• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/​Забон – ифтихори миллат / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

​Забон – ифтихори миллат / Реферат

40 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.02.2024

​Забон – ифтихори миллат

Ҳамасола дар кишвар санаи 5-уми октябр ба ҳайси Рўзи забон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади арҷгузорї аз ин ҳуҷҷати бақои миллат ва рукни ҳастии он, яъне забон дар, корхонаву коргоњњо Рӯзи забони тоҷикӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Дар робита ба ин бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори омӯзгорони кафедраи умумидонишгоњии забони тољикї дотсент Дилбар Бобољонова ва Абдуманнон Одинаев, дар ҳамоҳангӣ бо садорати факултети физикаю техника, чорабинии пуршукуҳе зери унвони “Забон – ифтихори миллат” ташкил ва баргузор намуданд.

Декани факултет Абдумалик Қайюмзода доир ба хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар арҷгузорӣ ба забон ва қабули як қаттор қонуну барномаҳои марбут ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд.

Мудири кафедраи умумидонишгоњии забони тољикї Ҳалимҷон Зоиров забонро пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардои наслҳо шумурда, онро воситаи баёни эҳсосу андеша номид. Таъкид рафт, ки миллати моро дар тули таърихи фоҷеабор маҳз забон ҳифз намуд ва ҳамчун сипари боэътимод барои нигаҳдоштани асолати хеш хидматҳои шоиста анҷом дод.

Абдуманнон Одинаев зимни суханронии худ қайд кард, ки забон оинаи тамомнамои миллат дар масири тайнамудаи он мебошад, ки ҳамаи бурду бохтро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки асоси ҳамаи донишу хирад, илму маърифат ва фарҳангу тамаддун забон ба шумор меравад.

Сармуллим Мадина Юсупова перомуни ҷойгоҳ ва мақоми фарзандони миллати тоҷик дар рушду нумуи илмҳои дақиқ изҳори назар намуда, қайд кард, ки ниёгони мо бо ин забони малакутӣ на танҳо осори таърихиву адабӣ офаридаанд, балки дар ташаккулва тавсеи улуми дақиқ низ саҳми босазои хешро гузоштаанд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни факултети физика бо суханони дилпазир ва ашъори рангин дар васфи забони ноби тоҷикӣ, суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолибу омӯзанда доир ба ҳифзати забони тоҷикӣхотири ҳозиринро болида намуданд. Бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокдорон чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов