Витаминҳо
Аҳамияти витаминҳо. Витаминҳо — моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои фаъолияти ҳаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад. Ниҳоят кам будани онҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад. Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Витаминҳо ба организм тавассути озуқае, ки аз растаниҳо ва ҳайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А, В, С, D ва ғайра ишора мекунанд (расми 77).
Витамини С дар таркиби настаран, қарақот, карам, помидор, лиму, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксар меваҳо дар қисми сабзи растаниҳо, хусусан дар навдаҳо вуҷуд дорад. Агар организм муддати дароз витамини С-ро нагирад, бемории синга, ки ба сайёҳон ва баҳрнавардон кайҳо боз маълум аст, хурӯҷ мекунад (расми 78). Ҳангоми чунин беморӣ пилки дандон хуншор, пардаҳои луобии даҳон захмдор гардида, дандонҳо ҷунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни ҳол устухонҳо зудшикан гардида, буғумҳо дард мекунанд. Одам камхун мешавад ва муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хӯрок дар як шабонарӯз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.
Расми 77. Миқдори витаминҳо дар хурокҳои гуногун
Витамини А асосан дар ғизое, ки аз ҳайвонот гирифта мешавад (дар равғани моҳӣ, равғани зард (маска), шир, зардии тухм, ҷигар, гурда, тухми моҳӣ) мавҷуд аст. Моддаҳое, ки дар организм ба витамини А табдил меёбанд, дар ғизое, ки аз растанӣ гирифта мешавад (сабзӣ, испаноқ, зардолу, қаламфури сурх, помидор) мавҷуданд. Витамини А ба сабзиши организм таъсир мекунад. Ҳангоми дар хӯрок нарасидани он кӯдакон хуб инкишоф намеёбанд, дандону мӯяшон ташаккул намеёбад, шуш ва рӯдаҳояшон зарар мебинад. Мумкин аст одам ба бемории шабкӯрӣ гирифтор шавад. Ҳамин, ки торикӣ фаро расид қувваи босираи чунин бемор заиф мегардад. Одам бояд дар як шабонарӯз тахминан 1 мг витамини А истеъмол кунад.
Расми 78. Касалии синга
Ба гурӯҳи витамини В якчанд витаминҳо масалан: В1, В2, В6, В12 дохил мешаванд. Витамини В1 ба ҷараёни мубодилаи карбогидрат таъсир мерасонад. Вай барои фаъолияти мӯътадили ҳамон узве зарур мебошад, ки дар он мубодилаи карбогидрат бошиддаттар аст, масалан системаи асаб, дил, мушакҳо. Витамини В1 дар донаҳои тозанакардаи растаниҳои хӯшадор, тухми лӯбиёгиҳо ва зардии тухм мавҷуд аст. Миқдори ками он инчунин дар таркиби испаноқ, карам, пиёз, сабзӣ ва себ вуҷуд дорад. Ба организм дар як шабонарӯз 2-3 мг витамини В1 зарур аст.
Агар дар хӯрок витамини В набошад, бемории вазнини берибери cap мезанад. Пештар ин беморӣ дар баъзе ҷазираҳои уқёнуси Ором паҳн шуда буд, чунки хӯроки асосии мардуми он ҷо биринҷи муқашшарӣ (тозакардашуда) витамини В надошта буд. Фаъолияти системаи асаби одамони гирифтори чунин беморӣ тағйир меёбад: мушакҳои дасту пояшон кашида мешавад, фалаҷ ба амал меояд, ки аксар ба марг анҷом меёбад.
Витамини В2 дар ғалладона, ҷигар, гӯшт, шир, тухм мавҷуд аст. Агар калонсолон витамини В2-ро кам истеъмол кунанд, чашмонашон хира шуда, пардаи луобии ковокии даҳонашон зарар мебинад.
Витамини D дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Агар дар хӯрок витамини D набошад, кӯдакон дучори бемории чиллаашӯр (рахит) мегарданд. Дар ҳолати ба ин дард гирифтор шудан миқдори намакҳо дар устухон кам мешавад, инкишофи кӯдак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кӯдакони бемории чиллаашӯр (рахит) каҷ шуда, cap ва шикамашон калон мешавад ва қафаси синаашон тагйир меёбад. Чунин кӯдакон ба бемориҳои гуногун зуд гирифтор мешаванд.
Бо таъсири офтоб дар пӯсти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин пӯсти кудакони хурдсол ба таъсири мӯътадили нури офтоб эҳтиёҷ дорад.
Витаминҳо барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ заруранд, вале миқдори барзиёди онҳо мумкин аст боиси вайроншавии ҷиддии организм гардад. Бинобар ин витаминҳои сунъиро аз ҳад зиёд истифода кардан мумкин нест.
Витамини Е ба витаминҳои дар равған ҳалшаванда дохил шуда, дар раванди афзоиши бадан иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби афшураҳои гуногун, майсаи гандум, равғани наботот ва дар бофтаҳои ҳайвонот дидан мумкин аст. Норасоии ин витамин ба афзоиш наёфтани ҳуҷайраҳои ҷинси занона ва мардона сабаб мешавад. Инчунин мушакҳои кундаланграхи скелет осеб мебинанд.
Витамини К ба витаминҳои дар обҳалшаванда дохил шуда дар ҷараёни лахташавии хун иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби маҳсулотҳои ғизоӣ дидан мумкин аст дар рӯдаи гафси одам ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин лахташавии хунро суст мекунад, ки одам ҳангоми хунравии зиёд аз ҷойн осеб дидаи организм фавтиданаш мумкин аст.
Витамини Н ба витаминҳои дар об ҳалшаванда дохил шуда барои дохилшавии дуоксиди карбон дар организм ва кислотаҳои гуногуни органикӣ хизмат мекунад. Витамини Н дар организм, дар системаи рӯдаҳо аз ҳисоби бактерияҳо ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин ба осеб дидан пӯст, баста шудани иштиҳо ва хоболудӣ меорад.
Витамини РР (кислотаи никотин) дар об ҳалшаванда, мубодилаи карбогидратҳоро фаъол мекунад, дар нафаскашии ҳуҷайраҳо фаъолона иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби гӯшти ҳайвонот, моҳӣ дидан мумкин аст. Нарасидани ин витамин ба вайроншавии ҷараёни оксидубарқароршавии организмро ба вуҷуд меорад.
Нигоҳ доштани витаминҳо дар хӯрок. Дар таркиби хӯроки мо витаминҳо бояд ба миқдори кофӣ мавҷуд бошанд. Нигоҳ доштани витаминҳо дар таркиби хӯрок ба тарзи таомпазӣ, шароит ва муддати нигоҳдории маҳсулот вобаста аст. Витаминҳои гурӯҳи А, В1 ва В2 аз ҳама ноустуворанд. Муқаррар кардаанд, ки витамини
А дар хӯрокпазӣ зуд вайрон мешавад. Сабзии пухта нисбат ба хомаш ду баробар кам витамини А дорад. Ҳангоми хушккунӣ ҳам витамини А вайрон мешавад.
Ҳарорати баланд миқдори витаминҳои гурӯҳи В-ро кам мекунад. Чунончӣ, гӯшт баъди пухтан аз 15 то 60%, маҳсулоти аз растанӣ гирифта шуда қариб панҷяки витаминҳои гурӯҳи В-ро талаф медиҳанд.
Витамини С аз таъсири ҳарорати баланд ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешавад. Аз ин рӯ сабзавотро пеш аз пухтан тоза кардан ва реза кардан лозим аст. Сабзавотро ба оби ҷӯш андохта, сарпӯши дегро пӯшида пухтан беҳтар аст. Ба оҳан расидан ҳам витамини С-ро вайрон мекунад. Аз ҳамин сабаб таомҳои сабзавотдорро дар зарфи сирдор пухтан фоиданоктар аст. Ҳар як одам бояд ҳар рӯз тавассути хӯрок ҳама витаминҳои заруриро гирад. Зимистон себ, сабзии хом, карам, равғани зард, тухм манбаи витаминҳо шуда метавонанд. Ғайр аз ин мувофиқи фармоиши духтур ба хӯрок доруҳои витаминиро илова мекунанд.
Саволҳо:
- Витаминҳо барои организм чӣ аҳамият доранд?
- Ҳангоми нарасидани витаминҳои А, В, С, D одам ба кадом бемориҳо гирифтор мешавад?
- Витамини С дар кадом маҳсулот вуҷуд дорад?
- Оё зиёд истеъмол кардани доруҳои витаминдор фоиданоканд?
- Витаминҳоро дар хӯрок чӣ хел нигоҳ доштан мумкин аст?