Вазифаи ҳифзи табиат ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ
1.ВАЗИФАИ ҲИФЗИ ТАБИАТ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва карзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.
Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи табиати табиӣ ва он қисматҳои онро, ки ба сабаби фаъолияти одам дигаргун гаштааст, фаро мегирад.
Ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳангоми ташаккул додаии комплексҳои ҳудудиву истеҳсолӣ, рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ, бунёду азнавсозии шаҳрҳо, дигар мавзеъҳои аҳолинишин вазифадоранд, ки меъёрҳои то ҳадди охир раво донисташудаи дараҷаи сарборй ба муҳити табиии зисти минтақаро бо дар назардошти имкониятҳои потенсиалии он, зарурати истифодаи оқилона ҳудудҳои табиӣ бо мақсади таъмини шароитҳои нисбатан мусоиди ҳаёти аҳолӣ, роҳ надодан ба вайроншавии системаҳои табиии экологӣ ва фарорасии тағйироти баркарорнашаванда дар муҳити табиии зист ба инобат гиранд.
Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода кунанд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.
Моддаи 42-и Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат».
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд табиатро эҳтиёт кунанд, сарватҳои онро ҳифз намоянд ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя кунанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии То- ҷикистон Ҳуқуқҳо ва вазифа- ҳои худро мутобиқи қонун- гузории амалкунанда дар ҳаёт татбиқ месозанд.
Асоси сабзшавии бештари му.ҳити зист ва инкишофи олами зиндаро об ташкил мекунад. Дар ин боб Пифагор (625-574 то милод) қайд кардааст, ки ҳамаи чизи зинда аз як ҷавҳар ба амал меояд ва ин ҷавҳар об аст. Бояд қайд кард, ки нуқтаи назари Пифагор бо зикри Куръон, ки баъди 900 сол иншо шудааст, мувофиқ аст. Дар ояти 30 сураи 21-и Қуръон омадааст, ки «Ва пайдо кардем аз об ҳама чизи зиндаро..».
Моҳи декабри соли 2003 СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул кард, ки Даҳсолаи (солҳои 2005-2015) амалиёти «Об барои ҳаёт» ном дорад. Бар асоси барномаҳо ва нақшаҳои амалиёти Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 ин амалиёт бо беҳдошти муҳити зист, экология ва санитарияи на танҳо Тоҷикистон, балки дигар минтақаҳо сабаб мешавад.
2.ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГӢ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон иборат аст.
Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ёдгориҳои манқул ва ғайриманқулро фаро мегиранд.
Ёдгориҳои ғайриманқул аз ёдгориҳои таърихӣ — биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳову обидаҳо, ёдгориҳои археологӣ, ғорҳо, қароргоҳхо, шаҳрҳо, хоктеппаҳо, боқимондаҳои мавзеи сукунати қадимӣ, истеҳкомҳо, системаҳои обпартоию объёрй, роҳу кӯпрукҳо, қалъаҳо ва қӯрғонҳои алоҳида; офаридаҳои якҷояи инсону табиат, ҳамчунин минтақаҳо, аз ҷумла ҷойҳои маскунияти қадимӣ мебошанд, ки аз нигоҳи таърих, бастоншиносӣ ва антропология арзишманданд ва аҳамияти калони илмиву амалӣ доранд.
Ёдгориҳои манқул аз объектҳои ягона-бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадимй, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеӣ (мусаввараҳо, графика, санъати амалӣ, кино ва суратнигорӣ) иборатанд, ки дар осорхонаҳо, фондҳо, китобхонаҳо, анборҳо, коллексияҳои гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ маҳфуз дошта мешаванд. Соҳибони объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бояд аз мақомоти салоҳиятдор шиносномаи намунаи муқаррарии объектҳои ҳифзи мерос бигиранд.
Давлатҳои тарафдори Конвенсияи мазкур истиқлолияти давлатҳоеро, ки дар ҳудудашон мероси фарҳангӣ ва табии дар моддаҳои 1 ва 2 муайянгардида ҷойгиранд, комилан эҳтиром намуда ва ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории миллиро нисбати мероси нишондодашуда маҳдуд насохта, эътироф менамоянд, ки вай мероси умумии аҳли башар аст ва барои ҳифзи он ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ вазифадор аст ҳамкорӣ намояд.
Моддаи 6-и Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ
3.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ТАБИАТ, ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИ ВА ФАРҲАНГӢ.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» (аз 27.12.1993), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Дар моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набоготу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Дар бораи вазифаи ҳар як шаҳрванд бобати ҳифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгорихои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат» вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат зикр гардидааст.
Вазифаҳои қонунгузории хифзи табиат ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва табиат бо максади нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии маскунияти одам, истифодаи оқнлона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, бартарафсозии таъсиррасонии аз нигоҳи экологӣ хавфноки фаъолияти хоҷагидорй ва фаъолиятхои дигар, бехдошт ва беҳбуди сифати муҳити зисти табиӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи нишондодшудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва фардоинаи одамон мебошад.
Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода намоянд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.
Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат”
Барои ташкили фаъолияти пурсамар ва мақсаднок оид ба таъмини сифати зарурии муҳити зист Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ғайр аз ин барномаҳои давлатии минтақавӣ ва маҳаллӣ таҳия гардидаанд, ки дар онҳо тадбирҳо оид ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои пурсамар барои бехдошти муҳити зисти зиндагии одамон бо дурнамои оянда муайян гардидаанд.
Яке аз мисолҳои барҷастаи он сохтмон ва мавриди истифода қарор додани силсиланеругоҳҳои обию барқии Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда 2 ва як катор НОБ-ҳои хурд дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрваидони ба саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, хоҷагии халқ ва табиат бо ифлос кардани мухити табии зист, вайрон кардан, нобуд сохтан ва хароб сохтан, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табии, вайрон сохтанн системаҳои табиии экологӣ ва дигар вайронкуниҳои қонунгузории ҳифзи табиат зараррасонда вазифадоранд, ки онро мутобиқи қаонунгузории амалкунанда таллофӣ намоянд.
Моддаи 79- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат.
Вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҳифзи табиат ва арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносй дар ин ҷода иборат аст.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳифзи муҳшпи зист, табиат, экология, сарватҳо, сарватҳои табиӣ, мероси таърихӣ-фарҳангӣ.
Савол ва супоришҳо
1.Шумо мафҳуми «муҳити зист»-ро чӣ гуна мефаҳмед?
2.Нақши об дар мавҷудоти олами зинда чӣ гуна аст?
3.Оё кӯдакон метавонанд дар кори ҳифзи муҳити зист саҳм гузоранд? Мисолҳо оред.
4.Фарқияти байни мафҳумҳои «мероси фарҳангӣ» ва «мероси табиӣ» аз чӣ иборат аст?