Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти адабии Шамсиддин Шоҳин
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари ҳаёти шоир
- Мероси адабии шоир
- Мавзӯъхои асосй дар ашъори шоир
Хулоса
Шамсиддин Шоҳин сарояндаи шеърҳои лирикй буда, соли 1859 дар Бухоро таваллуд шудааст. У дар оилаи Мулло Амони камбагал ба дунё омадааст. Гузаштагони Шамсиддин-махдум аз ҷониби Хатлони имрӯза: шаҳри Кӯлоб ба Самарканд кӯч баста буданд. Мадрасаро дар шаҳри бостонии Самарканд хатм намуда, баъдтар ба Бухоро меояд ва дар ин ҷо хонадор мешавад.
Шоҳин аз овони кӯдакй малакаву истеъдод ва қобилияти баланди донишомӯзй дошт. У бештар ба назм шавқу ҳаваси беандозае дошт. Тавре аз рӯйи наклу ривоятҳои худи ӯ бармеояд, дар синни ҳафтсолагй девони Ҳофизро аз бар намуда, дар пайравии ғазалҳои ӯ шеърҳои пурмазмуне эҷод кардааст. У баъди таҳсили ибтидой дар Мадраса касби таҳсил намуда, илмҳои муқаррарии мадрасагиро хеле хуб аз худ кардааст. Шоҳин, ки хатти хеле зебо дошт, ба касби хаттотй низ машгул шудааст ва ба маблағи он рӯзгори худро таъмин мекардааст. Шоҳин дар синни 8-9-солагй ба сурудани шеър огоз намудааст.
Ҳарчанд Шоҳин умри кӯтоҳ ва пуртахлука дида бошад ҳам, вале аз ӯ мероси хеле ғанӣ ва гаронбаҳое ба мо расидааст, ки қобили зикр аст. Мероси адабии шоир аз девони ғазалиёт, маснавии «Лайлй ва Маҷнун» «Тӯҳфаи дӯстон» ва рисолаи насрии «Бадоеуссаноеъ» иборат мебошад.
Шоҳин яке аз шоирони ғазалсарои бузурге будааст. Мавзӯи газалҳои шоир мухталиф буда, масъалаҳои маорифпарварй, танқиду носозгориҳои ҷамъиятй, васфу ситоиши ишқу муҳаббати поки инсоий, ғояҳои иисондӯстй ва некиву накӯкориро фаро гирифтааст. Шоҳин қариб ба ҳамаи мавзӯъҳои иҷтимоиву ҳаётй дахл намудааст.
Шоир дар ашъори лирикй анъанаи ҳазорсолаи шоирони адабиёти форсу тоҷикро идома додаст. Ин пайравии шоир ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмуну мундариҷаи газалҳои ӯ эҳсос карда мешавад. Мавзӯи газалиёти шоир васеъ ва доманадор будааст.
Мавзӯи ишқу муҳаббати поки инсонй дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз мавзӯъҳои ҷовидониву анъанавй буда, дар эҷодиёти Шоҳин низ ҷойи намоёнро ишгол менамояд. Дар ашъори лирикии ӯ эҳсоси ишқу муҳаббат ва ҳиссиёти некбинонаи ошиқро пай бурдан мумкин аст. Шоир лаҳзаҳои висоли маҳбуба ва лаззати ишқи ӯро хеле воқей тасвир намудааст:
Имшаб чӣ ьиаб аст, ки ту дар огугии ман астй,
Дар сына чу дал, балки чу ҷон дар бадан астй. …
Ту ишмьиву парвонасифат гирди ту гардам,
Чандон киба ҷону дили ман шуълазан астй.
Ҳатто, эҳсоси некбинонаи ошиқии ӯ ба дараҷаи аъло расида, ки ба зарофатгӯиҳову шӯхиҳо табдил меёбад. У эҳсосоти баланди ошиқонаи хешро бо як зарофату лутфи дилчаспе адо менамояд:
Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Мафтуни хати голияпирои ту гардам.
Лаб мегазй, эй гиух, надонам, ки чй гуйй,
Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.
Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки шоир мавриди таҳлилу баррасй қарор додааст, ин мавзӯи май ва майгусорй мебошад. Шоҳин тавассути тасвир ва тавсифи маю майгусорй мазмунҳои мухталифро баён намудааст. Шоир симои анъанавии «ринд»-ро ба «зоҳид»-и риёкор муқобил гузоиггааст. Ба ақидаи Шоҳин ринд бо ҳама майпарастй ва қаландарпешагй аз зоҳиде, ки саропо ба риёву фиреб ва ҳиллаву найранг печидааст, тозаву поктар будааст.
Бирав ба майкада, аз зарқ хирқа пок бишуй,
Ки лойи зери хуми бода беҳ зи собун аст.
Шоир аз тақдир ва «чархи гардун» арзу шикоят мекунад. Шоир бадбахтии умумро аз чарх медид, вале аз сабаби ин бадбахтиву мусибат ва аз решай ин балои иҷтимой хабардор нгбуд:
То кай, эй чархи муарбад, зи пагш кииаи мап, Фитнаи даҳр барангезиву ошуби заман?
Дар баробари эътироз намудан ба муқобили сохти ичтимой, тартиботи ҷомеаи онъақтаро маҳкум мекунад ва зиндагии озоду комилро орзу менамояд:
Ҷое равам, ки гардун боной cap набоашд,
Аммо, чй метавон кард, ҷойи дигар набошад?
Ҳамин тариқ, Шоҳин тавонистааст мавзӯъҳои наву пешқадамро дар газалиёти худ бо эҳсосоти бузург ифода намояд. Шоир аз ибораҳои халқй, ки дар забони гуфтугӯйӣ ниҳоят маъмул буданду дар нутқи хаттй кор фармуда намешуданд, фаровон истифода намудааст.