• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Румӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Румӣ / Иншо

189 нафар дид 2

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Румӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мероси адабии шоир

Хулоса

Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ фарзанди Баҳоуддин валад соли 1207 дар оилаи шахси рӯҳонй дар шаҳри Балх ба дунё омадааст. Тарбияи давраи кӯдакии ӯ дар назди падар гузаштааст. Падараш барои зиёрати Макка ба Ҳиҷоз сафар мекунад. Баҳоуддини валад-падари Ҷалолиддини хурдсол дар бозгашти сафар вилояти Қунияи Румро писандида, он ҷоро барои истиқомати доимии худ ихтиёр мекунад. Ҷалолуддин соли 1225 ба Гавҳархотун ном духтари самарқандӣ хонадор мешавад. У аз муридону шогирдони падари худ таълим гирифта, дониши худро сайқал медиҳад. Ҷалолуддин дар шаҳри Ҳалаб 6 сол таҳсил намуда, дар он ҷо ба шайхи машҳури замон Шамси Табрезй мулоқот кардааст. Баъд аз шиносоӣ, Ҷалолуддин Шамси Табрезиро роҳбари маънавии худ қарор медиҳад. Ҷалолуддини Румй соли 1273 дар Қуния вафот мекунад.

Ҷалолуддини Румй фаъолияти адабй ва эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Доираи эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ доманадору васеъ мебошад. Эҷодиёти ӯ аз «Маснавии маънавй», ки дорой шаш дафтар мебошад ва «Девони кабир» иборат аст. «Маснавии маънавй» асари фалсафй буда, ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаётй бахшида шудааст. «Маснавии маънавй» даҳ сол пеш аз вафоти шоир зҷод карда шудааст.

«Маснавии маънавй» яке аз бузургтарин асари барҷастаи адабиёти классикии форсии гоҷикй ба ҳисоб меравад. «Маснавии маънавй» аз қиссаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳама саршори панду ахлоқ мебошанд.

Ба гайр аз «Маснавии маънавй» аз Ҷалолуддини Румй ба мо асарҳои дигари ӯ «Мактубот» ва «Девони Шамси Табрезй» боқй мондаанд. Ашъори Ҷалолуддини Румй аз ду қисм иборат аст. Як бахши осори ӯ ба таври манзум сароида шудааст. Қисми дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳад. «Девони кабир» зиёда аз се ҳазор ғазал ва анвои дигари шеър, аз чумла рубоиро дар бар мегирад. Ҷойи асосиро дар девон газалиёти ӯ ишғол мекунанд. Бештари ғазалҳои худро бо тахаллуси Шамси Табрезй эҷод намудааст Бинобар ин, ғазалиёти ӯ бо но ми «Куллиёти Шамси Табрезй» ё худ бо номи «Куллиётн Шамс» ё «Девони кабир» маълуму машҳур гаштааст.

Румй мартаба ва мақому манзалати инсониро аз ҳама боло мегузорад ва ин масъала яке аз муҳимтарин ҷанбаъҳои эҷодиёти ӯро фаро мегирад:

Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Мавзӯи дигари эҷодиёти шоир ин ҳурмату эҳтиром ва мақому манзалати устод- омӯзгор мебошад. Зеро аз нигоҳи Румй, барои ба қуллаи умеду орзуҳо расидан ранҷу заҳматҳои устод ва заҳмату донишандӯзиҳову роҳнамоии ӯ зарур аст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ низе нашуд,

Ҳец оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллой Рум,

То муриди Шамси Табрезй нашуд.

Румй чунин андеша дорад, ки инсонҳо бояд дар ҳаллу фасли масоили ҳаётй ёо ҳамдигар машварат намоянд. Зеро ки кори бомаслиҳат судманду манфиатбахш аст:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Ҷалолиддуни Румй зебоии инсонро дар ҳусну зебогии зоҳиру ботин медид:

Сурати зоҳир фано гардад, бидон,

Олами маънӣ бимонад ҷовидон.

Ашъори пурмазмуни шоир имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо мавқеи муайяни худро касб намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат