Забони форсӣ ё порсӣ (форсӣ: زبان فارسی [fɒːrsi-zæbɒːn], форсӣ: فارسی [fɒːrsiː], форсӣ: پارسی [pɒːrsiː]) — (се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ) яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гӯянда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 122 миллион тан мардуми бумӣ ва ҳама Порсигӯ мебошанд.
Бо забони форсӣ шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва бисёре аз дигарон, асарҳои оламшумуле эҷод кардаанд.
Дар замони муосир танҳо се давлати форсизабон — Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз шохаҳои забони порсиро — форсӣ, тоҷикӣ ва дариро дар кишварашон ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул кардаанд.