• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Вазъияти сиёси-адабӣ, илм ва мадани дар асрҳои IX-X / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Вазъияти сиёси-адабӣ, илм ва мадани дар асрҳои IX-X / Иншо

2 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Вазъияти сиёси-адабӣ, илм ва мадани дар асрҳои IX-X

Нақша:

  1. Вазъияти сиёсӣ
  2. Вазъияти илмӣ ва маданӣ
  3. Равнақи илми мусиқи

 

Аз асрҳои IX cap карда адабиёти тоҷик ба забоне сару кор гирифтааст, ки имрӯз ҳам мардуми мо бо он забон гуфтугӯ менамояд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки забони шоирон ва адибони адабиёти классикӣ аз забони ҳозираи адабии тоҷик фарқи куллие надорад. Асоси адабиёти тоҷик маҳз дар ҳамин давраҳо гузошта шуд. Жанрҳои асосии адабиёти мо дар насру назм ба чаҳорчӯби муайян дароварда шудаанд. Ҳамаи ин пайвандҳо адабиёти асрҳои IX-X-ро бо тамоми давраи адабиёти минбаъдаи мо пайваст намуд.

Адабиёти асрҳои IX-X бо мӯҳтавои мазмунҳои иқтисодӣ, сиёсй, ҷамъиятй ва илмй дар таърихи халқи тоҷик мақоми махсус дорад. Тавре аз таърих медонем, арабҳо солҳои 636-637 Эронро забт карданд ва соли 651 Марв, соли 709 Бухоро ва соли 712 Самарқандро истило карданд. Халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр муборизаро бар зидди арабҳо давом дода, ба ташкил ёфтани давлатҳои мустақили мутамаркази феодалии халқи тоҷик асос гузоштанд. Хусусан, дар замони Сомониён, ки пойтахти он Бухоро буд, бисёр урфу одатҳо ва дигар муқаддасоти гузаштагонамон аз нав зинда карда шуд.

Дар истиқлол ва мустаҳкам гардидани_ давлати Сомониён саҳми Исмоили Сомонй хеле назаррас аст. У марди оқилу доно буд.

Бо ташкил ёфтани давлати мустақили мутамарказ дар асри X боис шуд, ки илму маданият низ рушду нумӯъ ёбад. Дар шаҳрҳои калони Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм санъатҳои гуногуни меъморӣ ва мусиқӣ рӯ ба тараққй ниҳоданд. Дар Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳо марказҳои илмию маданй, мактабҳо, мадрасаҳо, китобхонаву корвонсаройҳо сохта шудаанд. Ёдгориҳои он замон, хусусан, оромгоҳи Исмоили Сомонй дар Бухоро бо ороиш ва шукӯҳи худ ҳамаро мафтун мегардонад. Мадрасаҳои бисёре сохта шудаанд, ки барои рушду тараққиёти илму маданият мусоидат менамуданд. Аксари толибилмон таҳсилоти худро дар мадрасаҳо идома медоданд. Инкишофи илму адабиёт, маориф ба таъсиси бисёр китобхонаҳо сабаб шуд. Дар Бухоро, Самарканд, Балх, Нишопур ва Рай китобхонаҳои бузург ба кор оғоз намуданд. Бузургтарини онҳо китобхонаи Сомониён буд, ки аз он Абӯалй ибни Сино истифода кардааст.

Ривоҷу равнақи илму фарҳанг дар ин давра ба дараҷае буд, ки на танҳо дар мадрасаҳо, балки дар дӯконҳо, саройҳо низ баҳсҳои илмй барпо мешуданд. Растаҳои китобфурӯшӣ ба миён омаданд, ки мардум китобҳои даркории хешро аз он ҷо дастрас мекарданд.

Дар асрҳои IX-X дар соҳаи илми мусиқй низ дастовардҳои муҳиме ба даст оварда шуданд. Мутрибону созандагону навозандагон ба ширинкориву сурудани маҳзакаҳои мардумй оғоз менамуданд. Дар ҳамин давра пояҳои мустаҳками «Дувоздаҳмақом» гузошта шуд. Дар дарбори Сомониён дастаҳои мусиқй расман ҳунарнамоӣ мекарданд. Аз асри IX cap карда забони тоҷикӣ ташаккул меёфт. Дар асрҳои IX-X пояи адабиёти оламшумули тоҷику форс бо ҳамин забон гузошта шуд, ки устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Балъамй, Фирдавсй, Берунй ва бисер бузургони дигар онро боз ҳам суфтаю пухта намуда аз он ҳимоят карда ва дар инкишофи минбаъдаи он нақши бузурге гузоштаанд.

 

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат