Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Тошхоҷаӣ Асирӣ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари ҳаёти шоир
- Фаъолияти адабии ӯ
- Мӯҳтавои мавзӯъҳои ашъори шоир
Хулоса
Тошхоҷаи Асирй яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти илму адабй асрҳои XIX — XX буда, соли 1864 дар шаҳри Хуҷанди бостонй ба дунё омадааст. Падари Тошхоҷа шахси меҳнаткаш буда, ба сангиосиётарошй машғул будааст. Асирй ин касбро аз кӯдакй аз падараш омӯхта буд. Асирй барои таҳсили ибтидой ба мадрасаи шаҳри Қӯқанд меравад ва ба омӯхтани илму дониш машғул мешавад. Асирй ҳангоми дар шаҳри Қуқанд буданаш забони русиро низ мустақилона аз худ намудааст. У дар илми шеър низ устод будааст. Тошхоҷаи Асирй дар шеърҳои худ ягон ҳокиме ё амиреро мадху ситоиш накардааст. Вале дар бисёр шеъру ғазалҳояш хислатҳои бади синфи боло, ҳукуматдорон ва мансабдорони замони худро сахт танқид кардаает. Асирй дар айнй камолоти эҷодй соли 1915 дар шаҳри Хуҷанд вафот мекунад.
Асирй аз худ мероси адабии начандон бузурге боқй гузоштааст. Ашъори ӯро асосан газал, қитьа, рубой, мухаммас ташкил медиҳанд. Асирй забони ӯзбакиро низ медонистааст ва бо ин забон шеър ҳам эҷод кардаает.
Мавзӯи газалиёти шоир мухталиф мебошанд. Яке аз мавзӯъҳои асосии_газалиёти ӯ таргибу ташвиқи омӯхтани илмҳои дунявй будааст. У тарафдори усули нави таълиму тарбия дар мактабҳои нав буд. Дар мактабҳои кӯҳна дуову оятҳои «Қуръон»-ро кӯр-кӯрона аз ёд медодаанд, аммо хатти маъмулиро навишта, китобҳоро хонда наметавонистанд. Аз ин рӯ, шоир мактаби кӯҳнаро танқид кардааст:
Махоп ту мактабдеринаро мумидди камол.
Ҳазор мартаба з-ин раҳ фаротар асту баид.
Тошхоҷа ба наврасону кӯдакон таълим медиҳад, ки на барои мансабу саллаву ҷомаҳои қиматбаҳо, балки барои манфиати ҷамъияту инсоният илму дониш омӯхтан зарур аст. Шоир дар як шеъраш ба фарзанди худ омузиши илмҳои дунявиро ташвиқ менамояд:
Биё, эй нури чаишу ҷони дида,
Зи ман бишнав яке папди ҳамида,
Зи илму касби обо xyiua андӯз,
Дигар илму забони аср омӯз.
Ҳамон илме, ки дунё созад обод,
Typo созад зи банди ҷаҳл озод.
Шоир, асосан, муллоҳо ва уламои расмиро, ки зоҳиран худро донишманду фозил гарошида, барои савлату давлат саллаҳои калон дар cap карда, дар амал аз ҳама донишҳои замона маҳрум буданд, сахт танқид кардааст. Ба фикру андешаи шоир, ин муллоҳои ҷоҳил барои дар байни мардум ҷорй намудани мактабу маорифи нав монеаи бузург будаанд:
Фақеҳе, рӯзе аз роҳи баиде,
Ба cap як цуллаи куҳи сафеде.
Ҳамеомад ба тарфи ман хиромон,
Ту гуйй суйи Рустам деви Аквон
Тошхоҷаи Асирй барьакси уламои расмии дин, ки муқобили ҳар гуна навовариву навигарй ва пешрафти илму техника буданд, ба воситаи ашъори худ ихтирооти нави техникиро таргибу ташвиқ менамуд:
Ба гӯишм мерасад сози фусуисози грамофун,
Дщад бар пайкари ҷон сози овози грамофун.
Адилаш ком, мисолаш нодиру камёб монаидаш,
А сир, алқисса, гӯ олам даҳанбозӣ грамофун.
Шоир мегуяд. ки инсон бояд пеш аз ҳама ба таҳқиқ ва тадқиқи сарватҳои замин саъю кӯшиш намояд, бояд донад, ки аз қувваи тибий барои манфиати инсон чй самарахо бардоштан мумкин аст:
Ба аҳволи замин бояд расад бает,
Дар ин шебу фароз оё чй сир ҳаст.
Аз ин саҳрои бесомон чй хезад,
В-аз он чатри сияҳ найсон чӣ резад.
Ба ақидаи шоир, агар инсон ҳамаи ин асрори табиатро омӯзад, аз табиат барои худ бисёр фоидаву манфиат ҳосил карда метавонад. Дар ҳақиқат, дар ҳар як ҳодисаи габиат манфиате барои ҳаёти инсонҳо ниҳон аст:
Зи абраш гавҳари ноёб ояд,
Дарахту сабзаҳо шодоб ояд.
Ҳубобаш маъдани лаъл асту ёқут,
Заминаш парваришпирои носут.
Ҳамин тариқ. Асирй орзую омоли халқи худро дар бораи ободу обшор кардани заминҳои хушку сӯхтаи ҳосилхез ҳамчун орзуву амалҳои амалишаванда инъикос намудааст.