World Wide Web – тори анкабути умумиҷаҳонӣ
Related Articles
WorldWideWeb – тори анкабути умумиҷаҳонӣ
Мақсад: Маълумот додан дар бораи WWW
Нақша:
- Тори анкабути умумиҷаҳонӣ
- Иқтибосҳо дар ҳуҷҷатҳои WWW
- Мафҳумҳое, ки дар WWW истифода мешаванд
WWW (World Wide Web – тори анкабути умумиҷаҳонӣ) аз рӯи принсипи мизоҷ – сервер, аниқтараш мизоҷ-серверҳо амал мекунад. Серверҳои гуногун вуҷуд дорад, ки бо дархости мизоҷ ба ӯ ҳуҷҷати гиперматниро бармегардонад, ки аз қисмҳои алоҳида дар шаклҳои гуногуни иттилоот (матн, овоз, нақша, объектҳои сеченак) иборат аст ва ҳар як қисм ҳамчун иқтибос ба ҳуҷҷати дигар ё қисми он буда метавонад. Иқтибосҳо дар ҳуҷҷатҳои WWW чунин ташкил шудаанд, ки ҳар як манбаъи иттилоотӣ дар шабакаи ҷаҳонии Internet албатта суроғадор карда мешавад, ва ҳуҷҷате, ки онро шумо айни ҳол мехонед, метавонад ба ҳуҷҷатҳои дигари ҳамон сервер ва ҳуҷҷатҳои (умуман манбаъҳои Internet) дар компютерҳои дигари Internet вуҷуддошта иқтибос диҳад. Ин ҳолат аз назари истифодакунанда дур мемонад ва ӯ бо фазои иттилоотии Internet чун фазои ягона кор мекунад.
Якчанд мафҳумҳое, ки дар WWW истифода мешаванд дар зер оварда мешаванд.
– HTML (hypertext markup language), забони қайди гиперматн. Ин шакли ҳуҷҷатҳои гиперматн, ки барои додани иттилоот дар WWW истифода мешавад. Ин шакл на балки намуди ҳуҷҷат, балки сохтор ва алоқамандии онро шарҳ медиҳад. Намуди зоҳирии ҳуҷҷат дар экрани истифодабаранда аз рӯи барномаи намоишдиҳӣ (browser) муайян мегардад. Номи файлҳо дар шакли HTML одатан бо html анҷом меёбад (агар изофагии htm дошта бошад ва сервер аз рӯи барномаи MS-DOS ё Windows кор кунад).
– HTTP (hypertext transfer protocol – протоколи интиқоли гиперматн). Ин номи протоколе, ки бо истифодаи он мизоҷ ва сервери WWW алоқа мекунанд.
– URL (universal resource locator – дастури универсалии манбаъ). Иқтибосҳо ба манбаъҳои иттилоотии Internet ҳамин хел номида мешаванд. Охо шаклҳои зеринро дороанд: