• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Абӯалй ибни Сино ва эҷодиёти ӯ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Абӯалй ибни Сино ва эҷодиёти ӯ / Иншо

90 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯь: Абӯалй ибни Сино ва эҷодиёти ӯ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мероси илмии Ибни Сино
  2. Мавқеи рубой дар эҷодиёти бадеии Ибни Сино
  3. Мавзӯи панду ахлоқ дар рубоиҳои шоир

Хулоса

Шайхурраис Абӯалй ибни Сино дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ва дар таърихи тамаддуни умумибашарй ҳамчун файл асу ф? риёзидон, олими илмиҳои табииёт, ситорашинос ва табиби ҳозиқ маълуму машҳур гардидааст. Абуалй ибни Сино соли 980 дар деҳаи Рометани наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот кардааст.

Ибни Сино аз овони хӯрдсолй ба илму дониш шавқу завқи беандозае доштааст. Бинобар ин, аз овони кӯдакй тамоми илмҳои замонаашро аз худ мекунад. Ҳанӯз дар синни даҳсолагй китоби

муқаддаси «Қуръон»-ро аз бар менамояд.

Абӯалй ибни Сино ба илми тиб майли зиёд дошт. У дар синни 16-солагй ба табобати беморон шурӯъ кард. Мегӯянд, к и Абӯалй дар ин сину сол Нӯҳ бинни Мансури Сомониро табобат кардааст. Бар ивази хизмати худ ӯ аз амир мехоҳад, ки аз китобхонаи шоҳии ӯ истифода намояд. Ҳамин тариқ, Абӯалй аз ин ганҷинаи маърифат хеле истифода намуд, ки минбаъд дар офаридани асарҳояш бетаъсир намонданд.

Мероси адабии шоир рангин мебошад. Абӯалй ибни Сино зиёда аз 400 асар офаридааст, ки бузургтарини онҳо «Қонуни тиб», «Донишнома», «Китобуннаҷот», «Кутобушшифо» ба шумор мераванд. Китобҳои ба мавзӯи тиб, фалсафа ва мантиқ бахшидаи ӯ «Қонуни тиб», «Китобушшифо» ва «Донишнома» дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб зиёда аз чаҳор аср аст, ки ҳамчун китоби дарсй ба донишҷӯён то ҳол таълим дода мешаванд.

Аз ҳаёт ва рӯзгори ин марди хирадманд қиссаву ривоятҳои аҷибе то ба мо расидааст, ки аз бузургии ин ҳакими донишманд гувоҳй медиҳанд. Худи шоир дар кишварҳои Ғарб бо номи Авитсенна маълуму машҳур гаштааст. Китоби «Қонуни тиб»-и Абӯалй ибни Сино бошад, имрӯз ҳамчун китоби рӯйимизии табибони Ғарб ва ҳаводорони илми тиб ҷойгоҳи пурифтихорро сазовор гаштааст.

Абӯалй ибни Синоро ҳамчун шоири рубоисаро низ хуб мешиносанд. Ҳарчанд аз Абӯалй ибни Сино ғайри рубой асарҳои дигари насрй низ бо забонҳои форсй ва арабй мерос мондааст, мавқеи рубой дар эҷодиёти бадеии ӯ бузургтар аст.

Рубоиҳои ӯ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод шудаанд. Шоир ҳамчун табиб ба ҳама дардҳову ранҷҳо даво ёфтааст. Танҳо дар масъалаи марги инсон ноилоҷ мондааст: Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал, Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал. Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял, Ҳар банд кугиода шуд, магар банди аҷал.

Баъзе аз ҳамасрони шоир нисбат ба ӯ дар дилашон кинаву адоват мепарвариданд ва уро кофир мехонданд. Бузургии имони худро дар назди эшон собит намуда мегӯяд: Куфри чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир, Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Дар бораи дӯстиву рафоқат фикру андешаҳои ҷолиб дорад. Таъкид менамояд, ки дар шинохт ва интихоби дӯст эҳтиёткор будан лозим аст:

Бо дуишани май чу дӯст бисёр nuiuacm, Бо дуст набоядам дигар бор ниишст. Парҳез аз он шакарг ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бар мор нишост.

Чунин рубоиҳое, ки мазмуни пандуахлоқй дораид, дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд. Ақидаҳои пандуахлоқии шоир аҳамияти тарбиявии ахлоқй дошта, барои тарбияи наели имрӯза аз аҳамият холй нестанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат