• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Бадриддини Ҳилолӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти Бадриддини Ҳилолӣ / Иншо

74 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Бадриддини Ҳилолӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Бадриддин Ҳилолй
  2. Мероси адабии шоир
  3. Мундариҷаи ашьори шоир ва мавқеи панду ахлоқ дар он

Хулоса

Бадриддин Ҳилолй яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои охири асри XV ва аввали асри XVI буда. дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик шӯҳрати бузург дорад. Ҳилолй солҳои 70- уми асри XV дар Астаробод ба дунё омадааст. Ҳилолӣ тахаллуси шоирии Бадриддин мебошад. Бадриддин Ҳилолй баъди таҳсилоти ибтидой барои такмили илму дониши хеш ба маркази илмию мадании ҳамонвақта – шаҳри Ҳирот меравад. У дар шаҳри Хдрот ба дидори шоирон ва олимони бузурги замони худ-Ҷомию Навой мушарраф мегардад. Алишери Навой малакаву истеъдоди Хдлолиро ба назар гирифта, барои такмил додани дониши ӯ маслиҳат медиҳад. Алишери Навой дар бораи истеъдоди Ҳилолӣ сухан ронда, чунин гуфтааст: «Нияти ходан дорад, умед аст, ки дар оянда тавфиқ меёбад». Навой қувваи хуби ҳофиза ва табъи баланду равони Ҳилолиро пай бурда, пайваста ӯро зери назорат ва тарбияи худ мегирифтаасг. Бадриддин дар мадрасаҳои шаҳри XjwpoT таҳсили илм намуда, дар маҳфилҳои илмиву адабй иштирок мекард. Мероси адабии классикони адабиёти форсу тоҷикро ҳамеша мутолиа ва таҳлилу баррасй намуда, маҳорати шоирии худро пайваста сайқал медод. Дар муҳити илмиву адабии шаҳри Ҳирот Ҳилолӣ дар паноҳи Ҷомию Навой тавассути омӯзиши илму маърифат, таҷрибаи зиндагй, фазлу дониш ва эҷодиёти худро рӯз ба рӯз ривоҷу равнақ медод.

Мероси адабии Ҳилолӣ рангин буда, аз як девони газалиёт ва се маснавй иборат аст. Фаъолияти адабии ӯ аз сурудани газал шурӯъ шудааст. Ӯ аз аввал то ба охири умри хеш газал гуфтааст. Аз рӯйи ақидаи Сайд Нафисй «Беҳтарин шоири газалсарои рӯзгори худ буд». Ҳатто, газалҳои сурудаи Ҳилолй, ба қавле, ба Алишер Навой багоят писанд омадааст. Навой пас аз шунидани газали «Чунон аз по фиганд имрӯзам он рафтору қомат ҳам» комил будани газали уро пай бурда, тахаллуси Бадриддинро «Хдлолй» не, балки «Бадрй» меномад. Худи Бадриддин Ҳилолй

низ жанри газалро аз дигар навъҳои шеър болову муқаддамтар мегузорад. У дар ҷое ба ҳарифони худ чунин мегӯяд:

Нақди гапҷинаи сухан газал аст,

Шукри борй, ки наши ман газал аст.

Он ки назми газал тавонад гуфт,

Маснавиро ну дурр тавонад суфт.

Ҳилолӣ девони газалиёташро худаш тартиб додааст. Девони ғазалиёти Ҳилолй аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷаи худ мухталиф аст. Ҳатто, дар баъзе ғазалҳояш ба таври ошкоро ин розу ниёз- дарди ишқи худро, ки тамоми ҳаёту фаъолияти адабии ӯро фаро гирифтааст, хуб тасвир мекунад:

Кори мая аз ҷумпаи олам ҳалшн ишқ асту бас,

Оламе дорам, ки дар олам надорад ҳеҷ кас.

Бадриддин Ҳилолй ҳамеша гами осоишу беҳбудии халқи бечораро мехӯрд. Аз ин рӯ, шоир, дар осори гуногуни худ муроду мақсади осоиши халқу мамлакат зулму золимй ва золимони замонаро таргиб намуда, панду андарз медиҳад, ки онҳо ба халқи заҳматкаш ранҷу ситам накунанд ва оини некиву накукориро пешаи худ қарор диҳанд:

Ситамгоро, ба эҳсон ху накардй,

Ҳама бад кардию некй накардй.

Вале, гуфтан лозим аст, ки панду андарзҳои шоир ба золимону ҷафокорони замон асар намекард. Ба ҷафокорону золимон дарси вафодориро таргибу ташвиқ мекунад:

Ҷафокоро, вафодорӣ биёмуз!

Зи ёрон шеваи ёрй биёмуз!

Тарще xytumap аз меҳру вафо нест,

Вале, афсус, к-он дар аҳди мо нест!.

Баъди ҳамаи ин, мардиву ҷавонмардй ва шуҷоатро ситоиш менамояд:

Далерй кун, ки майдон аз далер аспъ

Агар рубаҳ далер афтод, тер аст.

Агар сад бор зери санг боьий,

Аз он беҳтар, ки зери нанг боши.

Дар ҳақиқат, Ҳилолй барои ҳамин ғояҳои олии инсондӯстиаш имрӯз хамчун як шоири инсондӯсти барҷастаи замони худ шинохтаву эътироф шудааст. Зеро фикру андешаҳои ахлоқии Ҳилолй дар рушду такомули маънавии ҷомеаи имрӯзаи мо арзиши басо бузург доранд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат