсй дар «Шоҳнома» / Иншо

5 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Абулқосим Фирдавсй дар «Шоҳнома»

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари шарҳи холи шоир
  2. «Шоҳнома», мундариҷаи асосӣ ва сохти он
  3. Мавзӯъҳои бакоргирифтаи шоир дар «Шоҳиома»

 Хулоса

Абулқосим фарзанди Ҳасани Тусӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ маълуму машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Божи шаҳри Тӯс дар оилаи заминдори калон ба дунё омадааст. Шароити хуби хонаводагӣ сабаб гардид,_ки аз хурдй ба омӯхтани илмҳои замонааш машгул гардад. У дар мактаб ва Мадраса хуб таҳсили илм карда, забонҳои арабй ва паҳлавиро аз бар менамояд. Дар санъат ва ҳунарҳои тирандозй, шамшерзанй, аептозй ва шатранҷбозй дарси маҳорат гирифт. Фирдавсӣ дар кӯдакй дар дил орзуи навиштани достонҳои қаҳрамониро мепарварид. У, ки соҳиби малакаву истеъдоди баланд буд, аз овони хурдсолй ба ҷамъоварии қиссаву ривоятҳо ва асотири халқи худ машғул шуд. Ҳамин тариқ, пас аз марги Дақиқии шоир боа мри Султон Маҳмуди Ғазнавӣ навиштани «Шоҳнома» ба Фирдавсӣ вогузор шудАбулқосим Фирдавсӣ барои эҷод намудани «Шоҳнома»-и безавол зиёда аз ей соли умри пурбаракати худро сарф намудааст:

Басе ранц бурдам дар ин соя ей,

Аҷам зинда кардам бад-ин порей.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асари бузург буда, гояҳои асосии он ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ аст, ки он бо фикру андешаҳои пандуахлоқй оро дода шудааст. Достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонй дорой 60 ҳазор байт буда, аз нигоҳи мавзӯъ ва мундариҷа дар таърихи адабиёти ҷаҳон беназир аст. «Шоҳнома» бо васфу ситоиши хирад, олами ҳастӣ, бо ситоиши пайғамбар ва васфи Султон Маҳмуд оғоз мешавад, ки таърихи шоҳони Эронро аз Каюмарс то Яздигурди III фаро мегирад. «Шоҳнома» асари калонҳаҷм буда, аз се қисм иборат мебошад. Қисми аввали достон қиссаҳои асотирй, паҳлавонй, таърихиро дар бар мегирад. Қисми дуюми достонҳои «Шоҳнома» аз пахлавонй ва корнамоиҳои Рустам ва ҳампешагони ӯ қиссаву ривоят мекунад, ки хеле ҷолиб аст. Қисми сеюми достон ҳодисаву воқеаҳои таърихиро дар бар мегирад, ки дар бораи урфу одат, расму оин ва таърихи шоҳони гузашта накд менамояд.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и хеш ба ҳама мавзӯъҳо: некиву накӯкорй, лутфу тараҳхум, ғамхорй дар ҳаққи падару модар, донишу хирад, ватандӯстй, муҳофизати ватан ҳифзи марзу бум дахл намудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба сифати яке аз пайгамбарони шеъру адаб эътироф гардидааст. «Шоҳнома»-и ӯ бемуболиға яке аз намунаҳои беҳтарини достонҳои қаҳрамониву таърихй буда, таърихи миллати моро бо тамоми бурду бохташ инъикос менамояд.

Қайд кардан лозим аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ ва достонҳои «Шоҳнома»-и ӯ дар таърихи адабиёти ҷаҳонй шӯҳрати бузург дорад.

Фирдавсӣ бо эҷод намудани асари безаволи «Шоҳнома» ба бақо мондани забони миллии мо саҳми босазое гузоштааст. Аз нигоҳи Фирдавсй некй кардан аз хислатҳои беҳтарини инсон ба шумор меравад.

Мо боварй дорем, ки достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонй дар даврони муосири мо хизмати бузурге хоҳад кард.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат