• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Вазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асри XIII-ХIV / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Вазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асри XIII-ХIV / Иншо

5 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Вазъияти маданӣ, илмӣ ва адабӣ дар асри XIII-ХIV

Нақша:

  1. Вазъияти маданӣ
  2. Вазъияти илмӣ-адабӣ

Хулоса

Бо сабабҳои ҳамлаи муғул ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Хуросону Мовароуннаҳр ҳаёти маданиву адабиву илмии ин сарзаминҳо рӯ ба харобй ниҳода буд. Ин вазъияти ноором то нимаи дуввуми асри XIV тӯл кашид. Муғулҳо дар ҳамаи муҳорибаҳо дастболо мешуданд. Ҳангоми ҳамлаи муғулҳо калонтарин давлати қаламрави адабиёти тоҷик-давлати Хоразмшоҳиён, ки қаблан ба Салчуқиён тобеъ буд, Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Афғонистону Ироқро дар зери итоати худ нигоҳ медошт.

Дар тамоми лаҳзае ки чингизиён саргарми ғорату куштор буданд, мардуми заҳматкаш, бо вуҷуди ҳамаи ин ранҷуриҳо фурсате ёфта, хоҷагиҳои вайронгаштаи худро обод мекарданд.

Санъати меъморӣ дар асри XIII дар шаҳри Хоразм бо хусусиятҳои хоси худ пеш мерафт. Дар Бухоро низ мактабу мадрасаҳои зиёде сохта шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки махсусан дар замони Темур дар шаҳрҳои Самарканд ва Шаҳрисабз санъати меъморй авҷ гирифт. Темур барои ҷалолу хдшамати худ кӯшкҳову қасрҳо бино мекард. Вобаста ба санъати меъморй ҳунарҳои наққошй, чӯбкорӣ, кандакорй ва сакгтарошй ривоҷу равнақ меёфт. Намунаҳои хубу олии санъати меъмории асрҳои XIII-XIV «Шоҳи зинда». «Гӯри Мир» дар шаҳри бостонии Самарканд ва мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро дар шаҳри Панҷакент, Кӯксарой дар Шахрисабз мебошанд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хеш дили бинандаро тасхир менамоянд. Дар ин давра кулолгарй ҳам хеле инкишоф ёфта буд. Санъати мусиқй низ дар қатори дигар санъатхои маъмӯлй дар инкишоф буд.

Бо сабабҳои аз байн рафтани марказҳои илмй, мадрасаҳо, китобхонаҳо илму маърифат рӯ ба нести оварда буд, вале бо сабаби нуфузу таъсири рӯҳониён дар ин давра бештар илмҳои шаръй, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми калом ривоҷу равнақ дошт. Дар ин аср илми таърих ва таърихнависй хеле пеш рафт. Олимону донишмандони ин давр ба омӯхтани илмҳои риёзй, нуҷум, тиб, фалсафа, мантиқ ва илми ахлоқ ба тадқиқу таълифи асарҳои бузург машғул буданд. Насириддини Тӯсӣ, Ибни Нафиси Қаршигӣ, Маҳмуд ибни Умари Хуҷандй, Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ ва дигар олимону донишмандон дар чандин илм моҳиру машҳур буданд. Дар шаҳри Марога бо роҳбарии Насириддини Тӯсӣ расадхонае бунёд ёфт, ки наздаш мадрасаи бузург ва китобхонае дар хизмати мардуми шаҳр қарор дода шудаанд.

Вазъкяти адабй низ дар ин давр т&шаккул ёфта, намунаҳои хуби адабиёти бадей ба вуҷуд омаданд. Як силлсила асарҳои I iyрарзиш дар ҳамин давра ба миён омаданд.

Асаре бо номи «Тарҷумонулбалоға», ки дар бораи санъатҳои бадей, забон ва ҷиҳатҳои зебоии шеър баҳс менамояд, аз тарафи 1>одуёнй таълиф карда шуд. Дар асар роҷеъ ба ташбеҳ, тазод, ганосуби сухан, истиора, таҷнис баҳс карда мешавад.

Тазкираи «Лубобулалбоб» аз тарафи Муҳаммад Авфии Бухорой ели 1222 таълиф гардид, ки он оид ба пайдоиш ва 1 аърихи адабиёти беш аз д)’садсолаи тоҷик, яъне аз замони Рӯдакй го муал.яиф маълумот медихднд.

Шамсидцин Муҳаммади Қайси Розй асаре бо коми «Алмӯъҷам»-ро таълиф намуд. Асари мазкур дар бораи вазифаи шеър, намудҳои қофия, санъатҳои бадей ва жанрҳои шеър маълумот медиҳад, ки бисер ҷолиб аст.

Дар ин давра навъи аз ҳама маъмули назм ғазал буд. Саъдй онро ба пояи баланд расонд. Амир Хусрав дар эҷоди асарҳои нанҷгона ва газалиёт, Носири Бухорой, Ҳофиз ва Камол, асосан, га зал месуруданд. Маснавии «Бӯстон»-и Саъдй ва «Маснавии маънавй»-и Ҷалолуддини Балхй маҳз дар ҳамин давра ба миён омаданд. Аввалин «Хамса»-ҳо дар пайравии «Хамса»-и Низомй суруда шудаанд, Хулоса, вазъияти адабии ин давра рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мегардид. Дар асрҳои минбаъда шоирону адибон ба беҳтарин асарҳои асрҳои XIII-XIV пайравй менамуданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат