Захираҳои дохиливу берунӣ ва хароҷоти фирма
Фоида чӣ тавр ба даст меояд ва чаро баъзе фирмаҳо бой мешаванду баъзеи онҳо муфлис?
Фаъолияти фирма барои соҳиби он танҳо дар сурати даромад ги рифтан дар шакли фоида маънӣ дорад. Фоида бошад, зиёд будани пули аз фурӯши мол ба дастомада аз маҷмӯи хароҷоти барои тайёр кардан (сохтан) ва ташкили фурӯши он сарфшуда ба миён меояд.
Аммо ин таъриф ҳанӯз ба таври кофӣ мушаххас нест, зеро бузургии чунин хароҷоти умумиро ба тарзи гуногун ҳисоб кардан мумкин аст.
Ин вобаста ба он аст, ки ҳама гуна фирма ҳангоми амалисозии фаъо лияти худ аз ду намуди захираҳо истифода мекунад: берунӣ; дохилӣ.
ХАРОҶОТИ УМУМӢ хароҷот барои харидани тамоми ҳаҷми захираҳоест, ки фирма барои ташкили истеҳсоли маҳсулот дар ҳаҷми муайян масраф мекунад.
ЗАХИРАҲОИ БЕРУНӢ ҳамаи он воситаҳое мебошанд, ки фир ма аз дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё шаҳрвандон харидорӣ мена мояд. Ба ин гурӯҳ маводҳо, деталҳо, қувваи барқ, қувваи корӣ ва ғайра дохил мешавад. Онҳо барои истеҳсоли ҳаҷми муайяни маҳсулот сарф мешаванд, барои такрор истеҳсол кардани ҳамин навъи маҳсулот фир ма ин заҳираҳоро боз аз нав харидорӣ мекунад. Масалан, музди меҳнат барои моҳ ҳисоб карда мешавад ва бо он ҳамон ҳаҷми маҳсулот ё хизма трасонӣ пардохт мегардад, ки корманди кироя дар ин муддат тайёр кар дааст. Моҳи нав фаро мерасад ва барои хизматрасониҳои меҳнатӣ боз пардохтани музди меҳнат лозим аст.
ЗАХИРАҲОИ ДОХИЛӢ ҳамаи он чиро ки ба худи фирма та аллуқ дорад ва аз ҷониби он барои ташкили фаъолияташ исти фода мегардад, мегӯянд. Муҳимтарини ин захираҳо биноҳо, таҷҳизот, замин, воситаҳои пулии соҳиби фирма мебошанд, ки барои таъсиси он истифода шудаанд.
Ҳамаи ин захираҳо маҳдуд мебошанд ва арзиши худро доранд. Ин арзиш ба нархи интихобе баробар мебошад, ки барои сафарбарнамоии чунин захираҳо ба фаъолияти фирмаи мазкур карда шудааст.
Барои мисол чунин захираҳои дохилиро ба монанди воситаҳои пу лии худӣ ва хизматрасониҳои соҳибкории соҳиби фирма дида мебароем. Дар назари аввал онҳо ройгон, яъне бепуланд: зеро онҳоро аз ягон каси дигар харидан лозим нест. Аммо пасандозҳои пулӣ ва қувваҳои ба фаъолияти фирма гузошташударо соҳиби он метавонист ба мақсадҳои дигар равона карда, бо ин пул ёбад. Масалан, вай метавонист пулашро дар бонк амонат гузошта, дар фирмаи дигаре бо кори кироя машғул ша ваду қобилияти худро бар ивази музди меҳнат фурӯшад.
Вале ӯ ин захираҳояшро ба фирмаи худ гузошт. Табиист, чунин иқ дом аз нигоҳи иқтисодӣ танҳо вақте оқилона мешавад, ки агар фаъоли яти фирма ба соҳибаш даромади ақаллан на камтар аз он маблағе орад, ки ӯ метавонист истеъдоди соҳибкорӣ ва пасандозашро ба таври дигар истифода карда гирад.
Чунин даромадро одатан фоидаи муътадил меноманд ва он ҳамон ҳадди ақаллеро ташкил медиҳад, ки соҳибкор бояд гирад, то ки воситаҳо ва кӯшишҳои ба ин амал равонакардаашро ҷуброн намояд; манфиатдори- ашро ба шуғлварзии минбаъда бо корҳои фирма нигоҳ дорад; ҷиҳати рушди фирма минбаъд низ маблағгузориҳое намояд, ки барои нигоҳдории рақо- батпазирии он кифоя бошанд.
Агар соҳибкор фоидаи қаноатмандкунанда нагирад, одатан худи ӯ аз баҳри ин машғулият баромада, корманди кироя мешавад, ё фирма дар ниҳояти кор муфлис гашта, аз бозори рақибон берун мегардад.
Чунин ҳолат барои дигар намудҳои захираҳои дохилӣ (худӣ)и фир ма низ вобастагӣ дорад. Масалан, бинои ба фирма мутааллиқ ва барои фаъолияти он истифодашавандаро ба ягон фирмаи дигар иҷора дода, ба рои ин иҷорапулӣ гирифтан мумкин буд. Яъне даромадро аз истифодаи бино барои эҳтиёҷоти худ ба андозае гирифтан қобили қабул аст, ки аз иҷорапулии имконпазир кам набошад.
Ҳамаи ин даромадҳои гирифтанашуда аз истифодаи алтернативӣ (нархи интихоб)и захираҳои берунӣ фоидаи фирмаро айнан чун ха роҷоти воқеии вай барои захираҳои берунӣ (харидашуда) кам мегар донанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳамаи захираҳои дохилӣ ҳам ба мо нанди захираҳои берунӣ барои фирма арзиш доранд ва бинобар ин аз бузургии умумии хароҷоти фирма хароҷоти берунӣ (аён) ва хароҷоти дохилӣ (ноаён) ташкил меёбад
Ба таври дигар, аз нуқтаи назари илми иқтисодӣ, хароҷоти умумии фирма хароҷотеро дар бар мегирад, ки онҳоро барои харидории ҳамаи намудҳои захираҳои дар як ҷо ҷамъоварда фирма ба мақсади ташкили истеҳсолот масраф кардааст (бо фарогирии моликияти худи фирма ва қобилиятҳои соҳибкории соҳиби он). Хароҷоти умумии ба ин тарз фаҳ мидашаванда хароҷоти иқтисодӣ ном дорад.
Чи муҳосибон ва чи нозироти андоз дар таркиби хароҷоти фирма хароҷоти дохилӣ (ноаён)и онро ба ҳисоб намегиранд. Барои онҳо танҳо 89
хароҷоти мавҷуда воқеист. Фоидаи муътадили соҳибмулк, ба андешаи муҳосибон ва нозирони андоз, даромад аст ва даромад бояд андозбандӣ гардад. Ҳамин тавр, на фоидаи муътадили соҳибмулк ва на хароҷоти ди гари ноаён аз ҷониби муҳосибон ва кормандони хадамоти андоз ба си фати хароҷот пазируфта намешаванд ва онҳо дар бораи хароҷоти фирма сухан ронда, танҳо ба ном хароҷоти муҳосибавиро, ки воқеан шуда анду дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ таҷассум гардидаанд, дар назар доранд.
ХАРОҶОТИ ИҚТИСОДӢ хароҷоти умумии фирма баҳри ис теҳсоли молҳо ва хизматрасониҳое мебошад, ки чи хароҷоти бево ситаи пулӣ оид ба ташкили истеҳсолот ва фурӯши молҳо ва чи ха роҷоти алтернативӣ, яъне манфиати аз даст додаро аз истифодаи захираҳои фирма ба вариантҳои дигари фаъолият фаро мегиранд.
Ҳамин тавр, хароҷоти иқтисодӣ раванди воқеии ташаккули харо ҷот, муайян кардани роҳҳои эҳтимолии истифодаи захираҳоро ифода менамояд.
ХАРОҶОТИ МУҲОСИБАВӢ маблағи умумии хароҷоти беру наи (аён) фирмаро баҳри истеҳсоли молҳо ё хизматрасониҳо дар давраи муайян фаро мегирад.
Вале агар ду маънидодкунии хароҷоти умумии фирма бошад, пас, ногузир ду ақидаи гуногун оид ба бузургии даромад ҳамчун фарқияти байни пули аз фурӯш ба дастомада ва бузургии хароҷот пайдо мешавад.
Ба таври дигар гӯем, агар мо аз пули ба дастомада аз фурӯш хароҷоти иқтисодиро кам кунем, пас, бузургии ҳосилшуда бояд фоидаи иқтисодӣ номида шавад. Агар мо аз пули ба дастомада аз фурӯш танҳо хароҷоти муҳосибавиро кам кунем, натиҷа фоидаи муҳосибавӣ мешавад.
Агар мо инро дар намуди баробарӣ нависем, пас, ҳосил мекунем:
Фоидаи иқтисодии фирма
Пули аз фурӯш Хароҷоти Хароҷоти
=–– ба дастомада берунӣ
дохилӣ
Хароҷоти берунӣ
Барои беҳтар фаҳмидани он ки чӣ тавр маҳз фирмаҳо хароҷотро идора мекунанд ва дар ин маврид барои онҳо ба назар гирифтани кадом қонуниятҳои иқтисодӣ лозим меояд, мебояд муайян намоем, ки фир маҳо чӣ хароҷоте дошта метавонанд.
Мо шиносоиямонро бо хароҷоти фирма аз муайян кардани он шурӯъ менамоем, ки хароҷоти берунӣ чӣ тавр ташаккул меёбад ва онҳо аз мас рафҳо ва пардохтҳо чӣ фарқият доранд.
Фарз мекунем, ки фирма дастгоҳ ё сад тонна металл мехарад. Барои иҷрои ин амал вай бояд хароҷот кунад, яъне барои харидани захираҳо
Фоидаи
муҳосибавии фирма ба дастомада
Пули аз фурӯш =–
маблағи муайяни пул сарф кунад – ҳамон маблағи пулиеро, ки вай барои харидани ин захира дар қарордод пешбинӣ кардааст.
Вале имзо кардани қарордод дар бораи харидани захираи барои фир ма зарурӣ ҳанӯз чунин маънӣ надорад, ки вай воқеан аллакай хароҷот кардааст. Хароҷот барои фирма танҳо дар лаҳзае, ки он дар ҳақиқат, ба фурӯшанда ҷиҳати аз ӯ харидани ҳамон навъи захира маблағи пулиро медиҳад, воқеӣ мегардад.
Чунин интиқоли воқеии пул (дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ) пар дохт номида мешавад. Бояд қайд кард, ки вақти харидани захираҳо ва пардохти маблағи онҳо метавонанд ба ҳам мувофиқат накунанд. Дар амалияи тиҷоратӣ корҳо баъзан аз рӯи принсипи «Имрӯз бихар – фардо пардохт намо!» (харидорро ҳамин тавр тезтар розӣ кунонидан мумкин аст) пеш бурда мешаванд.
Аммо харидории захираҳо ҳам (ва ҳатто далели пардохти воқеии онҳо ҳанӯз чунин маънӣ надорад, ки ин захираҳо воқеан барои эҳтиёҷо ти фирма истифода шудаанд. Онҳо, масалан, ба маводҳои эҳтиётӣ (за хиравӣ) табдил ёфта, метавонанд дар анбор нигоҳ дошта шаванд.
Ва танҳо дар лаҳзае, ки захираҳо, дар ҳақиқат, аз ҷониби фирма ба рои истеҳсоли молҳо ё хизматрасонӣ истифода (харҷ) мегарданд, ташак кули бузургии хароҷот шурӯъ мегардад. Ба ин тариқ, хароҷот баробар аст ба нархи истеҳсоли як воҳиди маҳсулот, ба ҳаҷми умумии ин захи раҳо, ки барои тайёр кардани молҳо ё амалисозии фаъолияти дигари фирма аллакай истифода шудааст.
Фаҳмиши мо дар бораи хароҷот пурра намегардад, агар мо ба тар зи гуногун ташаккул ёфтани хароҷоти фирмаро вобаста ба намуди захи раҳои истифодашаванда эътибор надиҳем.
Ба ин мақсад хароҷоти вобаста ба истифодаи маводҳо ва хароҷоти вобаста ба истифодаи биноҳои истеҳсолиро муқоиса мекунем.
Ҳам маводҳо ва ҳам биноҳо захираҳое мебошанд, ки бе онҳо фирма истеҳсолотро ташкил карда наметавонад. Вале агар маводҳо дар раван ди тайёр кардани маҳсулот ба маснуоти тайёр табдил ёфта (қисман пар тов гардида), намуди зоҳирии худро гум кунанд, сехҳои истеҳсолӣ, ҳатто баъди он ки якчанд маротиба миқдори муайяни молҳоро истеҳсол меку нанд, мисли пешина дар ҷои худ барқарор мемонанд.
Ғайр аз ин, ба мо тайёр кардани ҳар қадар воҳиди бештари маҳсулот лозим ояд, ба ин мақсад ҳамон қадар бештар мавод сарф мегардад. Агар барои тайёр кардани як автомобил, фарз кардем, 1,2 тонна металл сарф гардад, пас, барои тайёр кардани 10 автомобил 12 тонна ва 100 автомо бил 120 тонна металл лозим мешавад.
Акнун ба сехе, ки дар он автомобил тайёр карда мешаваду он ҷо таҷҳизот гузошта шудааст, эътибор медиҳем. Фарз кардем, онҳо бо 91
назардошти тайёр кардани 100 автомобил дар як шабонарӯз бунёд гаштаанд. Вале агар дар ин сех ва бо ин таҷҳизот ба сабаби кам шудани талабот на 100, балки фарз кардем, 90 автомобил тайёр карда шавад, аз ин чи андозаи сех ва чи ҳаҷми таҷҳизоти дар он насбкардашуда тағйир намеёбад.
Маҳз чунин фарқиятҳо дар миқёси тағйир ёфтани ҳаҷми истеъмоли захираҳои истеҳсолӣ дар мавриди тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот иқти соддононро маҷбур карданд, ки ҳамаи намуди хароҷотро ба ду гурӯҳ тақ сим кунанд: хароҷоти доимӣ; хароҷоти тағйирёбанда.
Ба хароҷоти доимӣ иҷорапулӣ барои бино, хароҷоти вобаста ба хизматрасонӣ ба таҷҳизот, пардохтҳо барои пӯшондани қарзҳои қаблан гирифташуда, ҳамчунин ҳар гуна хароҷоти маъмурӣ ва дигар хароҷоти борхатиро мансуб медонанд.
Хароҷоти тағйирёбанда хароҷоти фирмаро мавод, қувваи барқ, маснуоти маҷмаавӣ, музди меҳнат фаро мегирад. Онҳо дар ҳар тағйирё бии ҳаҷми барориши молҳо ба ҳамон самт тағйир меёбанд (вақти бо лоравӣ ҳаҷм зиёд шуда, аммо вақти поён гаштани онҳо кам мегарданд).