Забон бақои миллат ва рукни давлатдорӣ
«Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.
Забони модарӣ эҳёгарӣ ҳастии миллат мебошад. Танҳо ба воситаи забон фарҳанг, тамаддун ва ҷомеа рушд меёбад. Забони миллат таҷассумгари ҳастии миллат мебошад. Ҳар як шахс таърихи худро ба воситаи забон меомӯзад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ба ҳисоб меравад ва мардуми тоҷик аз даврони қадим зебосухан, бо лаҳни ширин суҳбат оростанро яке аз ҳикматҳои инсонгарӣ медонистанд.
Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои миллии таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро меомӯзад ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷ мегузорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. «мардуми мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати тамаддунсози Тоҷикистон ҳуввияти худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.
Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол бо чорабиниҳои илмию оммавӣ таҷлил менамоем. Воқеан, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Бо назардошти ин 22-юми июли соли 1996 мо дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби “Қоидаҳои имлои забони тоҷики”-ро яке аз масъалаҳои хеле муҳим арзёби намуда будем. Таъкиди ин масъала бар пояи мантиқӣ устувор гардида, зарурати таҳияи “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ” пеш омада буд. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди мо ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998 ”Имлои забони тоҷикӣ “ дар таҳрири нав қабул гардид.
Забон муњимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд. Таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳуввияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва сунатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд. Мо, вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адбиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.
Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забони давлатиамон ин арзишмандтарин неъмате аст, ки моро ва таърихамонро аз насл ба насл интиқол медиҳад. То чӣ андоза мо забони худро эҳтиром намоем то ҳамин андоза ба давлату халқу миллати худ эҳтиром гузошта ҳисобида хоҳад шуд. Забони тоҷикӣ дар тӯли ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст. Зеро барои пойдор намудани забони давлати соњибистиқлолу соҳибихтиёр моро қарор аст, ки баҳри мустаҳкам намудани забон худ ҳуввияти миллии мардумонамон дарки амиқи ватандӯстӣ дар кишварамонро пойдор намоем. Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳониро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд, мебошад. Мо тоҷикон низ, барҳак бояд аз чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз, забони биҳиштиро насиб гардонидааст. Барои он ки забон рукни муҳими давлатдорӣ ва тафаккуру ҳуввияти миллии мо ба шумор меравад.