Вазифаи пардохтани андоз ва боҷҳои муқараркардаи қонун
1.ҲУҶҶАТҲО ОИД БА АНДОЗ ВА БОҶ. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (03.12.2004), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Пардохти саривақтии андозҳо қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.
Моддаи 45-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Андоз пардохти муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.
Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд: 1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ); 2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ; 3) андоз аз арзиши иловашуда; 4) аксизҳо; 5) андози иҷтимоӣ; 6) андози замин; 7) андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин; 8) андоз аз истифодабарандагони рохҳои автомобилгард; 9) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад; 10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ; 11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ; 12) боҷи давлатӣ; 13) андоз аз фурӯш (нахи пахга ва аллюминийи аввалия); 14) андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо; 15) андоз ба маҳсулоти коркарди молҳо; 16) дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд: 1) андоз аз амволи ғайриманқул; 2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт; 3) андоз аз фурӯши чакана; 4) дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Ҷамъоварии андозе, ки дар қисми махсуси ҳамин кодекс знкр шудааст, баистиснои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад. Ҷамъоварии андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Санадҳои қонунгузории андоз дар ҳолатҳои мутобиқат ба муқаррароти моддаи 45-и Конститутсияи (Сарқонуин) Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қувваи бозгашт дошта бошанд.
Моддаи 2- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.ПАРДОХТИ АНДОЗ ВАЗИФАИ ҲАР КАС АСТ. Мутобиқи моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда ӯхдадор аст: 1) сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад; 2) ҳамаи ӯҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд; 3)талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад; 4)дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад; 5) ба мақомоти далхдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд; 6) ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, корҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратй ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд; 7) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад; 8) дар муддати на камтар аз соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳоси- ботӣ, дигар баҳисобгирӣ ва ҳучҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвимӣ зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохташударо (нигоҳ- дошташударо) нигоҳ дорад.
Андозсупоранда дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро иҷро менамояд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ғайр аз ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1-и моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгириашон маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: 1) оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд-дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таъсис, азнавташкилшавӣ ё барҳамхӯрӣ; 2) оид ба эълон намудани муфлисшавӣ, барҳамхӯрӣ ё азнавташкилшавӣ-дар муҳлаги на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули чунин қарор. 3) оид ба тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавӣ ё зист — дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи чунин тағйирот.
Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда андозсупоранда мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Яктарафа даст кашидан аз иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ё яктарафа тағйир додани тартиби иҷрои он аз ҷониби андозсупорандагон ё дигар шахси ӯҳдадор, агар он дар қонунгузории андоз пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода намешавад.
Қисми 3-и моддаи 79-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз боҷҳои гуногуннавъ пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Пардохтҳои гумрукӣ тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
Қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (03.12.2004), дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки қабул гардиданашон дар ин кодекс нишон дода шудааст ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эъгирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Мутобиқи моддаи 350-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии ‘Гоҷикистон:
1.Шахси масъули пардохти боҷҳои гумрукй ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ӯ мувофиқи қисми 2-и моддаи 144-и ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.
2.Ҳангоми риоя нашудани муқаррароти ҳамин Кодекс дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё кисман аз супурдани боҷҳои гумрукй ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукй гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.
3.Ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.
4.Ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои накдиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ӯхдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунӣ иштирок мекунад, агар онҳо аз чунин интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъулаид, ки молу воеитаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте, ки хантоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд ё худ бояд огох мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу восигаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷхои гумрукй ва андоз чунин масъулиятро ба зимма доранд.
3.ТАДБИРҲОИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ОИД БА ДОДАИИ ТОВОНИ ЗАРАР. Мақомоти гумрукӣ бо мақсади таллофӣ кардани зарар тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд: барои кабули қарори ғайриқонунӣ, ҳаракат ё беҳаракатй шахсони мансабдори мақомоти гумрукй мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомй, маъмурӣ, ҷиноятӣ ё дигар навъҳои ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақомоти гумрукй ба ашхос ё амвол барои қабули қарори ғайриқонунӣ, ҳаракат ё беҳаракатии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ ё шахсони дигар, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар овардаанд, тавони зарарро медиҳанд, агар тадбири дигаре бо Кодекси мазкур ё диғар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошанд. Зарари бо амалҳои қонунии мақомоти гумрукй расонидашуда таллофӣ карда намешавад.
Кори гумрук маҷмӯи методҳо ва воситаҳон таъмини риояи батанзимдарории гумрукӣ — тарафи, манъкунӣ ва маҳдудиятҳое мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои батанзимдарории давлатии фаъолиятии берунии иқтисодии вобаста ба ҷойивазкунии молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ муқарар карда шудааст.
Аз Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Умуман, пардохти андозҳо ва боҷҳо вазифаи конститусионии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моловаранда ва молбаранда мебошад, ки барои онҳо риояи кодекс ва қонунҳо ҳатмӣ ба шумор меравад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: андоз, боҷ, гумрук, товон, декларант.
Савол ва супоришҳо:
1.Пардохти андозҳо ва боцҳо барои чӣ зарур аст ?
2.Андоз чист?
3.Фаъолияти гумрукӣ чист?
4.Маънии моддаи 350-и Кодекси гумрукро фаҳмонда диҳед.