• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Вазъияти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои XI-XII / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Вазъияти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои XI-XII / Иншо

14 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Вазъияти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои XI-XII

 Накша:

Муқаддима

  1. Вазъияти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои XI-XII
  2. Доираҳои адабии асрҳои XI- XII ва маъруфтарин шоирони ин давра
  3. Наср дар ин давра ва мавзӯъқои асосии он

Қайд кардан лозим аст ки ҳанӯз дар охири асри X Мовароуннаҳр ва Хуросон ба майдони ҷанг ва қатлу ғорат табдил ёфта буданд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани муборизаҳои дохилй ва пуриқтидор гардидани қабилаҳои кӯчманчии турк давлати Сомониён аз байн рафт.

Баъдан як марказе ба миёи омад. ки касони бесавод, бемаърифат худро олим тарошида, бо ришваю пора ба мансабҳои бузурги динӣ мерасиданд.

Дар мадрасаҳо танҳо улуми динӣ таълим дода мешуданд ва омӯхтани илмҳои фалсафа, ҳандаса ва ситорашиносй манъ карда шуд. Илмҳои дақиқ ва дунявй ба ҳар роҳ таъқиб ва таълими онҳо пешгирй карда шуда, ба таълимоти олимони донишманд Форобӣ ва Абӯалй ибни Сино монеаҳо ворид карда мешуданд. Омӯзиши илми ситорашиносй аз ҷониби ходимони дин ва рӯҳониёни давлатй сахт махдуд карда шуданд. Дар асрҳои XI-XII илми таърих ба бисёр дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Бухорову Самарканд, Тирмиз, Урганҷ, Марв, Ҳирот, Нишопур ва Исфаҳон, ки дар он ҷойҳо адабиёти тоҷику форс равнақу ривоҷ дошт, санъати меъморй хеле тараққй кард. Сохтмони кохҳо, қасрҳо, масҷиду мадрасаҳо, оромгоҳҳо корвонсаройҳо ва манораҳо хуб ба роҳ монда шуд. Ҳунарҳои бофандагй, кулолй, маъдангудозй ва сангтарошиву кандакорй дар авҷ будаанд.

Доираи адабии шаҳри Бухоро бо аз байн рафтани давлати Сомониён пароканда шуд. О лимону донишмандон ва шоирону адибон низ ба ҳар ҷониб рӯ ба гурез оварданд. Шаҳри Бухоро дар натиҷаи истилою горати кӯчманчиён валангор шуда буд. Дар марказҳои давлатдории Ғазнавиён баъдан, чандин доираҳои адабӣ ташкил шуданд.

Дар давраҳои салтанати Ғазнавиён ва Салчуқиён доираи адабиёти форсу тоҷик васеътар шуд ва то ба Ҳиндустон расид. Доираҳои адабии пурқувват дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Ғазнин, Марв, Самарканд, Исфаҳон, Нишопур, Табрез ва Ганҷа ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аксарияти ин доираҳои адабй дарборй ҳисоб мешудаанд. Намояндагони бузургу барҷастаи адабиёти асрҳои Х1-ХП Унсурй, Фаррухй, Манучеҳрии Домгонй, Носири Хисрав, Масъуди Саъди Салмон, Умари Хайём, Муиззй ва Низомии Ганҷавй буданд. Шоирони mi давр ба анъана ва мазмуни ашъори Рӯдакию Дақиқию Фирдавсй пайравӣ мекар- даанд. Шаклҳои асосии назми асрҳои XI-XII аз маснавй, қасида, ғазал, рубой иборат буданд. Хусусияти аввалини адабиёти асрҳои XI-XII он буд, ки нуфузи адабиёти дарборй дар ҳаёти адабиву илмй хеле зиёд шуд. Хусусан қасидасарой дар ин давра хеле инкишоф ёфт, ки мундариҷаи асосии он мадеҳасарой буд.

Дар ин давра насри бадей низ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои насрии ин давра берун аз дарбор эҷод шудаанд. Забони асарҳои насрии асри XI-XII содаву равон буда, аз забони насри асри X кам фарқ мекард. Дар ин асарҳо мақсаду маром ба тарзи оддй, фаҳмо ва барҷаста ифода гардидааст. Ҳамаи ин асарҳо бо забони асили тоҷикй офарида мешудаанд. Яке аз намунаҳои хуби ин гуна асарҳо «Қобуснома» мебошад. Баъдан, насри асрҳои XI-XII бо назм омехта гардид ва порчаҳои шеърй низ дар онҳо иқтибос мешуданд. Майли шоирону адибон ба офаридани асарҳои пандуахлоқӣ, таърихи ва илмӣ зиёд мегардид. Намунаҳои барҷастаи насри ин давра: «Сафарнома», «Қобуснома», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», Самаки Айёр» мебошанд.

Тарғибу адлу инсоф, донишу хирад, даъват ба кори хайр, некиву накӯкорй дар адабиёти насрии асри XI-XII бештар дида мешавад. Дар баробари рушду инкишофи ғояҳои мардумй дар адабиёти асрҳои XI-XII таназзули назми дарбор низ ба назар мерасад.

Бо вуҷуди нобасомониҳои зиёди сиёсй, адабиёт дар асрҳои XI-XII аз рушду равнақ бознамонд. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср осори безавол аз ин давраҳо ба мо мерос мондаанд, ки манбае барои инкишофи адабиёти классики ин осор хидмати бузург кардаанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат